МУХТАСАРЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ШОИРОНИ ЗАМОНИ СОМОНИЁН

Абулҳасан Шаҳиди Балхӣ   дар Ҷаҳидонаки Балх   таваллуд   ёфтааст. Дар   бораи   ҳаёти ӯ низ   маълумоти    ниҳоят   кам мавҷуд   аст . Аз рӯи сарчашмаҳо   фақат ҳаминро метавон   донист, ки Шаҳиди Балхӣ яке аз беҳтарин шоирони   дарбори   Насри II ибни Аҳмади Сомонӣ   ва   наздиктарин шогирди Рӯдакӣ ба шумор меравад. Шаҳиди   Балхӣ   шоир ва   яке аз   олимони   пешқадами   давраи Сомониён буд. Муаллифи <<Китоби –ул- феҳрис> Ибни –ан- Надим дар   бораи ӯ чунин менависад: <<Дар замони ар- Розӣ марде буд, маъруф ва Шаҳид Ибни -ул- Ҳусейн.....дар ҳикмат бағоят моҳир ва   соҳиби мусаннафоти   бисёр ва байни вай ва Розӣ мунозироте будааст>>Шаҳид пештар аз Рӯдакӣ вафот кард.Абӯшакури Балхӣ дар   соли 915 таваллуд   ёфтаст. Дар аҳди салтанати Нӯҳ ибни Насри   Сомонӣ (943-954)   ӯро ба   дарбор   кашидаанд. Номи ӯ бо маснавияш <<Офариннома>> , ки дар соли 944 навишта шудаст, шӯҳрат пайдо кард. Аз ин маснавӣ   фақат   баъзе қисматҳои   пароканда то замони мо омада расидааст. Зоҳиран, ин нахустин достони дидактикаи   адабиёти классикии   тоҷику форс ба шумор    меравад. Илова бар ин, Абӯшукур ду маснавии дигар таълиф кардааст,   ки аз онҳо чизе   боқӣ   намондааст. Ӯ дар равияи рубоиёти халқӣ шеър гуфта, дар айни замон ба сабки мураккаб, зарофат   ва хушбаёнӣ низ аҳамият додааст. Шеърҳои мураккаббаёни ӯ чунон   машҳур гардида буданд, ки онҳоро ба забони арабӣ низ тарҷума намудаанд.Робиаи Балхӣ нахустин шоираи ба мо маълуми даризабон аст.   Дар чанде аз тазкираҳои шеърҳои ошиқонаи пурэҳсос ва санъаткоронаи вай зикр ёфтаанд. Қиссаи    ишқи фоҷиавии Робиа ва ғуломи ҷавон, ки дар асри Хlll   Фаридаддуни Аттор ба риштаи назм кашидааст, бо номи ҳамин шоира алоқаманд мебошад. Дар бораи зиндагонии ӯ ягон маълумоти   воқеи мавҷуд нест. Аз рӯи баъзе ривоятҳо   ба инобат гирем, Робиа ҳамзамони Рӯдакӣ буда, устод ба ашъори ӯ арзиш баланд   додааст. Ба арсаи вуҷуд омадани   шоираи баркамол аз дарҷаи баланди маданияти он замон гувоҳӣ медиҳанд.

Кафедари фанҳои ҷомеашиносӣ


11.02.2021     675
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php