Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар масири илми тиб

Ҳамасола 18-уми август, ҷашни зодрӯзи олими маъруф ва табиби барҷастаи тоҷику форс Шайхулраис Абуалӣ ибни Сино ва Рӯзи табибон ҷашн гирифта мешавад. Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 1040-солагии олим, табиб ва мутафаккири бузурги тоҷику форс Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба заминаҳои таърихиву фарҳангии мардумони ориёнажод, табиб ва табобат миёни мардум муқаддас буда, мавқеи хоса дошт. Табиб ҳамчун эҳёгар номида мешуд, ки бо даму нафаси худ дарду ранҷро аз ҷисму рӯҳи дардмандон бартараф намуда ва шавқу умедро ба колбади ҷисму ҷони онҳо падид меовард.

Олами тибби мардумони эронинажод бо доштани чунин як донишманди бузург ва файласуфи маъруф Шайхулраис ибни Сино ифтихор дорад, ки дар ҳама давру замон фазои маънавии ӯ муаттар ба атри донишу пажӯҳиш буд. Бешубҳа, Абуалӣ Сино самараи арзандае аз дарахти пурбаракот ва зуҳури равшане аз нақши тоҷикон дар пешрафти тамаддуни башарӣ мебошад. Вай на танҳо эътиборе барои тамаддуни тоҷикону форсизабонон, балки чеҳраи тобноке дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аст. Ибни Сино аз маъруфтарин донишмандони шарқ дар Ғарб ба шумор меравад. Ба далели фарогирии Ибни Сино ба илмҳои мухталиф ва таъсири ӯ ба мутафаккирон ва олимони пас аз ӯ, ки доираи онҳо на танҳо тамаддуни Шарқ, балки Аврупоро дар бар мегирифт, аз ӯ дар Ғарб ба унвони номдортарин донишманди машриқзамин ёд мешавад.

Осори ин нобиғаи бузург ва мутафаккири беҳамтои шарқ мутаалиқ ба барҷастатарин осори ҷаҳонист, ки фарҳанги дунявиро ғанӣ гардонидаанд. Эҷодиёти вай фарогири нодиртарин таҳқиқҳои илмӣ аст. Бўалӣ осори насриву назмиашро бо забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ эҷод намудааст ва то имрўз дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам аз 450 рисолаи илмию адабии ў 162 ададаш нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳанӯз баҳсу мунозираҳо дар бораи мансубияти мутафаккири намоён ба ин ё он қавму миллат идома дорад ва бояд бо далелҳои муътамад ворисони аслии Сино буданро собит созем. Бори аввал тасмим гирифта шуд, ки осори Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ба забони давлатӣ тарҷума ва дастраси хонандагон гардонида шавад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 18-уми август ҷашни зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон муқаррар гардидааст ва тибқи анъана ворисони Сино дар ин рўз дар зери муҷассамаи ин муттафаккир гулчанбарҳо мегузоранд, якдигарро табрику таҳният мегуянд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба олимон ва табибони саҳмдор ва сарсупурда дар рушди тандурустии ватанӣ туҳфаву мукофотҳо супорида мешавад. 

Зуҳра Турсунова –шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


10.08.2020     3088
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php