НАҚШИ АМИРОНИ СОМОНӢ ДАР ПЕШРАФТИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

Асри X дар   таърихи адабиёти   тоҷик чӣ аз ҷиҳати миқдори шоирон ва чӣ аз ҷиҳати асарҳои манзум   мавқеъ ва мақоми махсусро    ишғол   менамояд. Шароити мувофиқи   сиёсӣ-иқтисодӣ   дар давраи таърихӣ   барои гул- гулшукуфии адабиёти   тоҷик   имкониятҳои бузургеро   фароҳам овард.   Ғайр аз     бисёр   ҳокимону вазирон   ба монанди Тоҳир   Ибни Фазли Чағонӣ,    Абулмузаффари Ҷайҳонӣ, Абулфазли Балъамӣ   таъби эҷодӣ   ва шоири дошта , дар пешрафти адабиёт ҳиссаи муайяне гузоштанд. Амирони Сомонӣ барои ривоҷу   равнақи забон ва адабиёти классикии тоҷик кӯшиш   мекарданд. Онҳо шоиронро ба зери ҳимоя гирифта, ба достонсароӣ, ҷамъ намудани осори қадима ва ба таҷдиди фарҳанги    гузашта, диққати махсус медоданд. Пойтахти давлати   Сомониён   шаҳри Бухоро   ба маркази   сиёсӣ, илми ва адабӣ табдил ёфта буд. Баробари Бухоро адабиёт дар шаҳрҳои Марв, Балх,   Самарқанд,   Тирмиз    ва Нишопур пеш    мерафт. Замони сулолаи Сомониён дар Бухоро доираи адабӣ -   расмӣ, яъне дарбори ва ғайрирасмӣ дар назди мадрасаю хонаҳои   шоирон    ҷой дошт. Ба доираи адабӣ-   расмӣ Маликушшуаро роҳбарӣ   мекард. Дар кадом сол таъсис   ёфтани вазифаи Маликушшуаро маълум нест. Аз баъзе тазкираҳо маълум гардид, ки вазифаи    Маликушшуаро дар замони Насри   бини Аҳмади   Сомонӣ дар Самарқанд ташкил шуда, дар солҳои ҳукмронии   бародараш Исмоил ибни Аҳмад    ба Бухоро кучида, дар пойтахти дувуми тоҷикон ташаккул ёфта бошад. Асри X на ин ки замони болорави давлатдори тоҷик, балки давраи гулгулшукуфии маданияти   классикии он мебошад. Ба туфайли ин дар   Бухоро ташкил шудани мактаби адабии тоҷик ва дар он   ҷо гирд омадани беҳтарин қофиласароён назму насри классики   инкишоф ёфт. Пешрафти адабиёти тоҷик, ки маҳз дар асри X ба қуллаи баланди инкишоф расид, дар роҳи бо маданияту маърифат гардонидани халқҳои   ҳамсоя, аллалхусус   туркони бодянишин саҳми муносиб гузоштанд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


08.02.2021     285
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php