МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (солҳои 1991-2010)

Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳамёрони худ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз усулҳои эътирофшудаи байналмилалӣ кор гирифта, аҳамияти асосиро ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд дар равобити сиёсӣ ва соҳаҳои тиҷорию иқтисодӣ, илмию фановарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ равона кардааст.

Бо Федератсияи Россия. Миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, ин давлат чун шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ эътироф шудааст. Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлол ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Ҷиҳати муайянсозии усулҳои нави ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳо дар шароити рушди мустақилона 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе байни Тоҷикистону Россия Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расид ва Сафорати ин кишвар аз 4 майи соли 1992 дар пойтахти Тоҷикистон ба фаъолияти худ оғоз кард. Баъдтар дар Хуҷанд консулгарии генералии Россия ба кор шурӯъ намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштан дар шаҳри Москва Намояндагии дипломатӣ дошт, аз 8 июни соли 1993 онро ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил дода, сипас 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Бояд зикр кард, ки ин намояндагии калонтарини ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар буда, барои рушду тавсеаи муносибатҳо бо шарики стратегӣ ва таъмин намудани тамоси доимӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

Санади муҳими байнидавлатӣ, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расид, ба раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол ҳусни оғоз бахшид. Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ мебошад. Феълан пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯст 216 cанади дуҷонибаро дар бар мегирад, ки дар сатҳ ва марҳилаҳои гуногун ба имзо расида, ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун танзим мекунанд.

Дар ин замина робитаҳои фаъоли сиёсии кишварҳо, махсусан дар сатҳи олӣ ривоҷ меёбад. Ҳамасола роҳбарони ҳарду давлат дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки дар рафти онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас ва самаранок баррасӣ мегарданд. Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Россия (апрели с. 1999) далели   рушди   собитқадамона ва таҳкимбахши муносибатҳои шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия гардид, ки дар рафти он Аҳднома дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ба асри XXI нигаронида шудааст, Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расиданд. Дар рафти нахустин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон (октябри с. 2004) оид ба ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои муҳим натиҷагирӣ карда шуд ва масъалаҳои ҷойдошта бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар бораи амалӣ гардонидани лоиҳаҳои бузурги дуҷонибаи иқтисодӣ дар соҳаҳои гидроэнержӣ ва металлургияи ранга дар Тоҷикистон чанд созишнома ба имзо расонида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохӯриҳои чандинкаратаи худ бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев асосан масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, сохтмони иншооти инфрасохторӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи муштаракро мавриди баррасӣ қарор додааст. Мавзӯи дурнамои рушди ҳамкориҳои манфиатовари минтақавӣ низ меҳвари асосии гуфтушунидҳои ҷонибҳо гардидааст. Дар рафти сафари расмии Президенти Россия Д. Медведев ба Тоҷикистон, ки 29 августи соли 2008 баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирифта, чанд санади дуҷониба ба имзо расид. Раванди ҳамкориҳо бо Россия аз он ҷиҳат хусусияти фарқкунанда дорад, ки пайваста дар ҳоли рушд аст. Дар марҳилаҳои гуногун байни ҳарду кишвар созишномаҳои муҳим оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, молия, инчунин танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар санадҳои мутобиқ ба манфиатҳои ҳарду ҷониб ба имзо расиданд. Дар давраи истиқлолият таваҷҷӯҳи баланди ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ зоҳир карда шуд. Иқдоми Россия ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ аз тарафи Тоҷикистон мавриди дастгирӣ қарор гирифт, ки ин ба мукаммал гардидани заминаи меъёриву ҳуқуқии ҳарду ҷониб дар самти ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард.   Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо 70 минтақаи (субъекти) Россия ҳамкориҳои тиҷоратиро дар сатҳи хуб ба роҳ монондааст. Ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии ҳарду кишвар ҳамчунин дар доираи ИДМ, СААД, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ пайваста густариш меёбад

Самтҳои асосии ҳамкориҳои мазкур ҷиҳати таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, инчунин мусоидат ба рушди равандҳои ҳамгироӣ равона гардида, мавқеъҳои Тоҷикистону Россия зимни баррасии масъалаҳои мубрам ва алоқаманд ба ин созмонҳо дар аксари ҳолатҳо мувофиқат мекунад.

Саммити нахустини «Чоргонаи Душанбе» бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Россия, Афғонистон ва Покистон, ки охири моҳи июли соли 2009 дар Душанбе баргузор гардид, усули нави ҳамкориҳои кишварҳои зикршударо дар масъалаҳои минтақавӣ рӯи кор овард. Ҳамоиши дуюми чоргона бо ташаббуси Президенти Россия моҳи августи соли 2010 дар Сочӣ баргузор гардид.

Ҳамин тавр, доираи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия фарогир ва дорои хусусияти доимо рушдкунанда буда, ҳарду кишвар дар таърихи ҳанӯз начандон тӯлонии соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардиданд.

Бо Ҷумҳурии Қазоқистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор намуда, моҳи июни ҳамон сол Намояндагии дипломатиаш дар ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, алъон дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд. Дар мавриди бисёр масъалаҳои муҳими дорои моҳияти байналмиллалӣ   минтақавӣ манфиати ҷонибҳо ҳамоҳанг шуда, мавқеи наздик ё ин ки мушобеҳ ба вуҷуд меояд.

Дар ин замина боздидҳои сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пойгоҳи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо гардиданд. Ҳамин тариқ, оид ба натиҷаҳои боздиди Роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Қазоқистон дар соли 1993 санади асосӣ - Аҳднома дар бораи заминаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва зимни сафарҳои минбаъдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар дар солҳои 1995, 2006 ва 2008 маҷмӯи санадҳои фарогири бахшҳои иқтисодию фарҳангӣ байни ҳарду давлат ба имзо расид.

Боздиди аввалини Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000 яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои ҳарду кишвар ба ҳисоб меравад, ки зимни он 8 санади байниҳукуматию байниидоравии алоқаманд ба соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию фановарӣ ва гумрук ба имзо расид. Санадҳои дигари муҳим оид ба ҳамкории тарафайн дар бахшҳои фарҳангу санъат, маориф, савдою сармоя ва кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2007 ба имзо расида, таҳкимбахши раванди муносибатҳои дуҷониба гардиданд.

Ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар солҳои 1998, 2001, 2004, 2006, 2007 ва 2008 доир шуданд, ҳолати муносибатҳо ва амалишавии санадҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуда, самтҳои равобити дуҷонибаро боз ҳам васеътар гардониданд.

Ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ҳарду давлат ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), СААД ва САҲШ дар шакли ҳамкории зич ифода мегардад. Дар ин замина роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми Ҷумҳурии Қазоқистонро оид ба даъвати Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА) ҷонибдорӣ намуд. Тоҷикистон дигар иқдомҳои Қазоқистонро низ дар масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ дастгирӣ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳоест, ки номзадии Қазоқистонро барои раисӣ кардан дар САҲА ҷонибдорӣ кардааст Дар чаҳорчӯбаи ҳамдастиҳои сиёсии ду давлат роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикисистон иқдомҳои Ҷумҳурии Қазоқистонро оид ба даъвати машварати ҳамкорӣ ва ҳусни боварӣ дар Осиё ҷонибдорӣ намуд, ки қисмати якуми ин Созмон рӯзҳои 3-5 уми июли соли 2002 дар шаҳри Алма-Ато баргузор гардида, ҳамоишҳои минбаъдаи он ҳамасола дар гӯшаҳои гуногуни олам баргузор мегарданд.

12-13 уми майи соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Сарвазири ин кишвар К. Масимов, Раиси Шӯрои директорони ширкати қазоқӣ «Визор Холдинг» ва намояндагони Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон вохурӯ анҷом дод. Дар рафти ин сафар як қаттор ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расиданд.1

Бо Ҷумҳурии Туркманистон. Заминаи сиёсии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон 27 январи соли 1993 бо имзо гардидани Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шуд. Аз моҳи марти соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ва аз моҳи июни соли 1999 Сафорати Туркманистон дар ш. Душанбе фаъолияти дипломатии худро идома медиҳанд.

Туркманистон аз лиҳози нақлиётию коммуникатсионӣ дорои имконоти фаровон ҷиҳати пайвастани минтақаи Осиёи Марказӣ бо дигар манотиқи ҷаҳон аст ва роҳандозии муносибату ҳамкориҳои судманд бо ин кишвар аз аҳамияти хоса бархӯрдор аст. Дар ин замина имрӯз метавон бо қаноатмандӣ зикр кард, ки равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ба сатҳи сифатан нав баромада, фарогири ҷанбаҳои гуногуни иқтисодию фарҳангӣ гардидааст. Аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ то имрӯз, мулоқоту вохӯриҳои аъзои ҳукумат ва дигар идораю муассисаҳои марбутаи ҳарду кишвар пайваста баргузор гардидаанд, ки зимни он масъалаҳои дурнамои тараққиёти муносибатҳои байнидавлатӣ ва роҳу самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд матраҳ шудааст.

Масалан, зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ашқобод (июли с.1995) Баёнияи муштарак қабул гардида, роҳбарони ҳарду давлат масъалаҳои оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо шумули интиқоли нафту газ ба Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин дар доираи вохӯриҳои бисёрҷонибаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон мунтазам сурат мегирифтанд, ки зимни онҳо зарурати ташкили шароити мусоид барои ҳамкориҳои судманд байни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду савдо ва илму техника таъкид мегардид.1 Зимни вохӯриҳои сатҳи олӣ дар марҳилаҳои минбаъда (солҳои 2006-2007) президентҳои ҳарду давлат оид ба самтҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, таваҷҷӯҳи худро ҷиҳати таҳким ва тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои табодул ва интиқоли мол, нерӯи барқ, маҳсулоти нафтӣ ва алюминий таъкид карданд.

Сафарҳои расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар соли 2007-ро метавон ҳамчун оғози марҳилаи нав дар таърихи муносибатҳои тарафайн арзёбӣ кард.

Зимни ин сафарҳо чанд санади фарогири ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи муносибатҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд. Ба пайрави ҳамин тамоюли мусбӣ, сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, ки 19 марти соли 2010 амалӣ гашт, ба раванди муносибатҳо такони ҷиддӣ бахшид.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ, самтҳои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, нафту газ, маориф ва фарҳанг ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо Ҷумҳурии Беларус. Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ аз 5 сентябри соли 1996 бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ оғоз гардида, ҳамзамон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар ба фаъолияти худ шурӯъ намудааст. Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Беларус дар ш. Душанбе соли 2011 ифтитоҳ гардид.1

Санади муҳими танзимкунандаи самтҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки зимни сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2000 ба имзо расида буд.

Ҳоло асоси шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои ҳарду давлатро 53 санади муҳим ташкил медиҳад, ки марбут ба робитаҳои сиёсӣ ва фарогири соҳаҳои тиҷорию иқтисодӣ, фарҳанг ва илму маориф мебошад.

Дар идомаи чунин тамоюли мусбат дар муносибатҳои тарафайн, моҳи июни соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Беларус боздид ба амал овард, ки самарабахш сурат гирифта, натиҷаҳои мушаххас дошт. Зимни сафари мазкур 6 санади марбут ба соҳаҳои иқтисод ва савдо ба имзо расонида шуд.

Робитаҳои ҳарду кишвар ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, хусусан ИДМ, СААД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) густариш меёбанд. Мавқеъгириҳои Тоҷикистону Беларус роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо ҳам наздикӣ доранд. Сафари расмии Александр Лукашенко аз 27 то 29 октябри соли 2011 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар рафти он гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Белорус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот баррасии масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ марвиди баррасӣ карор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот имзои 10 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмуддати Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳуҳукуматӣ имзо гардиданд.

Бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гашта, дар ҳарду давлат сафоратҳои якдигар фаъолият мекунанд.

Дар ҳолати имрӯза асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то соли 2009 дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд. Санадҳое, ки миёни ду кишвар қабул шудаанд, самтҳои муҳими ҳамкориҳоро дар бар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ ва ғайра заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд.

Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозад. Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 мебошанд.

4 январи соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов аз ин кишвар боздиди расмӣ ба амал овард.

Ин боздид ба раванди густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон такони нав бахшид. Дар натиҷаи ин сафар, аз ҷумла 4 ҳуҷҷати байниҳукуматӣ ба имзо расид.

Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи июни соли 2000) ҳамчунин аз аҳамияти хоса бархӯрдор буд.

Музокирот ва вохӯриҳои дар рафти ин сафар баргузоршуда нишон доданд, ки мавқеи созгоронаи роҳбарияти ду кишвар метавонад дар таҳкими муносибатҳои воқеан неки ҳамсоягӣ нақши ҳалкунандаро бозад.

Натиҷаҳои боздиди мазкур ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки дар рафти он ба имзо расид, аз ҷумла Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ ва Меморандум оид ба делимитатсияи сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар рушди муносибатҳои дуҷониба чун марҳалаи нав ва омили фаъолшавии дигаргуниҳои мусбӣ арзёбӣ гардид.

Боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар моҳи декабри соли 2001 ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳарду кишвар такони тоза бахшид. Натиҷаи гуфтушунидҳои ду президент бори дигар собит намуд, ки мавқеи кишварҳои ҳамсоя нисбати бисёре аз мушкилоти дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақавӣ наздик аст ва рағбату алоқамандии мутақобилаи ду давлат ҷиҳати рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ вуҷуд дорад. Вохӯрии дуҷонибаи президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ, инчунин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи ҷаласаи ШВКХ СҲШ дар ш. Тошканд омилҳои таҳкимбахши самтҳои сиёсию иқтисодии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соли 2010 ба шумор меравад.

Зеро дар ин вохӯриҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла, оид ба энергетика, фаъолияти инфраструктураи нақлиётии байнидавлатӣ, инчунин амнияти минтақавӣ ба таври муфассал мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор гирифт.

Бо Ҷумҳурии Қирғизистон. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор шуда, дар ҳарду давлат сафоратҳои якдигар фаъолият мекунанд. Дар марҳилаи ҳозира раванди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳам дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар сатҳи баланди рушдёбанда ва фазои дӯстию ҳусни ҳамҷаворӣ фаъолона идома дода мешавад.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон аз 75 санад иборат буда, самтҳои гуногуни ҳамкории ду кишварро дарбар мегирад. Аз ҷумла, санадҳои асосие, ки усулу самтҳои муҳими муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро муайян месозанд, ин аҳдномаҳо Дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кирғизистон (июли с.1996) ва Дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (майи с.2004) мебошанд.

Мулоқоту вохӯриҳои расмӣ ва робитаҳои шахсии президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба раванди ҳамкориҳо такони ҷиддӣ бахшида, ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи онҳо мусоидат мекарданд. Зимни чунин вохӯриҳо ҷонибҳо баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуда, ба мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба Шӯрои ҳамоҳангсози байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ду ҷумҳуриро таъсис доданд.

Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ш. Бишкек дар моҳи майи соли 1998 ба раванди густариши минбаъдаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон такони нав бахшид. Ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи ин сафар ба имзо расиданд, асоси шартномавӣ – ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро, ки аз 67 ҳуҷҷат иборат аст, аз ҷумла 14 то байнидавлатӣ, 25 то байнисоҳавӣ ва 28 то байниҳукуматӣ мебошанд ҷиддан васеъ намуданд.

18 майи соли 2005 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

28-уми апрели соли 2009 дар ш. Алмаато вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки дар рафти масоили таҳкими ҳамкориҳо ва муносибатҳои неки ҳамсоягии байни кишварӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Сарони ҳар ду давлат ҳамчунин алоқамандии кишварҳои худро нисбати сохтмони роҳи оҳан таъкид намуданд.   

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар даврони соҳибистиқлолӣ саъю кӯшишро бар он равона месозанд, ки робитаҳои мутақобилан судманди онҳо дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ рушди бештар намуда, фазои боэътимод ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни мардуми ду кишвари ба ҳам дӯст ҳамеша пойдор бошад.

Бо Ҷумҳурии Украина. Украина яке аз ҳамёрони муҳими Тоҷикистон дар қаламарви пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Украина 24 апрели 1992 барқарор гардида, густариши минбаъдаи онҳо дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн идома ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Украина мебошад.

Маҳз ба ҳамин мақсад моҳи декабри соли 2010 дар ш. Киев Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина фаъолияти худро оғоз намуд.

Санади муҳим, ки зербинои асосии ҳамкориҳои дуҷониба маҳсуб меёбад, ин Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина (аз 6 июли с. 2001) мебошад. Дар маҷмӯъ асоси шартномавию ҳуқуқӣ, ки фарогири самтҳои мухталифи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина аст, 73 санадро ташкил медиҳад.

Бояд таъкид кард, ки боздидҳои расмию кории роҳбарони ҳарду давлат аз кишварҳои якдигар ҷиҳати таҳкиму тавсеаи раванди муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина нақши асосӣ бозиданд. Зимни ҳар як сафари онҳо санадҳои муҳим ба имзо расида, ба густариши минбаъдаи самтҳои алоҳидаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат кардаанд.

Баҳри густариши ҳамкориҳои ҳарбии техникӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта шудааст. Бо назардошти таҷрибаи ғании Украина, роҳҳои амалӣ намудани корҳо оид ба амнияти истифодабарии маҳсулот ва партовҳои сӯзишвории реактивии сахт, мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор дорад.

1.То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина 55 ҳуҷҷат, аз ҷумла, 36 санади байнидавлатию байниҳукуматӣ ва 11 санади байниидоравӣ ба имзо расидааст.

2.Ташрифи расмии Президенти Украина Виктор Янукович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-8 марти соли 2008 баргузор гардид, ки дар ҷараёни он 10 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3-5 декабри соли 2008 бо сафари давлатӣ ба Украина ташриф овард. Зимни боздид 7 ҳуҷҷати ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон 30 ноябри соли 2010 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони кишварҳои аъзои САҲА, ки дар ш. Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, бо Президенти Украина Виктор Янукович дидору мулоқот намуд. Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаи гуногунҷанбаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ, техникӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарии ду кишвар баҳои баланд дод. Барои таъмини густариши бештари ҳамкориҳои судманд, ҷоннок ннамудани Комиссияи муштараки дуҷонибаи Тоҷикистону Украина зарур шумурда шуд.

Бо Ҷумҳурии Озарбойҷон. Ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 29 майи соли 1992 оғоз гардида, густариши минбаъдаи он дар рӯҳияи эҳтиром ва эътимоди мутақобила идома ёфтааст.1

Аммо зикр кардан бамаврид аст, ки то соли 2007 байни кишварҳо ҳамагӣ 2 санади байниҳукуматӣ - «Созишнома оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ» ва «Созишнома байни Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ ва амалиёти мутақобила» ба имзо расида, доираи муносибатҳо асосан дар сатҳи мукотибаи дипломатӣ қарор дошт.

Бинобар ин, соли 2007 оғози марҳилаи рушди ҳамкориҳо ва баромадан ба сатҳи сифатан нав дар таърихи соҳибистиқлолии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон гардид. Дар соли зикршуда аввалан сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон (15 март) ва дар натиҷаи сафарҳои мазкур байни ҳарду кишвари дӯст санадҳои муҳим, аз ҷумла, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба савдои озод ва дигар созишномаҳо ҷиҳати густариш ва таҳкими муносибатҳои тарафайн ба имзо расиданд.

Айни замон асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба беш аз 20 санадро дарбар гирифта, он ҳуҷҷатҳо баҳри рушду тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбӣ имзо шудаанд.

Раванди муносибатҳои байниҳамдигарии Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ дар сатҳи хуб қарор дорад.

Бо Ҷумҳурии Арманистон. Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арманистон 12 октябри 1992 барқарор шуданд.

2-3 апрели соли 2002 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар давоми сафар 4 шартномаи байниҳукуматӣ, инчунин ҳуҷҷати асосӣ- Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ба имзо расиданд.1

25-26 ноябри соли 2003 сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид, ки дар давоми он чанд шартномаи байниҳукуматӣ ва байнимуассисавӣ ба имзо расид. Ба мақсади ҳаллу фасли фаврии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба Сарони кишварҳо зарурати таъсиси комиссияи доимоамалкунандаи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро таъсис доданд. 29 – 30 июни соли 2005 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ- иқтисодӣ доир гардид, ки дар рафти он чанд ҳуҷҷати муҳим ба хотири таҳкиму рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф ба имзо расид. Ҷаласаи якуми Комиссия 16 – 17 марти соли 2004 дар шаҳри Ереван шуда гузашт.

Бо Ҷумҳурии Молдова. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова 26 январи соли 1993 барқарор гардиданд.Моҳи ноябри соли 2002 сафари расмии Президенти Молдова Владимир Воронин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар рафти ин боздид асосҳои ҳуқуқӣ барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар гузошта шуданд. Ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравие, ки дар рафти ин боздид ба имзо расиданд, аз ҷумла, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи дуҷониба заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам оварданд.

Шуъбаи тарбия


10.12.2020     843
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php