Худшинос будани ҷавонон боиси осудагист

Вожаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ асосан дар солҳои 80-и асри сипари шуда, яъне солҳои бозсозиву азнавсозӣ бештар бар сари забонҳо афтода буд. Ин вожа бо ба даст овардани истиқлоли давлатии ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон муқаддасоти бештаре касб кард ва маънию моҳияти он фароху доманадортар гардид.
Мафҳуми худшиносӣ пешинаи тӯлонии таърихӣ дошта, дар асару навиштаҳои адибони классикии мо низ ба маънии шинохти аслу асолат, рисолати шахс бештар ба кор рафтааст. Имрӯзҳо аҳли илму адабу фарҳанг ин вожаро хеле зиёд истифода менамоянду ба ҷавонон борҳо талқин месозанд, ки худшиносу худогоҳ бошанд.
Агар дар адабиёти ирфонӣ ин калимаро асосан ба маънии шинохти худии худ ва моҳияту рисолати инсонии шахс ва боз ҷустани аслу асолат ва ватани аввалини хеш таъбир намоянд, ба монанди ин байти Мавлоно:
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Дар ҳаёти воқеии имрӯза ин калима тобиши маъноии васеътаре касб карда, инсонро ба ҳаммеҳанону ҳамзамонон ва ҷаҳон мепайвандад. Худшиносиро имрӯз мо ба маънои огоҳ будан аз аслу асолат ва решаҳои қавмию нажодӣ ва маънавии ниёгони хеш, соҳиби чи гуна эътибору эҳтишом, марзу бум, ҳунару истеъдод ва ғайраҳо будани гузаштагони худ медонем, ки аз огоҳӣ ба он дар дили мо ифтихору эътиқод нисбат ба гузаштаи пурбори худ меафзояд.
Худшиносиро имрӯз ба маънии огоҳ будан аз саҳифаҳои дурахшон ва пешинаи пурбори фарҳанги ниёгони иззатманду бошарафи хеш, ки бештар бо номҳои ориёиён, тоҷикон машҳуранд, мефаҳмем.
Худшиносӣ донистани шукӯҳу иқтидор ва эътибори таърихии ниёгони хеш мебошад ва шинохти дурусти таърихи халқи хеш инсонро ба офарандагӣ ва шинохти моҳияти инсонии хеш вомедорад. Худшиносии амиқу хирадмандона шахсро ба он вомедорад, ки ба ниёзҳои маънавии имрӯзии ҳаммиллатони худ дуруст ошно бишавем ва он эҳтиёҷи маънавиро бо ақлу донишҳои замонии худ қонеъ карда тавонем. Ҷодаи худшиносиву худогоҳии миллӣ воқеан ҷодаи омӯзиш ва парвариши ақлу зеҳну таҷриба ба шумор меояд.
Шахси худшиносу сабақ гирифта аз гузаштаи таъриху фарҳанги ниёгони худ, ҳамеша шахси огоҳу бофарҳанг буда, баҳри ҳифзу ҳимояи арзишҳои маънавии хеш кӯшиш менамояд. Худшиносию худогоҳии миллӣ намояндагони ҳамон миллатро ба рушду инкишоф мебарад ва аз гумроҳию бемаромӣ нигаҳ медорад. Як инсони зиндадилу самимӣ бо анбӯҳи орзую ормонҳои моддию равонӣ ва амалӣ сохтани онҳо зиндаву устувор буда метавонад. Маҳз талотуми орзуҳо ва талоши амалӣ сохтани онҳо инсонро аз ҳар мушкилӣ эмин нигаҳ медорад. Инсони худшинохтаву худогоҳ роҳи ноил омадан ба орзуву ормонҳои инсониро тавассути донишу ҷаҳонбинӣ муайян менамояд. Бинобар ин худшиносӣ равандест, ки дар тамоми тӯли роҳи умри инсон бояд идома дошта бошад. Тарбияи худшиносӣ дар инсон нахуст аз хонавода оғоз меёбад. Баъдан ҳангоми таҳсили дар боғча, мактаб ва гирудори зиндагӣ такмил ёфта, устувор мегардад. Агар заминаи худшиносӣ дар инсон дар давраи хурдӣ ва дар муассисаҳои мазкур дуруст шакл гирад, минбаъд дар давоми роҳи кору зиндагии ӯ рушд меёбад ва инсонро ба як шахси саодатманду некхоҳ ва хеле муфиду манфиатовар барои ҷомиа табдил медихад.
Имрӯз дар замони ҷаҳонгароӣ ва ҳуҷуми фарҳангҳои гуногуни дунё, ба фарҳангҳои асилу бумӣ, хусусан ки зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ низ ҷомиаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҳар миллату қавми худшиносу худогоҳ метавонад дар такя ба арзишҳои асили миллию мазҳабии худ ҳастии маънавиятро ҳифз ва ба муқобили гурӯҳҳои ифротӣ чун садди мусаддад истодагарӣ намояд. Бале, танҳо худшиносиву худогоҳии миллӣ ва арҷ гузоштан ба асолатҳои асили мардумии худ ва арзишҳои миллӣ, насли ҷавони имрӯзи моро аз гаравидан ба гурӯҳу ҳизбҳои ифротӣ нигах медорад. Барои ноил омадан ба чунин худшиносии созандаву бунёдгар донишу фаҳмиш ва дарки амиқу фалсафаи таърих зарур аст. Лозим аст, ки насли ҷавону ояндасози кишвар аз таъриху адабиёт ва фарҳангу тамаддуни созандаи ниёгони худ сабақҳои ҷиддӣ гирифта, барои сохтани оянда чун хамирмояи аслӣ истифода барад.
Р.Р. Раҷабов, С.С.Маҳмудова, омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

01.05.2020     407
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php