Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!

Рӯз то рӯз шумораи гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат коҳиш ёфта истодааст. Беморхонаву дармонгоҳҳои сайёри холӣ гувоҳи коҳиши гирифторӣ ба ин беморӣ мебошад. Тибқи маълумоти охир дар Тоҷикистон 4013 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2089 нафар шифо ёфтаанд. Давоми 4 шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт нашуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия чун пешина 47 нафар боқӣ мемонад. 
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. Дар ҷумҳурӣ барои муолиҷаи коронавирус тамоми доруворӣ ва маводи тиббии зарурӣ кофӣ ва табобати беморон ройгон мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. 
Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд. 
Дар яке аз бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли равон баён доштанд, чунин омадааст, ки то 1 сентябри соли 2021 бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гарданд. 
Мутобиқи хулоса аз пешгӯиҳои мутахассисон дар Тоҷикистон аллакай даҳаи дуввуми моҳи июн метавонад коҳишёбӣ ва нобуд шудани COVID-19 шуруъ шавад. Ба ақидаи вирусологҳо, коронавирус нанозарраҳоеро ташкил медиҳад, ки дар дохили он кислотаи ягона мавҷуд аст ва ин кислота беш аз ҳама ултрабунафшро дӯст намедорад. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро аз ҷиҳати назариявӣ нури офтоб метавонад аз ин вирус наҷот диҳад. 
Дар зимн, суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, ки 20 майи соли равон доир гардид, ёдовар мешавем: «Бовар дорам, ки шаҳрвандони мамлакат меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем. Бовар дорам, ки мо бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро баъди чанд ҳафта мегирем ва барои ҳамватанонамон фазои мусоиди орому осуда муҳайё намуда, ба корҳои бунёдкорӣ машғул мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонем». 
 Турсунова З. Мутахассиси шуъбаи иттилот ва нашрияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

01.06.2020     2089
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php