Хушбахтии миллат аз заҳматҳои ӯст!

Замоне, ки Тоҷикистони азиз дар вартаи ҳалокат қарор дошт ва мардуми шарифаш пароканда буд, мардуми тоҷик ноумед аз зиндагӣ бо пораи ноне ва гоҳе гурусна зиндагӣ мекард. Мардуми тоҷик дуо мекард, ки Худованди мутаол барои миллати азияткашидаи тоҷик роҳбареро ба сари қудрат биёрад, ки аз ҳоли мардумаш хабардор бошаду ҷангро хомӯш сохта, Ватанро обод намояд. Ҳамагон дуо менамуданду бо ҳасрат орзуи тинҷию оромии Ватанро интизор буданд. Дар он давра гарчанде, ки давлати тоҷикон соҳибистиқлолиро эълон намуда буд, аммо то ҳол аз ҷанбаҳои соҳибистиқлолӣ асаре набуд, зеро Тоҷикистон дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошту марзу буми кишварро давлати Русия ҳимоя менамуд. Қабули Истиқлолияти давлатӣ (қарори муҳимми таърихӣ) боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд. Ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ шинохта шуда, имконият фароҳам овард, то дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ ноил гардем. Касби истиқлолияти давлатӣ аз давлати ҷавон тақозо менамуд, ки дар самти ба по мондани низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, муайян намудани сохти давлатию идоракунӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии аҳолии кишвар ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд. Дар ин давра тамоми корхонаҳо валангор буданд ва давлат халқи худро ҳатто бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонист. Роҳҳои аз замони шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд. Меҳмонхонае набуд, ки барои қабули меҳмонони хориҷӣ омода ва ба талаботи замона ҷавобгӯ бошад. Мардум норасоии обу барқро ба куллӣ эҳсос менамуданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд.

Дар он замон танҳо ба воситаи радио хабареро мешунидӣ, чунки дигар васоити ахбори умум фалаҷ буд ва касе намедонист, ки тақдири миллат чӣ мешуда бошад? Рузе, ки ҷаласаи тақдирсоз баргузор мешуд, ва ҳамон лаҳзае,ки вакилон Эмомалӣ Раҳмонро барои роҳбарии давлат пешниҳод намуданд, бо як ифтихори бузург гуфта метавонем, ки хушбахтии миллати мо фаро расид, зеро бо сарварии чунин инсони асил, ҷавонмарди бузургу дарёдил, сипаҳсолору хоксор тавонистем ба беҳтарин муваффақиятҳо ноил гардем:

Ҷавонмарди асили халқи тоҷик,

Баровард миллаташ аз шоми торик!

Дар ҳақиқат ҳам чунин шуд, ки тавассути корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон аз он шоми торик раҳо ёфт, зеро ӯ ҷавони доно, тавоно, худшинос ва ватандӯст буда, аз сиёсат бохабар аст. Натиҷаи саъю кӯшишҳои шабонарӯзии ин марди кордону наҷиб аст, ки имрӯз мо чунин давлати ободу зебо дорем:  

Тавоно нест он кас, гар набишносад тавоноӣ,

Муросо нест дар аслаш, агар бошад мадороӣ.

Ба қадри Меҳан он кас мерасад, ки ҳаст таҳҷоӣ,

Ба тоҷик аст расми худшиносӣ, расми бобоӣ.

Дар он рӯзҳо, ки мардум пароканда буду сарсон ва амнияту якпорчагии миллати тоҷик дар хатар, бо ташаббус ва азму иродаи қавии ин марди ҷасуру диловар, фарзанди фарзона ва Сарвари миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон, мардуми парокандаи ин миллати борҳо азиятдида боз сарҷамъ гардид. Ӯ тавонист дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро ба ҳам орад.

Аҳмадшоҳи Масъуд - қаҳрамони миллати афғон дар даврае, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик барои овардани ҳамватанон ва гуфтушунид бо мухолифин ба Афғонистон сафар доштанд, гуфта буд: “Ман имрӯз роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру туп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат ба Афғонистон омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо - афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем.” Ба ҳамаи мо маълум аст, Афғонистон, ки ҳамсоякишвари мост беш аз 40 сол аст оромиро надидааст ва дар зери асорати давлатҳои абарқудрат мардумаш дар орзуи оромию ободии кишвари хешанд.

Пушида нест, ки Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷоннисориҳо ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. Ин буд, ки вохӯрию гуфтушунидҳои пайдарпай бо саркардагони гурӯҳи мухолифин бенатиҷа намонданд. Натиҷаи 5 даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот бо онҳо оқибат самараи нек дод. Фаридуддин ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Аттор дар ин боб хуб фармудааст:

Эминиву неъмат андар хонадон,

Тандурустиву фароғат баъд аз он

Президенти кишвар бо садоқат ва муҳаббати беандоза ба Ватан ва бо баҳои ҷон ба боварии мардум сазовор гаштанд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназири Роҳбари давлат нақбу пӯлҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки ин рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, ба ҳаёти ҳамарӯзаи онҳо беҳбудӣ бахшид. Ҳимматбаландӣ ва ташаббускории ин марди хирад буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат баста, то ба ин рӯзҳои нек расид. Як қатор сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, НБО “Роғун” ва инчунин “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Роҳи оҳани Хатлону Кулоб”, “Нақби Истиқлол”, “Нақби Шар-Шар”, Пулҳои дохилию байни ҳамсоякишварҳо, роҳҳои ду-се ошёна, биноҳои замонавии баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва боғҳои зебои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд.

Ба даст овардани истиқлолият барои мо яке аз мукаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро қариб ҳамаи давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд. Ватани азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд, ки ин аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли сохибистиқлолии худ мебошад. Тоҷикистон акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Яке аз музаффариятҳои муҳимму арзишманди даврони истиқлолият ин ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрўз корҳои бузургеро ба анҷом расонем.

Баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ афзуд. Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 40 расидаанд, ки ҳоло дар онҳо беш аз 227 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, шумораи хатмкунандагони замони истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд.

Тавассути истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷахонро бо ҳам овард ва дарҳои худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ   бахшида ба Рӯзи Истиқлолият зикр карда буданд: «Баҳри ноил гаштан ба истиқлолияти комил зарур буд, ки ҳар як шаҳрванди Точикистон моҳияти давлати миллиро дарк кунад, аз ҳадафҳои аслии истиқлолият, унсурҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва оини ватандорӣ огоҳ бошад. Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қиммат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд».

Ғамхориҳои падаронаи Роҳбари давлат ба ятимону бепарасторон, ки аз сафарҳояшон ба ноҳияҳои дуру наздик ҳамаруза тариқи оинаи нилгун мебинем, гувоҳ аз раиятпарастии эшон аст. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҷавонони моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзанд, содиқона заҳмат кашанд, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошанд, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоянд. Мо дар арафаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон қарор дорем. Агар ин муддат дар назди таърих як лаҳза аст, барои мо тоҷикон қиммати асрҳоро дорад. Барои он ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ ҷавононро аз ҷодаи торикиву гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем. Имрӯз мо худ шоҳид ҳастем, ки дар давлатҳои Араб чӣ ҳодисаҳо руҳ додаву боиси бехонумоншавӣ ва сарсонии мардумашон гаштааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда, ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамояд. Якояки мо вазифадорем, ки Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои насли наврас худ намунаи ибрат бошем. Ҳамзамон шахсоне, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ таъйин мегарданд, содиқона ба Ватану миллат хизмат намоянд, ки боиси норозигии ҷомеа нагарданд. Дар якҷоягӣ мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллату давлатро гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем. 

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. – мутахассиси шуъба


05.04.2021     360
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php