КОРОНАВИРУС ЧАНД НУКТА ВА ТАВСИЯИ ДИГАР...

Тибқи иттилои олимони чинӣ Вэнч Ҷун Лю ва Хуа Лан Ли аз донишгоҳи Ибин (Yibin University) коронавирус вақте, ки ба пардаи луобии узвҳои нафаскашӣ меафтад, коди гинетикии худро иваз (гум) намуда, ба ҳуҷайраҳои агрессор мубаддал мегардад ва ба эритроситҳо (ҳуҷайраҳои сурхи хун) ворид гардида, пеш аз ҳама ба гемоглобин- сафедаи муҳими интиқолии организм осеб мерасонад.
Гемоглобин – сафедаи мураккаби хун, барандаи асосии оксиген ба шумор меравад, ки аз қисми сафедавӣ (глобин) ва ғайрисафедавӣ (гем) иборат мебошад. Ба як молекулаи глобин чор молекулаи гем рост меояд, ки дар таркибаш як атоми оҳани дуфоиза дорад ва метавонад чор молекулаи оксигенро пайваст намуда, ба бофтаву узвҳо интиқол диҳад.
Бархе аз сафедаҳои ғайрисохтории вирус ба дохили эритросит ворид гардида, аз ҳаста (атом)-и порфиринии он молекулаҳои оҳанро берун мекунанд ва дигар эритроситҳо наметавонанд, ки оксигенро ба қадри кофӣ ба бофтаву узвҳо расонанд.
Дар хуҷайраи шушҳо бошад, сафеда омили пайдошавии илтиҳоб (пневмонит) мегардад ва оҳиста-оҳиста ҳуҷайраҳои корношоям ба бофтаи пайвасткунанда мубаддал мегарданд, ки он қобилияти амалӣ намудани мубодилаи газҳоро надорад. Инро дар илми тиб алоими шадиди вайроншавии респираторӣ (ОРДС) мегӯянд, ки боиси иллатёбии ҳамаи узвҳо мегардад.
Ҳангоми пайваст шудани сафедаҳои вирус бо гем дар шуши беморон намуди “патдор”-ро (матовое) мегирад, ки дар натиҷаи пастшавии шаффофияти бофтаҳои шушҳо бинобар хурдшавӣ (махкамшавӣ)-и фазои алвеолаҳо ва ҷамъшавии гемоглобин дар онҳо ба амал меояд.
Бояд дар назар дошт, ки намуди “патдор”-и шушҳо ҳамчунин метавонад ҳангоми аллергия ба амал ояд ва дар ҳарду ҳолат хусусияти баргардандагӣ дорад.
Як аломати дигари таъсил кардани вирус ба гемоглобин баланд шудани миқдори сафедаи оҳандори ферритин дар хуни беморон мебошад.
Барои чӣ кӯдакон бемории коронавирусиро сабуктар мегузаронанд?. Гап дар сари он аст, ки сафедаи вирус бевосита ба бета занҷираи гемоглобин таъсир мерасонад, ки сохтори асосии гемоглобини калонсолон мебошад. Дар кӯдакон бошад, бештар гемоглобини феталӣ вомехӯрад, ки вета занҷира надошта, нисбатан камтар бо сафедаи вирус пайваст мешавад.
Бурҳони дигари ин гуфтаҳо он аст, ки дар бархе аз давлатҳои Африко бемории Covid-19 нисбатан камтар ба қайд гирифта шудааст. Дар ин кишварҳо бемории табларза паҳн гаштааст ва бемории Талассемия- бемории ирсӣ, ки гемоглобини ин ашхос вета занҷира надорад, ба мушоҳида мерасад.
Ҳамин тариқ, ин тадқиқотҳо метавонанд боиси кашфи нав барои муолиҷи бемории маҳлуки Covid-19 гардад.
Шукри Эзид то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати мубталошавӣ ба бемории Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва ҳамаи корхонаву муассисаҳо ҷиҳати пешгирӣ аз ин офат ҳамаи ҷораҳои заруриро андешида истодаанд.
Имрӯз бархе аз қувваҳо ва ашхоси алоҳида тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои гуногун ҳама гуна иллату бемориҳоро ва фавтҳоро бо коронавирус мансуб дониста, мардумро ба воҳимаву таҳлука меандозанд. Ба воҳима ва таҳлукаандозии шаҳрвандон ба фоидаи қаллобон ва бадхоҳони фазои орому рӯзгори осоиштаи кишвари маҳбубамон мебошад.
Аз хоҳару бародарон хоҳиш ба амал оварда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаву дарвозаҳо ва маводҳои беасос бовар накарда, аз паи кору рӯзгори хеш шаванд.
Бо умеди тансиҳативу рӯзгори ободи якояки Шумо чанд нуктаро хотиррасон мекунам. Дар хотир дошта бошед, ки вирус организми зинда набуда, аз молекулаҳои сафеда ва пардаи муҳофизии липид иборат мебошад ва:
Ҳангоми дар муддати 20 сония молиш додан бо собун вайрон мешавад;
Маҳлулҳои спиртии баландтар аз 65% пардаи липидии вирусро вайрон мекунанд;
Нурҳои ултробунафш низ вирусро вайрон мекунанд, вале барои пӯст хатарнок мебошанд;
Вирус дар ковокии меъда аз таъсири кислотаи гидрогенхлорид метавонад вайрон шавад, вале дар роҳҳои нафас инкишоф меёбад;
Вируси Covid-19 сардиро дӯст медорад ва шояд бо назардошти он, ки дар узвҳои нафаскашӣ ҳаротар пасттар аст (32 дараҷа, дар узвҳои ҳозима 37 дараҷа) инкишоф ёбад;
Тибқи иттилои олимони фаронсавӣ вируси Covid-19 танҳо дар ҳарорати баландтар аз 92 дараҷа дар давоми 15 дақиқа маҳв мешавад;
Вируси Covid-19 дар муддати 3 соат дар бофта ва ковокиҳои либосу қолинҳо, дар муддаи 4 соат дар сатҳи тахта, 24 соат дар рӯи қоғази ғафс, 42 соат дар металл ва то 72 соат дар қабати пластикӣ нигоҳ дошта мешавад.
Тавсияҳо барои мубтало нашудан ба бемориҳои гузарандаи вирусӣ:
• Пайваста ором бошед ба воҳима ва таҳлука дода нашавед, ки ин метавонад боиси пастшавии иммунитетатон гардад.
• Ба шахсони бемор наздик нашавед, дар ҷойҳои серодам ниқоб пӯшида гардед ва ниқобатонро ҳар 3 соат иваз намоед;
• Ҳавои хона ва коргоҳатонро тоза нигоҳ доред, дастатонро пайваста бо собун дар муддати 25-30 сония шӯед ва бо маҳлули спиртии 70% тоза кунед. Аз салом кардан бо даст, оғӯш кашидан ва бӯсидани якдигар худдорӣ кунед;
• Пайваста фарши хонаро бо латтаи собундор ва хлордор шуед;
• Дар кунҷҳои хонаатон пиёзро бурида гузоред ва ҳар рӯз онро 1-2 маротиба иваз намоед;
• Занҷабил (имбир) (1қошуқча хокаи он дар 100 мл оби ҷӯш) 1 қошуқӣ 3 маротиба дар шабонарӯз истеъмол намоед;
• Омехтаи асал бо равғани сиёҳдонаро (таносуби 1:10, яъне дар ним л. асал 50 мл равғани сиёҳдона) 1қошуқӣ х3 маротиба дар шабонарӯз истеъмол намоед;
• Хоида дар даҳон 1-2 дақиқа нигоҳ доштани сирпиёз муфид мебошад. Ҳамчунин, оби сирпиёз (8-10 дандонаи резакардашудаи сирпиёзро дар як литр об ҷӯшонед) 1 истаконих3 маротибагӣ истеъмол намоед;
• Истифодаи шиннӣ (ширинии тут) барои баландкунии иммунитет мувофиқи мақсад мебошад;
• Дар ҷои истиқомататон пайваста ҳазориспанд дуд намоед;
• Бе тавсияи духтурон аз истифодаи доруҳои Аспирин, Ибупрофен, Диклофенак, Найз, Цитрамон, Парацетамон, антибиотикҳо ва ғ. худдорӣ намоед, онҳо метавонанд рафти бемориҳои вирусиро душвор гардонанд;
• Дар ҳолати пайдо шудани хушкии даҳон, баландшавии ҳарорати бадан, сулфаи хушк, дарди дасту пойҳо, бемадории умумӣ ба духтурон муроҷиат намоед ва дар хотир дошта бошед, ки ин аломатҳо ҳанӯз ягон асос барои гузоштани ташхис нестанд!.
Алишод Ворисов- н.и.т., дотсент

26.05.2020     304
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php