ХУДШИНОСӢ-ШАРТИ ҲАСТӢ

Муҳасиллин ва умуман ҷавонони имрӯзаро зарур аст, донанд, ки дар замони муосири пуртазоду мураккаб, як пояи асосӣ ва нишонаи рӯшани шахсияти комил ва ҳамаҷониба инкишофёфтаро фарҳанги кулли соҳаҳои ҳастии ҷомеа ташкил медиҳад. Фарҳанги сиёсӣ, системаи муташаккил ва мақсадноки донишҳо ва маърифати ҳастии инсон дар ҳама гуна давру замонаҳо буда, шинохти илмии шаклҳои сиёсию иқтисодии ҷомеаи башарӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ ҷузъи ҳатмии таркибии он аст. Хеле муҳим ва тақдирсоз аст, донистани ҳақиқати ҷаҳони пуртазоди муосир ва тақдиру сарнавишти қавму миллатҳои курраи арз. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҷараёни ҷаҳонишавии илму фарҳанги муосир, аз байн рафтани миллатҳои алоҳида ва забону фарҳанги миллии онҳо ногузир аст. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонони тоҷик бо баҳисобгирии вазъи қонунии ҷаҳон ва равандҳои ҷаҳонишавии ахлоқ, дин, фарҳанг ва маънавияти сокинони замин бояд дар руҳи ифтихор аз гузаштаи пурифтихори ниёгон, илму фарҳанги куҳани аҷдодон, суннату оинҳои миллӣ ва муқаддасу азиз донистани хотираи таърихии миллати куҳанбунёдамон тарбия ёбанд ва шаъну шарафи миллати тоҷик ва Тоҷикистони азизро чун хонаи умеди тоҷикону форсизабонони олам дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат чун гавҳараки чашм ҳимоя намоянд. Бесабаб нест, ки ҷузъи асосӣ ва меҳвари Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ-ро маҳз тарбияи миллӣ, бахусус, тарбияи худшиносии миллӣ ташкил медиҳад. Талаботи аввалини ғояи ахлоқии худшиносии миллӣ, донистани таърихи пурифтихори қавмҳои ориёӣ аз замонҳои қадимтарин то имрӯз мебошад. Дар ин маврид хеле зарур аст, ки ҷавонони бошарафи мо донанд ва ифтихор дошта бошанд, ки аҷдодони онҳо аз рӯзи азал мардумони давлатдор ва соҳибилму фарҳанг буданд ва ба кулли қавму миллатҳои дигар дину давлатдорӣ, илму адаб ва шароити зиндагию ҷомеадорӣ, шинохти инсону Ватандорӣ омӯхтаанд. Мояи ифтихори бузурги мо, ворисони қавмҳои ориёист, ки ҷадди кабирамон, пайғамбари аз ҷониби аъроб эътироф нагардида Зардушт, аввалин китоби динии башарият Авасторо таълиф намуда, банни Одамро бори аввал дар таърихи ҳастиаш ба шинохти Худованди яккаву ягона - яктопарастӣ даъват карда, эҳтироми оташи муқаддасро чун рамзе аз Худованди якто таъкид фармудааст.
Триадаи ахлоқиии Зардушт “Пиндори нек, Гуфтори нек, Кирдори нек” асоси таълимоти ахлоқию маънавии башариятро ташкил дода, таълимоти дониши ӯ асоси динҳои баъдина - буддаӣ, яҳудӣ, насронӣ ва исломи нобро фароҳам оварда аст. Ниёи бузурги мо Куруши Кабир нахустин шоҳаншоҳест, ки низоми комили ҳуқуқии давлатдориро ба ҷаҳониён омӯхта, аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсонро қабул кардааст. Донистану эҳтиром кардан, муқаддас донистани забони тоҷикӣ чун як рукни асосии ҳастии миллат ва давлатдории миллӣ, омӯзиши эҷодкорона ва хеле ҷиддии адабиёти оламшумули форсу тоҷик, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, ки ҷаҳониёнро шефтаву шайдои худ гардонидааст, аз бар кардани афкори илмию адабӣ, таърихӣ, динию мазҳабӣ, фалсафию ахлоқии аҷдодонамон аз талаботи муҳимтарини тарбияи худшиниосии миллӣ мебошад.
Омӯзиш ва донистани осори оламшумули фарзандони бузурги миллати тоҷик - устод Абуабдулло Рудакӣ, Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Дақиқию Шаҳидии Балхӣ, Ибни Синою Балъамӣ, Хайём, Берунию Аттор, Низомию Саъдӣ, Анварию Низомулмулк, Ҳофиз, Мавлои Руму Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифию Восифӣ, Донишу Шоҳин, Айнию Улуғзода, Лоҳутию Турсунзода, Лоиқ ва садҳо адибону мутафаккирон ва олимони машҳур барои ҳар як тоҷик ва тоҷикзодаи асил шарти ҳаётӣ ва нишонаи нангу номуси миллист.
Шогирдони азизи мо бояд воқеан, ватандору ободгар, вориси бонангу ори давлату миллатамон бошанд ва Тоҷикистони маҳбубро ба биҳишти ҳақиқии рӯи Замин табдил диҳанд ва ба ҷаҳониён собит созанд, ки онҳо дар ҳақиқат фарзандони баору номус ва номбардори миллати соҳибсухану соҳибтаърих, соҳибкитобу диндор ва соҳибдавлатанд.
Шарипов Ҳ.Ю., мудири кафедраи анатомияи патологӣ, н.и.т., дотсент,
Боронов Ҳ.А. асисстенти кафедраи антомияи патологӣ

10.04.2020     756
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php