Нақши “Ворисони Сино” дар рушди солимии ҷомеа

Дар Паёми хеш Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши онҳо дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ишора намуданд. Роҳбари давлат асосан ба арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик диққати аввалиндараҷа дода, ба ҷавонон - ояндасозони Ватан махсусан таъкид намуданд, ки “Мо бояд кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро донем, ба онҳо арҷ гузорем ва ба насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.”

Пешвои миллат арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодиро яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонмардонаи насли замони истиқлолият шуморида, изҳор намуда буданд, ки «Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиётҳои нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шӯҳратёфтаашонро боз ҳам бештар шӯҳратманд гардонанд ва дар назди оламиён исбот созанд, ки онҳо ворисони аслии Исмоили Сомонӣ, Балъамию Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ мебошанд»

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат бахусус ғамхориҳои сарвари давлат нисбати ҷавонони кишвар лозим шуморидем, ки дар атрофи нақши “Ворисони Сино” дар рушди солимии ҷомеа чанд нуқтаро бо факту далелҳо ба маълумоти шумо расонем.

Тибби мардуми ориёитабор таърихи дуру дароз дорад. Решаи он ба умқи таърих рафта мерасад. Он ҳанӯз аз замони нахусттабиб - Зардушт оғоз шуда, муҳимтарин нозукиҳои илмии он дар китоби “Авасто” дарҷ гардидааст. Баъдтар дар замони ҳукуматдории Сосониён илми тиб дар нахустин мактаби тиббии мардуми форсу тоҷик “Гунди Шопур” равнақу ривоҷ ёфта буд. Замони давлатдории Сомониён давраи гулгулшукуфоии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар баробари дигар олимони соҳаҳои гуногун табибони бузург ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абумансури Камарӣ, Муҳаммад-ал-Ҷузҷонӣ, Абумансури Бухороӣ ва дигарон ба майдони илм баромаданд. Маҳз чунин олимони бузург аз ҳаёти пурбаракати хеш ба наслҳои оянда асарҳои илмиву адабӣ ба мерос мондаанд. Баъди садсолаҳо соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати миллати куҳанбунёди тоҷик, Тоҷикистони соҳибистиқлол, арзи ҳастӣ намуд. Ин руйдоди муҳими таърихию сиёсӣ имконият дод, ки Тоҷикистон мақомашро дар арсаи байналмилалӣ барқарор намояд ва барои шаҳрвандонаш шароити шоистаи кору фаъолиятро ба бор орад. Дар ин ҷо месазад, ки ба порчае аз Паёми Пешвои миллат рӯй орем, ки Ҷаноби Олӣ гуфта буданд: “Фарзандони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад.”

Пешвои миллат дар мулоқоти хеш бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” аз 1.09.2018 изҳор доштанд, ки “Ман борҳо таъкид намудам, ки вориси Абуалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад.”

Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои сарвари давлат МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” нақшачорабиниҳо таҳия намуда, барои насли ҷавон, яъне табибони оянда, тамоми шароитҳои муосири таълимиро фароҳам овардааст. Аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани Донишгоҳ имконият фароҳам овард, ки ҷавонони кишвар, бахусус донишҷӯёни соҳаи тандурустӣ, метавонанд дар кишварҳои хориҷӣ таҷрибаашонро сайқал дода, онро дар Ватани хеш дар амал табиқ намоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар 530 нафар донишҷӯён таҳсилкарда истодаанд, ки 85 нафари онҳо аз ҳисоби стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” мебошанд.

Бо дастгирии роҳбари давлат солҳои охир беморхонаву марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳову бунгоҳҳои тиббӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд, ки дар он дар баробари табибони ботаҷриба табибони ҷавони кишвар, яъне Ворисони Сино низ ба табобати беморон машғуланд. Табибони ҷавон суханони роҳбари давлат “Табиб бояд дасту дилу нияти пок дошта бошад”-ро сармашқи фаъолияти хеш қарор додаанд ва дар асоси он дар саломатии миллат, ки бевосита бойгарии давлат аст саҳмгузорӣ намуда истоданд. Чун анъана дар Донишгоҳ дар як соли таҳсил ду маротиба конфронси илмӣ-амалии олимони ҷавон доир мегардад, ки донишҷӯён назария ва амалияи кори касбии хешро ба риштаи тадқиқ мекашанд. Профессори Донишгоҳи Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Берикбай Култанов ҳангоми хондани лексия ба табибони ҷавони мо баҳои баланд дода, гуфта буданд: “Рӯирост мегӯям: донишҷӯёни тоҷик нисбат ишогирдони мо кунҷкоб ва ба фанҳои омӯзишӣ мутаваҷҷеҳанд. Ин ҷо бояд қайд намоям, ки одоби муошират ва ахлоқи баланди донишҷӯёни тоҷик маро ҳамчун профессори мушоҳидакор мафтун сохт”. Пӯшида нест, ки дар баробари чунин пешравиҳо дар самти соҳаи тандурустӣ камбудиҳои зиёде бо дасти ҷавонон сар мезананд. Баъзан шаҳрвандон аз пастбудани таҷрибаи баъзе ҷавонон дар самти тиб шикоят мекунанд, ки ин бевосита аз мо масъулияти иловагиро тақозо менамояд.

Имрӯз олимони ҷавон дар соҳаҳои гуногуни илми тиб рисолаҳои номзадиро бомувафаққият ҳимоя намуданд, ки барои боз ҳам пеш рафтани соҳаи тандурустӣ ва саломатии ҷомеа аз аҳамият холӣ нестанд. Дар қатори чунин олимони ҷавон метавон номи барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ Саидзода Бахромуддини Икромро ном бурд, ки аввалин бор дар мавзӯи “Саглес дар сокинони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон” рисолаи номзадиро дифоъ намуда буд ва дар ин самт 12 дастури методӣ, 3 монография ва 2 китоби дарсиро барои донишҷӯён таҳия намудааст. Олими дигари ҷавони тоҷик Абдуллоев Саидхоҷа нахустин маротиба дар бораи роҳҳои бартараф кардани бемориҳои давомноки гурда дар мамлакатро ба риштаи тадқиқ кашида, барои олимону табибони ҷавон асрори нави кашфиётро пешниҳод намуд. Ҷамшедов Ҷовид Шодихонович аввалин табиби ҷавони тоҷик ҷароҳии мустақилонаи видеоторакоскопиро барои табобати бемории буллези бомувафаққият анҷом дода, бо дипломи дараҷаи мастери риштаи саратоншиносӣ сарфароз гардонида шуд.

Роҳи илмро инчунин табиби ҷавон Меҳмонов Пиримкул барои худ интихоб кард. Вай дар мавзӯи «Таъсири садамаи Чернобил ба организми инсон ва бемориҳои радиатсионӣ» кори илмиро давом дода, рисолаи номзадиро ҳимоя намуд. Ин тадқиқоти олими ҷавон барои табобати ҳазорҳо нафар маъюбони садамаи Чернобил имконият дод, зеро то ин дам мавчудияти баъзе аз беморихои Чернобил ва алокамандии онхо бо садамаи радиатсионӣ аз тарафи баъзе олимон рад мешуданд. Дар баробари чунин олимони лайёқатманд Маҳмудов Хайём Рузибоевичро низ метавон ном бурд, ки дар тайёра бемореро, ки ба самти Москва равон буд, аз марг наҷот дод ва номи ин олими ҷавони тоҷик тариқи расонаҳои хабарӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардид.

Бояд қайд кард, ки табибони ҷавон дар баробари дигар ҷавонони кишвар дар ҳамаи самтҳо ва бахусус дар самти рушди саломатии ҷомеа корҳои назаррасеро анҷом додаанд. Ҷавонони кишварро зарураст, ки боварии комили Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти хеш пеша намоянд, ки Ҷаноби Олӣ дар паёмашон зикр дошта буданд, ки “Сатҳи маърифат, одобу ахлоқ ва саъю талоши насли имрӯза, яъне фарзандони замони истиқлолият, моро ба ояндаи неки онҳо эътимод мебахшад. Итминон дорам, ки насли ояндасози мо минбаъд низ ба омӯзиши илмҳои муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ эътибори бештар хоҳад дод”.

 Шуъбаи тарбия


10.09.2020     381
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php