Истиқлолияти энергитикӣ-захираҳои обӣ

Барои  соҳибихтиёр гаштан дар истифодаи сарватҳои табиии худ, аҳамияти хосса додан ба рушди иқтисодию иҷтимоии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ  ва талошҳо барои расидан ба ҳадафи стратегии миллӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба  хизматҳои шоиста ва ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбутанд.         Барои мардуми тоҷик боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро дар масъалаҳои  ҷаҳонии об  қадрдонӣ  карда, роҳбари  давлати  моро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланд роҷеъ ба оби 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, шомил намуд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ  боиси  зиёд гаштани  захираҳои  обӣ  ва  саҳмгузории  давлати мо дар пешгирии гармшавии иқлим дар сайёра  мегардад.

Бо назардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонд, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикӣ  дар мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуд. Маркази барқу гармдиҳии Душанбе-2 дар навбати аввал ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион килловатт-соат неруи барқ дар як шабонарӯз расонида шуд. Маркази мазкур метавонад қариб 60 фоизи талаботи шаҳри Душанберо ба неруи барқ қонеъ намояд. Ба гуфти коршиносони соҳа аҳолии шаҳри Душанбе агар дар фасли гармо 4-5-млн квт-соат неруи барқ истеъмол намояд, дар фасли сармо ин нишондиҳанда ба 14-15млн квт –соат мерасад. Иқдомҳои Сарвари давлат амалӣ гардида, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии Роғун мебошад, ки онро Президенти мамлакат бевосита оғоз бахшиданд ва ду агрегати он ба кор дароварда шуд.

Имрӯз ҳиссаи нерӯи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ тақрибан  20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду халос. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоиз неруи барқ аз истифодаи захираҳои обӣ тавлид мешавад ва ин аз боигарии захираҳои обӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқуъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтудаҳо ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Офатҳои табии марбут ба об барои Тоҷикистон ҳам оночун мушкилии ҷиддӣ боқӣ мемонанд. Тоҷикистон кишварест, ки наваду се фоизи қаламрави онро кӯҳсори релефаш мураккаб ташкил медиҳад. Вале таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд. Зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» пурра татбиқ карда шаванд ва дар баробари ин, даҳсолаи нави қабулшудаи даҳсолаи пешинаро давом хоҳад дод.

Ҳамин тавр, барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ ҳамчун масоили мубрами рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик гурӯҳи чорабиниҳои зеринро амалӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст:

      - дуруст ба роҳ мондан ва мукамалгардонии принсипи тақсимот ва лимити истифодабарии захираҳои обии минтақа. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4 % захираҳои оби минтақаро таъмин мекунад, дар ҳоле ки Қирғизистон- 25,3%, ӯзбекистон- 7,6%, Афғонистон- 5,4%, Қазоқистон- 3,9% ва Туркманистон- 2,4%-ро таъмин мекунад.

         - саривақт азнавтаҷҳизонӣ ва барқароркунии иншооти гидротехникӣ.

        - сохтану ба истифода додани неругоҳҳои обии барқӣ(НОБ) дар нақшагирифташуда (Роғун, Даштиҷум ва ғайра). Масалан, дар назар дошта шудааст, ки танҳо сохтану ба истифода додани НОБ-и Роғун ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ мусоидати калон мекунад.

       Дар хотима ҳаминро қайд менамоем, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешистода ва татбиқи он ҷидду ҷаҳди зиёд, вақт ва ҳатман дастгирии бузурги молиявӣ аз тарафи давлат лозим аст. Асри 21 асрест, ки дар он давлатҳои дунё бо суръати бениҳоят баланд тараққӣ мекунанд ва онҳо асосан он намуди захираҳоеро истифода мебаранд, ки дар дохили давлат нисбат ба дигар захираҳо доираи истифодабариашон зиёдтар аст.  Ба сифати мисол, Қатар ва Қувейтро мегирем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҳисоб метавонад тараққӣ ёбад, яъне кадом намуди иқтидори иқтисодии мавҷударо истифода барад, ки фоидаи бештар ба даст орад. Аз ҳамаи иқтидорҳои ба иқтисодиёти мо хосбуда ин иқтидори захираҳои обӣ-энергетикӣ ба шумор меравад.


Таибов С. А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З. - мутахассиси шуъба


06.08.2020     413
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php