Макони ҳунармандони асил

“Мо дар назди наслҳои ояндаи халқамон вазифадорем, ки дастовардҳои фарҳангӣ ва анъанаву суннатҳои аҷдодиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ҳифз кунем, такмил диҳем ва ба мерос гузорем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Шаҳри Истаравшан яке аз куҳантарин шаҳрҳои ривоҷи ҳунар ва ҳунармандӣ ба шумор рафта, бисёр кӯчаву гузарҳои шаҳр номи касбу ҳунарҳои миллии сокинонашро доранд.

Тибқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ дар гузашта дар шаҳри Истаравшан қариб 700 дӯкони ҳунармандон фаъолият доштааст, ки дар онҳо маснуоти ҳунармандӣ ба фурӯш гузошта мешудааст.

То имрӯз гузарҳои мисгарону оҳангарон, кордгарону кулолгарон, шонатарошону дуредгарон, сангтарошону мӯзадӯзон, қолинбофону танӯрсозон, читгарон ва монанди инҳо боқӣ мондаанд, ки гувоҳи ривоҷи навъҳои гуногуни ҳунармандӣ дар ин гӯшаи диёрамон мебошанд. Маҳсули дасти ҳунармандони Истаравшан, алалхусус, кордгаронро имрӯз дар осорхонаву намоишгоҳҳои мамолики гуногуни ҷаҳон, коллексияҳои шахсӣ ва хонаи шахсони алоҳида дар кишварҳои мухталиф дидан мумкин аст.

Корд, ханҷар асбоби бурандаи як ва дудама аст, ки асосан дар рӯзгор ва хоҷагидорӣ кор мефармоянд. Кордҳои қадима аз давраи полеолити боло маълум мебошад. Аввалин кордҳо аз чақмоқсанги паҳни нӯгтез сохта шуда, шаклаш бодоммонанд буд. Дертар кордҳоро бо дастакҳои чӯбину устухонин омода мекарданд. Инчунин кордҳоро аз устухонҳо ва дарахтҳо низ месохтанд. Панҷ ҳазор сол пеш одамон такмил додани фулузро омӯхтанд ва дар аввали асри оҳан корди оҳанин пайдо шуд. Ихтироъи корди оҳанин ба инкишофи ҳунарҳои гуногун кӯмак кард. Аз охири ҳазораи I-и мелодӣ кордҳои асосаш оҳану теғаш пӯлодин месохтагӣ шуданд. Аз охири асри VII кордро бештар аз пӯлоди тоза месохтанд.

Корд аз даста, гулӯбанд ва теғ иборат аст. Теғи корд бештар аз пӯлод, гулӯбандаш аз пораи мис ё биринҷӣ ва дастаи он аз чӯб, устухон, шиша, шохи ҳайвонот ва пластмасса сохта мешавад. Кордҳои Истаравшан, Исфара, Қистақӯз, бо сифату зебоиашон машҳуранд. Ҳунари кордсозӣ авлодӣ буда, он аз насл ба насл идома меёбад.

Кордҳои сохтаи ҳунармандони Истаравшан хусусияти ба худ хосе дошта, аз дигар кордсозон фарқ мекунад. Ҳар як устои кордсоз тамға (мӯҳр)-и худро дорад.

Зуҳра Турсунова   шуъбаи иттилоот ва нашрия


18.06.2019     914
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php