НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI- УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Таърих ва тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар раванди таърихи бостонии халқи тоҷик бар сари ин миллат чи бадбахтиҳои зиёде наомада буд. Тоҷикон гарчанде заҳри бедавлатӣ ва азобу уқубатро дар тули таърих чашида бошанд ҳам, вале тавонистанд фарҳангу тамаддуни пурғановати худро аз зулму ғорати аҷнабиён аз забткориҳои Искандари Мақдунӣ, тохтутозҳои Қутайба ибни Муслим, харобкориҳои Маҳмуди Ғазнавӣ, фоҷеаҳои нотакрори Чингизхону Темури Ланг то ташвиқоту тарғиботи паҳнтуркизму паҳнисломизми аввалҳои асри ХХ - ум маҳфуз нигоҳ доранд. Вале пушида нест, ки дар баробари фарзандони ҷасуру шуҷои миллат ба монанди Шераку Спитамен, Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику Маҳмуди Торобӣ, Айниву Ғафуров, Шоҳтемур ва Нусратулло ва дигар абармардон, боз шахсиятҳое буданд, ки барояшон манфиатҳои шахсӣ ва мансабпарастӣ аз манфиатҳои миллию худогоҳӣ дар хатти аввал меистоданд.

Ҳанӯз муждаи истиқлолияти Тоҷикистон аз гӯшҳо нарафта, бо кӯшиши душманони миллат, курсихоҳони маҳалбоз, муллотарошони бехабар, думравони ғаразманди хориҷӣ аз ноӯҳдабароии роҳбарони сиёсии онвақта истифода бурда, онро ба гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Аз интихоботи президентӣ (моҳи ноябри соли 1991) то даъвати иҷлосияи XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи ноябри соли 1992), соли хавфноктарин ва мудҳиштарин ба ҳисоб мерафт. Оғози гирдиҳамоиҳои моҳи сентябри соли 1991, аз тарафи мухолифини давлат ғасб шудани телевизиони марказӣ, гирдиҳамоиҳои майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ” (апрел –майи соли 1992), бо зӯри силоҳ аз вазифа барканор накмудани Президент, ночор ҳукуматро ба истеъфо маҷбур кардан аз ба гирдоби фоҷеаи   мудҳиш кашидани мамлакат дарак медод.

24- ноябри соли 1991 дар ҷумҳурӣ интихоботи президентӣ гузаронида мешуд. Дар он номзадии 9 нафар Р.Набиев, Д. Худоназаров, И. Давлатов, С. Тураев, Қ. Аслонов, Х. Насриддинов, Н. Махсумов, Б. Шоев, Б. Салимов пешниҳод гардида буд ва Раҳмон Набиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Баъди он 12 – уми декабри соли 1991 Сафаралӣ Кенҷаев раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бесарусомониҳои он давраро, ки тамоми сохторҳои ҳукуматӣ фалаҷ гардида буданду беқонунӣ кишварро фаро гирифта буд, рақибони Раҳмон Набиев ҳокимияти сиёсиро ба даст гирифта буданд, ҳол он, ки ин афрод иттифоқчиёни пешинаи ӯ ба ҳисоб мерафтанд. Акнун вазъияте ба амал омада буд, ки соҳибмансабони нав ё “болоҳо” ҳукуматро идора карда наметавонистанд, халқ ё “поёниҳо” тамоман аз итоати онҳо баромада буданд. Вале даврае фаро расида буд, ки имрӯз ҳам ба ёд оварданаш кас меларзад. Тоҷикон гӯё ба ҳадди охирини мавҷудияти давлату давлатдории бо амри тақдир эҳё гаштаи худ расида, аз носипосиву ғаразхоҳии фарзандонаш боз аз нав ба қаъри гумномии таърихӣ ғӯта мезананд. Ҳамаро интизории имтиҳони нави таъриху тақдир фаро гирифта буд .

Силсилавоқеаҳои мудҳиш ба монанди ваҳшиёна кушта шудани ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, ҳуҷум ба идораҳои давлатю қудратӣ боз ҳам алангаи ҷангро тезонида хавфи ба ноҳияҳои дигар гузаштани онро торафт зиёдтар мекард.

Умуман кор то дараҷае расид, ки дар пойтахти мамлакат доир намудани Иҷлосияи 16- уми Шурои Олӣ ғайриимкон гардида буд, зеро дар он давра касе амнияти вакилонро кафолат дода наметавонист. Баъди истеъфои Президент иҷрокунандаи вазифаи ӯ, раиси Шурои олии онвақта Акбаршоҳ Искандаров таъин гардида буд. Вале дар замони ӯ низ вазъият муътадил нагардида буд. Инчунин собиқ раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Кенҷаев охири моҳи августи соли 1992 ба пойтахти мамлакат ҳуҷум намуда буд. Дар натиҷаи ин ҳуҷумҳо аз ду тараф талафоти зиёд ба вуҷуд омада буд. Ӯ талаб мекард, ки иҷлосияи Шурои Олӣ бояд дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

9- ноябри соли 1992 қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи XVI- уми ноябри ҳамон сол, дар шаҳри Хуҷанд даъват намудани иҷлосияи XVI- уми Шурои Олӣ (даъвати 12-ум) баромад. Мақсади асосии иҷлосия ноил гардидан ба мусолиҳаи миллӣ ва бунёди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. А.Искандаров аз он давра ёдоварӣ карда, қайд мекеунад, ки аксарияти намояндагон ҳатто барои рафтан ба иҷлосияи Хуҷанд худдорӣ ҳам мекарданд

         Комиссияи муросо ба рӯзномаи иҷлосия 23 масъаларо дохил кард. Аз ҷумлаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосия воридшуда: бозхонди раиси Шурои Олӣ А. Искандаров; баррасии аризаи Р. Набиев оиди истеъфо аз мақоми Президентӣ; аризаи аъзоёни раёсати Шурои Олӣ, Девони Вазирон, муроҷиат ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; авфи умум; интихоби раиси Шурои Олӣ; ташкили Шурои Вазирон ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд.

Дар ҷаласаи машваратии 17- уми ноябр баргузоргардида, Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов баромад карда аз ногувории вазҳъи озуқавии вилояти Кӯлоб изҳори ақида намуд. Ӯ доир ба масъалаи ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ чунин изҳор дошт: “Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба бор оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одам гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ, оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз бо ҳамин мақсади олӣ мо ба иҷлосия омадем . Суханронии ӯ кӯтоҳ бошад ҳам ба масъалагузориҳои мушаххас фарқ мекард. Ин суханронӣ тавонист таваҷҷӯҳи вакилонро ба худ ҷалб намояд. Рӯзи 19- уми ноябри соли 1992 Иҷлосия масъалаи интихоби Раиси нави Шурои Олиро ба миён гузошт. Ба ин вазифа аз ҷониби намояндаи халқ А. Мирзоев номзадии депутати халқ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин номзадии Изатулло Ҳаёев низ пешниҳод шуда буд, вале ӯ номзадиашро пас гирифта буд. Аз 197 вакил, ки дар иҷлосия ширкат доштанд, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз дода буданд. Ҳамин тариқ иҷлосияи тақдирсоз пойдевори истиқлолияти кишварро то андозае мустаҳкам намуд ва умед ба ояндаи ҳастии Тоҷикистон пайдо шуда буд. Албатта табиист, ки сараввал ба пешниҳоди номзадии ин марди нисбатан ҷавон ва тахмину фаҳмиши иддае “дар сиёсат бетаҷриба” – Эмомалӣ Раҳмон чун амри тасодуф ба назар расид. Ҳатто дар ин бора сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон навишта буд, ки маро ҳатто алоҳида аз аъзоёни ҳукумат низ дар ин бобат дар он давра барои тарсончакӣ ё хиёнат сахт маломат карда буданд, ки гӯё бо мухолифин забон як карда бошам.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда иҷлосияи таърихии XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузошт, истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро ҳифз намуд ва бо хатҳои заррин дар таърихи муосири тоҷикон нақш баст.Таърихи муосири тоҷикон шаҳодат медиҳад, ки танҳо дар асри гузашта ду воқеаи муҳими таърихӣ бо қарорҳои тақдирсозашон ба миллати тоҷик умри дубора бахшанд. Агар қарорҳои таърихии Анҷумани 3-юми фавқуллодаи Шӯроҳо Тоҷикистонро аз ҳайҳати ҶШС Узбекистон бароварда бошад, Пас иҷлосияи XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мамлакатро аз нестшавӣ наҷот бахшад ва имконият дод, ки кишваре бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намояд. 

Шуъбаи тарбия


04.11.2020     1343
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php