Коронавирус ва ҳарфҳои беасос, сиёсӣ ва бардурӯғи он дар ВАО-и кишвар

ВАО-и кишварро зарур аст дар ҳама вазъият, хусусан дар ҳолатҳои барои ҷомеа ҳассос ва дар инъикоси мавзӯҳои нозук дақиқкор бошанд ва бояд ба андак хатогӣ роҳ надиҳанд. Ҳоло тамоми давлатҳои олам аз пахши маълумотҳо дар бораи коронавирус бо назокат рафтор намуда, ҳеҷ як ҳарферо бидуни таҳқиқи ҳаматарафа баён намекунанд. Чун нахуст маълумотҳое дар ВАО оиди ин вирус ба нашр расид, ки аҳамияти сиёсӣ дошта, комилан аз хато ва бофтаҳои дурӯғин шакл гирифта буд. Ҳоло равоншиносони олам бар ин назаранд, ки маълумотҳои дар ВАО оиди коронавирус нашршуда ба психологияи одамон таъсири манфӣ расонида, қувватнокии ақлонии одамони тамоми гӯшаи оламро заъиф гардонида истодааст. Бар замми ин, аз ин вазъи нигаронкунанда (албатта барои кулли олам) баъзе абарқудратҳо низ истифода бурда, ба манфиатҳои сиёсӣ ва геопалитикии қувват мебахшанд.
Дар ин авохир дар ВАО-и кишвари мо низ дар робита ба коронавирус маълумотҳои бетаҳқиқ ва беасос барои барангехтани овозаҳои дурӯғ дар фазои кишвар ба нашр мерасанд.
Масалан Радиои Озодӣ маводи беасосро дар бораи фавти як марди 60 сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба нашр расонид, ки овоза ва таҳлукаҳои зиёдро дар кишвар ба вуҷуд овард.
Ин маводи Радиои Озодиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос хонда, иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи маълумоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аз 1 –уми феврал то 6-уми апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.
Ҳамчунин субҳи имрӯз, 6 –уми апрели соли равон вобаста ба вазъи эпидемиологии вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустӣ Фаррух Мақсудзода ва мудири шӯъбаи эпидемиологияи вилояти Суғд Рустам Собиров ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода гузориш доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки вазъи эпидемиологӣ дар вилоят муътадил буда, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, мусбат мебошад. Ҳарчанд ки дар миёни бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ дарёфт карда шудааст, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои сироятёбии коронавирус дида намешавад.
Ҳамчунин, аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд, дар ҳақиқат, фавти як марди 60-сола дар беморхонаи мазкур дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, қаблан, пеш фавт аз ин мард ташхиси коронавирус гирифта шуда ва натиҷаи он манфӣ баромадааст. Бинобар ин, бо сабаби сирояти коронавирус фавтидани ӯ асоси воқеӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат изҳор намуд, ки айни замон вазъи саломатияш хуб аст. Номбурда аз нашри хабарҳо дар мавриди он ки гӯё вазъи саломатияш вазнин мебошад, изҳори нигаронӣ намуд.
Алишер Абдукаримов гуфт, ба карантин фаро гирифтани ӯ ва дигар табибон на танҳо аз он сабаб аст, ки онҳо бо ин марди фавтида сару кор доштанд, балки тибқи қоида ҳар табибе, ки бо нафарони дар карантин буда сару кор доранд, 14 рӯз низ ба карантин фаро гирифта мешаванд.
Бояд гуфт, ки айни замон озмоишгоҳҳои кишвар барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Ҳоло дар озмоишгоҳҳои кишвар 25 ҳазор тестҳо ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз ба наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадаанд. Аз ин шумора 22 ташхис ба
Лондон ва 9 ташхиси ташхиси дигар ба шаҳри Москва равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо низ хушбахтона, манфӣ баромадааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баёнияи худ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд.
Кормандони Хадамоти ректор Ворисов А, Қосимов М.

06.04.2020     334
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php