Коронавирус чӣ хатар дорад?

Мутаассифона, ҷаҳонро боз даҳшати коронавирус фаро гирифтааст ва хусусан дар ҳамин шабу рӯз тамоми чораҳои бехатариро риоя кардан зарур аст, дар акси ҳол коронавирус қодир аст оқибатҳои ногувореро ба бор оварад.

COVID-19 ба организм чӣ гуна таъсир мерасонад ва барои муҳофизат чӣ бояд кард? Ба саволи мазкур табиб –отоларингологи дараҷаи олӣ, номзади илмҳои тиб Владимир Зайтсев посух мегӯяд.

Зарба ба узвҳои нафас

Азбаски вирус бо роҳи қатравӣ-ҳавоӣ сирояпазир аст, аввалин зарба ба узвҳои роҳи нафас мерасад. Ҳамин ки инсон вирусро нафас кашид, он рост ба узвҳои бронхопулмонӣ ворид мегардад. Маҳз барои ҳамин, пневмония – мушкилоти маъмултарини сирояти коронавирус ба шумор меравад, ки дар аксари ҳолатҳо оқибати ногувор ба бор меорад.

Ҳамчунин, ба ҷараёни илтиҳобёбӣ пардаи луобии бинӣ ворид мегардад, аз ин рӯ, яке аз аломатҳои аввалину назарраси бемории COVID-19 паст шудани эҳсоси бӯйфаҳмӣ ё умуман нест шудани он мебошад. Баъзан коронавирус боиси пайдоиши синусит мегардад.

Ба бодомакҳои палатин низ вирус таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, COVID-19 аксар вақт бо тонзиллит ва фарингит ҳамроҳӣ мекунад.

Зарба ба майнаи сар

Мутаассифона, таъсири бади инфексияи коронавирусӣ танҳо ба узвҳои роҳи нафас намерасад. Зарари он қариб ба тамоми узвҳои инсон, хусусан ба узвҳои заифтар мерасад.

Масалан, нафарони гирифтори бемориҳои дилу рагҳои хунгард гирифтори инфаркт ё инсулт мешаванд. Коронавирус хусусан барои нафарони фарбеҳ ва камҳаракат хатарнок аст. Гап сари он аст, ки вирус боиси илтиҳоби девораҳои рагҳо, ғафсшавии хун ва лахташавӣ мегардад. Барои ба гардиш овардани хуни ғафсшуда дил бо шиддат кор мекунад, нафарони фарбеҳ бошанд, қариб ҳамеша гирифтори бемориҳои гипертоникӣ ва дилкасал мегарданд.

Зарба ба асаб

Дар рафти таҳқиқотҳои қаблӣ маълум шуд, ки коронавирус ба асаб таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, нафарони асаббемор ҳангоми гирифтори COVID-19 шудан аз сарчархзанӣ ва дигар бемориҳои ҷиддӣ ва ҳатто бемории Паркинсон азият мекашанд. Илова бар ин, норасоии оксиген, ки бо сабаби пневмонияи коронавирусӣ ба вуҷуд меояд, метавонад дар нафарони калонсол сабабгори камақлӣ гардад.

Боз як таъсири бади коронавирус – сар задани бемории норасоии гурдаҳо ва мушкилоти дигари узвҳои пешоброн мебошад. Вирус қодир аст, ки ба бофтаҳои гурда ворид шуда, илтиҳобро ба вуҷуд оварад.

Нафарони гирифтори диабети қанд ҳангоми мубталои коронавирус шудан худро бад ҳис мекунанд, зеро COVID-19 ба ғадуди зери меъда таъсири худро мерасонад. Ҳодисаҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъди аз сар гузаронидани инфексияи коронавирусӣ нафарони гирифтори бемориҳои ғадуди меъда мубталои диабети қанди навъи дуюм шудаанд.

Бемориро куҳна накунед

Аз COVID-19 танҳо бо як роҳ халосӣ ёфтан мумкин аст: бемориро куҳна накунед. Барои ин бошад, ба саломатӣ диққати хоса дода, ҳангоми пайдоиши аввалин нишонаҳо ба табиб муроҷиат кунед.

Оиди воистаҳои асосии пешгирӣ аз инфексияи коронавирусӣ имрӯз ба ҳама маълум аст. Пӯшидани ниқоб ва дастпӯшак дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам, риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ, нағзакак шустани дастон амалиётҳои муҳим ба шумор мераванд. Вале боз чораҳои иловагии пешгирӣ намудан аз вируси хатарнок вуҷуд дорад. Масалан:

Эмгузаронӣ аз грипп. Аввалан, яку якбора мубталои грипп ва инфексияи коронавирус шудан хатари зиёд дорад. Зеро организмро лозим меояд, ки дар як вақт бо ду беморӣ мубориза барад ва дар натиҷа, ба тамоми узвҳо фишор меафтад. Дуюм, ҳама гуна намуди эмгузаронӣ масуниятро ба эътидол оварда, барои зиддият намудани бо вирус имкон медиҳад.

Ғизои дуруст. Кӯшиш намоед, ки дар дастурхони шумо бештар сабзавоту кабудӣ бошад. Сабзавоту кабудӣ дорои клетчатка буда, микроорганизмҳои муфидро бо ғизо таъмин мекунанд. Кори масунияти бадан бошад, аз ҳолати микрофлора вобастагӣ дорад.

Витаминҳо

Дар давраи пандемия истеъмоли ҷавҳари аскарбин, хусусан дар якҷоягӣ бо рутин манфиатбахш буда, муҷиби қувват гирифтани девораи рагҳо мегардад. Истеъмоли поливитаминҳоро низ ба роҳ мондан лозим аст.

Спрей ва қатрадоруҳо барои бинӣ намегузоранд, ки вирус дар пардаҳои луобии бинӣ паҳн шавад.

Истеъмоли миқдори зиёди нӯшокӣ. Агар ҳуҷайраҳои ҷисми мо беоб шуда бошад, вирус зудтар паҳн мешавад. Обро беҳтараш бо истакон неву як қултӣ новобаста аз истеъмоли хӯрок нӯшидан мумкин аст.

Ғалатҳое, ки сабабгори марг шуда метавонад.

Аксарият ҳангоми пандемия ба хатогиву ғалатҳое роҳ медиҳанд, ки метавонад оқибатҳои нохуш ба бор оварад. Масалан:

Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Хатари COVID-19 дар он аст, ки он нишонаҳои зукоми муқаррариро дорад. Дар сурати беаҳамиятӣ кардан метавонад оқибатҳои нохуш ба бор орад.

Аз COVID-19 тавассути халонидани дандонаҳои сирпиёз ё пораҳои гармдору (имбир) ба сӯрохиҳои бинӣ халос шуда наметавонед. Баръакс пардаҳои луобиро зарар расонида, сабабгори илтиҳоб ёфтани он ва пастшавии маснуияти бадан мегардед. Дар натиҷа, вирус ба осонӣ ба ҷисм ворид мегардад.

Сӯрохиҳои биниро бо маҳлули перекиси водород, намакобу содаоб, мағзоба обгардон накунед, вагарна пардаҳои лоубиро хушк ва барои ворид гаштани вирус мусоидат мекунед.

Ба сӯрохиҳои бинӣ равғанҳои гуногун, аз қабили равғани облепиха, офтобпараст ва ғайра начаконед. Сӯрохиҳои бинӣ мӯякҳои махсусе дорад, ки ба вирус имкони ворид шудан намедиҳад, равған мӯякҳоро ба ҳам часпонида, корашонро душвортар месозад.

(Аз маводҳои интернетӣ)




11.11.2020     309
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php