Истиқлолияти Тоҷикистон: аҳамияти таърихӣ ва байналмилалии он

Мардуми тоҷик 29– умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон- иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарин миллати Осиёи Марказӣ – тоҷикон, иди барқароршавии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати куҳанбунёди моро ботантана қайд мекунанд.

Тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар тӯли ду ҳазор соли сипаригаштаи миллодӣ бар сари мардуми тоҷик чи бадбахтие наомада буд. Аммо миллати сарбаланди тоҷикро на теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на калламанораҳои Темури Ланг аз азму иродаи истиқлолиятхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пойяндаи фарҳангии аҷдоди шикаста натавонист. То кунун номи шахсони абармард ва пуштибони истиқлолият Шераку Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Темурмалик ва Маҳмуди Торобӣ аз хотири мардуми тоҷик зудуда нашудааст. Дар пойдории истиқлолияти фарҳангӣ ва бақои умри миллат фарзандони дигари фарзонаи он А. Рудакӣ, А. Фирдавсӣ, Ибни Сино, А. Берунӣ, Н. Хусрав, К. Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ низ саҳми босазое гузошта буданд.

Агар ба зӯри силоҳ лашкари аҷнабие бар тахти аҷдодии тоҷикон муваққатан соҳиб шуда бошад, ӯ хоҳу нохоҳ зери тамаддуни тоҷикон афтода, ночор коргузории давлатиашро бо забони тоҷикӣ пеш мебурду ба низоми идоракунии он такя мекард. Ин қудрати нерӯи илму фарҳанги тоҷикон буд, ки ҳеҷ гуна яроқи аҷнабӣ он корро иҷро кардан наметавонист.

Истиқлолияти тоҷикон нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шуравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ алайҳи тоҷикон алоҳида ташаккул ёфта сабзида буд. Бо мурури замон баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ 9-  сентябри соли 1991 Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ истиқлолияти давлатии худро эълон карда буд. Вале мутаасифона дар ҷомеа шахсон ва қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифта, ҳадафҳои ғаразноки худро аз манфиатҳои давлатӣ болотар гузошта, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрванди кашиданд. Роҳҳои обод вайрон, купрукҳо таркиданд, хонаҳо сӯхтанд, корхонаҳо ғорат шуданд, даҳшати гуруснагӣ дар ҷумҳурӣ он вақт доман афрохта буд.

Дар натиҷа Конститутсия ва қонунҳои нави қабулгардидаи мамлакат поймол, Президент ба зури силоҳ аз вазифа барканор, ҳукуматро ночор ба истеъфо маҷбур намуда, тамоми шохаҳои ҳукуматдорӣ фалаҷ гардида буданд. Кор ба ҷое расид, ки доир намудани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Душанбе ғайриимкон гардид, зеро ҳеҷ кас кафолати амнияти вакилонро дар он вақт дода наметавонист.

Дар чунин шароити вазнин иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии ҶТ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида, барои хотима гузоштан ба ҷанги бемаънӣ таҳкурсии устувор гузошта буд. Ин имкон дод то раванди барқарорсозии шохаҳои ҳукумат, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, эҷоди санадҳои нави ҳуқуқӣ шурӯъ карда шавад.

Таҳлили таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат ягон бор рақиби сиёсиашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда бо силоҳ ва либоси ҷангиаш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинонидааст. Аммо сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҷасурона ба ин иқдом бидуни тарсу ҳаррос даст зада навишта буд, ки маро ҳатто алоҳида аъзоёни ҳукумат низ дар ин бобат дар он давра барои тарсончакӣ ва хиёнат сахт маломат карда буданд, ки гуё бо мухолифин забон як карда бошам. Дар он замони душвор мумкин буд, ки мамлакат ба ду қисм тақсим мешуд.

Яке аз шартҳои асосии истиқлолияти воқеии ҳар давлат ин эътироф шудан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон пас аз расидан ба истиқлолияти воқеӣ дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби кишварҳое, ки дар арсаи олам нақши муҳим доранд алакай ба расмият шинохта шуд. Тоҷикистони соҳиистиқлол дар кори созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, СММ, Созмони Амният ва ҳамкори дар Аврупо, Шартномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ИДМ низ фаъолона иштирок дорад. Борҳо сарвари давлати тоҷикон дар ҷаласа ва форумҳои ин ташкилотҳо аз номи кишвари мо иштирок ва бо нутқҳои пурмазмун баромад намуда буданд. Масалан роҳбари давлат дар конфронси исломӣ, Малайзия, 12 декбри соли 2005 баромад намуда аз ҷумла қайд намуда буданд, ки  «Ба андешаи ман, натиҷаҳои хатарноки раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлоти ба он пайванд, ин коҳиши одобу ахлоқ, суннат, маънавиёт, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бидуни онҳо ҳастии ҳақиқии инсон ғайриимкон аст.»

 Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарафи сиёсати дурусти пешгирифтаашон бо Руссия чун шарики боэътимоди стратегӣ, инчунин ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Белоруссия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон муносибатҳои дӯстона ва беғаразона дорад. «Мо бо ҶХ Чин муносибати дӯстона ва ҳамсоягии нек дорем. Ҳоло мавриди ҳамкорҳои доманадор бо ин ҷумҳурӣ фаро расидааст ва мо мехоҳем, ки аз ин ҳамкориҳо барои пешрафти иқтисодии кишварамон ҳарчи васеътар истифода барем.» - гуфта буданд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Албата ҳаёт дар ҳар кишвар хоҳ он мутараққӣ бошад хоҳ як андоза қафомонда ҳатман аз проблемаҳои мубрам иборат аст ва роҳҳи ҳалли онҳо дар ҳамаи кишварҳо як солу ду сол нахоҳад буд.  Пас агар сулҳу ваҳдатро ғанимат шуморему шукри истиқлолият кунем, бовари дорем, ки миллати заҳматкаши мо тоҷикон низ ҳама гуна проблемаҳоро пас аз чанд муддат ҳал хоҳанд намуд.

ТаҷрибаиваҳдатваистиқлолиятиТоҷикистондороиаҳамиятибайналмилалӣмебошад. Ҷанги Рустаму Суҳробдар «Шоҳнома» ривояти хаёли нест. Он сарнавишти як халқи сода аст, ки макри Афросиёбҳоро намедонаду боиси гиряву нолаи модари тоҷик гардида, Фирдавсии бузург онро ба таври реали тасвир намудааст.

Аммо дар фуроварди сухан ҳушдор бояд дод, ки ҳанӯз ҳам қувваҳои ҷудоиталаб дар хориҷи кишвар вуҷуд доранд, ки онҳо бо чунин роҳ рафтани кишвари соҳибистиқлоламонро намехоҳанд ва мехоҳанд, боз аз нав тибқи мақоли тоҷикӣ «обро лой карда моҳӣдоранд». Ин бошад аз ҳарфарде, ки худро тоҷикистонӣ мехонад, сарфи назар аз ақоиди сиёсӣ ва мазҳабиаш зарурияти бештари ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд.

Шуъбаи тарбия


03.09.2020     1757
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php