Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ

Дар «Фарҳанги забони форсӣ» калимаи «истиқлол» - адами вобастагӣ, зери нуфузи чизе набудан; ихтиёр ва озодии амал барои идораи комили як кишвар дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ бидуни аъмоли нуфузи ботинӣ ва зоҳирӣ, худмухторӣ» омадааст.
Умуман, мафҳуми истиқлол дар баҳсҳои илмӣ мавзўи хеле доманадор ва бисёрпаҳлуе мебошад, ки муҳаққиқон онро ба таври гуногун шарҳ додаанд.
Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми «истиқлол» одатан волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигарро мефаҳмонанд.
Мафҳуми истиқлолияти давлатӣ – ҷузъи ҷудонашавндаи хусусиятҳои давлат буда, сарчашма ва асосҳои онро иродаи халқи мамлакат ва мустақилии давлат ташкил медиҳанд.
Замоне, ки як давлат дар муқоиса бо давлатҳои дигар заифу камқувват бошад, шарҳи падидаи истиқлол тамоми он маъноҳоеро дар худ ҷамъ намудааст, аз даст медиҳад. Давлати заиф дар дохил ҳам тамоми имконоти мавҷудияти ҷомеаро зоеъ мекунад ва истиқлоли мардумро мегирад. Пас, бояд таъкид намуд, ки истиқлол арзиши бебаҳо ҳисобида шуда, решаи асосии онро истиқлоли шахсият ташкил медиҳад. Истиқлол хоси инсон аст ва ҷомеае, ки истиқлолашро аз даст дода бошад, бад-ин маъност, ки афроди он ҷомеа аз истиқлоли худ бехабаранд ва истиқлол дар он ҷомеа ҳайф шуда, нақши худро гум кардааст. Ҳамзамон, аз чунин мардум барои миллат фоидаеро интизор шудан ғайриимкон аст.
Барои бартараф намудани мушкилиҳои зикршуда, кишварҳои тозаистиқлолро лозим аст, ки чунин ду иқдомоти муҳимро анҷом диҳанд:
1. Раванди ваҳдат ва ба ҳам омадани миллатро густариш дода, тамоми фаъолиятҳо дар асоси Сарқонуни кишвар мутамарказ гардонанд. Бояд чунин андеша тақвият гардад, ки итоат аз роҳбарӣ ва фармондеҳии низоми сиёсӣ танзимкунандаи ваҳдат бошанд.
2. Иртиботи тарафайни миллату давлат чунон тақвият дода шавад, ки ҳарду ба як мафҳум ҷилвагар гарданд, то аз сўистифодаҳои эҳтимолӣ пешгирӣ карда шавад.
Хушбахтона, бо сиёсати хирадмандона ва талошҳою заҳматҳои шабонарўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомотҳои муҳим самаранок анҷом дода шуда, дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу ваҳдат ва истиқлоли миллии устувор ба даст оварда шуд.
Дар шароити муосир дар баробари истиқлоли давлатӣ, ки онро олимон доимо яке аз ниҳодҳои асосии низоми муносибатҳои байналхалқӣ муаррифӣ менамоянд, инчунин истиқлоли халқӣ ва истиқлоли миллиро низ аз ҳам фарқ менамоянд. Дар зери мафҳуми истиқлоли давлатӣ фаъолият ва муносибатҳои сиёсие фаҳмида мешавад, ки онҳо бо давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр ва мустақил алоқамандӣ доранд. Истиқлоли халқӣ ҳуқуқи халқиятҳои алоҳида барои мустақилона муайян намудани роҳи рушду инкишофи ояндаи худ, муайян намудани сарнавишти худ, самтҳои асосии сиёсат ва ҳуқуқи назорат намудан аз болои мақомоти давлатиро ифода менамояд.
Дар раванди амалӣ гардидани ҳуқуқи худмуайянкунии халқу миллатҳои алоҳида аз ҷониби онҳо ба таври озод баён гардидани иродаи сиёсӣ моҳияти истиқлоли миллиро ифода менамояд.
Қобил ба ёдоварист, ки дар илмҳои сиёсӣ баҳс дар атрофи мафҳуми «истиқлоли сиёсӣ» ва шинохти асолати миллӣ байни олимону тадқиқотчиён солҳои зиёде давом дорад.
Дар айни ҳол, истиқлоли сиёсӣ як маънии муҳими дарку таваҷҷуҳ ва таҳлили илмҳои сиёсӣ гардидааст, ки одамон ба он ҳаёти худро вобаста медонанд. Инсон барои шинохт ва ҳидояти хеш ба худшиносӣ бояд қудрати эҷод, доноӣ, дарки асрори ҳастӣ, таҳлил ва фикри тоза барои андешаи маърифати ҳастӣ дошта бошад. Истиқлоли сиёсӣ ин ҳамон озодии қудратмандест, ки миллат дар он метавонад дурнамои рушду инкишофи худро таъмин намояд.
Албатта, пайдо шудани як қатор кишварҳои тозаистиқлол, дар навбати аввал, рақобати кишварҳои абарқудрати ҷаҳонро ба миён овард. Онҳо қудратҳо имкониятҳои иқтисодию сиёсии хешро мавриди истифода қарор дода, нуфузашонро бо роҳҳои мухталифи геополитикӣ ва дипломатияҳои махсус паҳн карда тавонистанд. Ҷаҳон аз ҳолати пешина ба тағйиротҳои гуногун рӯба рӯгашта, майл ба ҷаҳони якқутбӣ намуд. Ҳамаи ин дигаргуниҳои таърихиву сиёсӣ, бе чуну чаро, таъсири худро ба муносибатҳои субъективӣ низ расонид, ки дар натиҷаи ин баъзан рақобатҳои гуногуни сарварӣ байни кишварҳо ҳам пайдо гардиданд.
Зикр намудан зарур аст, ки раванди соҳибистиқлолӣ дар шароитҳои таназзули сохти тоталитарӣ дар Тоҷикистон хеле мушкил мегузашт. Ин ҷо нақши шароит-сабабро ташаннуҷи буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, ноумедӣ аз арзишҳои пешинаи маънавӣ ва ғоявӣ, густариши сарҳадот, озодии маънавию озодбаёнӣ ва ғайра бозидаанд. Ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчунин бо таҷаммўи сабабҳо вобаста буд. Дар байни онҳо - парокандашавии пурраи Иттиҳоди Шўравӣ, ки намояндагони кишварро ба ҳаёти мустақилона раҳнамун сохт; ҷамъияти анъанавӣ, ки дар он нақши бузургро робитаҳои маҳалпарастӣ (минтақавӣ) ва қавмӣ, муборизаи элитаи кўҳнаву нав барои ҳокимият мебозанд. Дар якҷоягӣ ҳамаи ин омилҳо сохт ва динамикаи муноқишаи байни тоҷикон ва ҳамчунин мушкилоти бо натиҷаҳои сиёсию иҷтимоии он вобастаро ба вуҷуд меоварданд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаҳои аз ҳама душвор дар соҳаи ҷараёни муҳоҷират густариш ёфтаанд. Ҳатто бе назардошти он, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2000, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муҳоҷират» қабул шудааст ва Хадамоти давлатии муҳоҷират дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ҳоло ҳам баъзан масъалаҳои ҳуқуқии муҳоҷиратӣ коркард нашудаанд. Ба ҳар сурат, баргаштани муҳоҷирони гуногун аз кишварҳои дигар, ки аксари онҳо аз муҳоҷирони «иқтисодӣ мебошанд», аз худ масъалаи афзуншавии амниятро зоҳир менамояд. Умуман, ҳалли мусбии масъалаҳои марбут ба муҳоҷират ба оромӣ ва зиёда аз ин, ба амнияти кишвар низ таъсири калон мерасонад.
Истиқлолияти давлатӣ дар ҷаҳони муосир ба ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаи зич дошта, бевосита барои ба вуҷуд овардани он мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ба илм нисбатан нав дохил гардида, баҳсҳо дар атрофи ба таври воқеӣ созмон додани он дар нимаи дуюми асри XX ба вуқўъ пайваст.
Айни замон, мутобиқи ақидаи аксарияти муҳаққиқон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун тарзи иҷтимоии ҳаёти одамон, ки дар худ маҷмўи воситаҳои қонеъ намудани талаботи онҳо (ба монанди талаботи меҳнатӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо), инчунин низоми ташкилотҳо, институтҳои иҷтимоӣ ва вазифаҳоеро муттаҳид намудааст, ки талаботҳои дар боло зикр гардидаро таъмин менамоянд.
Зиёда аз ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи дар сатҳи баланд худ ташаккулёфта дар асоси ихтиёран сохтор додани иттиҳодияҳои гуногун, ба монанди - иттиҳодияҳои илмӣ, динӣ, фаҳангӣ, варзишӣ, иттифоқи касаба ва ғайраҳо мебошад. Чунин иттиҳодияҳо робитаи муназзами тарафайнро байни мардум ва ҳар як шаҳрвандро бо сохторҳои давлатӣ таъмин менамояд.
Возеҳу амиқ аст, ки инкишофи давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ дастурҳои барномавӣ-сиёсии давлат ба шумор рафта, ба таври қонунгузорӣ кафолат дода мешавад. Дар бисёре аз давлатҳои пасошуравӣ тарҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаҳои бештар ҳалталаби ҳаёти ҷамъият, ба монади сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ташаккули ҳокимияти давлатӣ арзи вуҷуд дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин раванд, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, оғоз гардида, босубот давом дорад.
Бояд қайд намуд, ки таҳлили масъалаи ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳуриҳои пасошўравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзўъҳои муҳиму мураккаб дар илмҳои муосири ҷомеашиносӣ ва амалияи демократикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият дар давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Бешубҳа, ҷомеаи шаҳрвандӣ байни аъзои худ муносибатҳои густурдаи иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро ба вучуд меорад. Дар чунин ҷомеа ақидаи ҷамъият, ҳамчун иродаи коллективӣ вуҷуд дорад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба давлат худмухтор буда, мустақил аст. Дар баробари ин, халқ, аз як тараф, ба воситаи иттиҳодиҳои ҷамъиятӣ ба сохторҳои давлатӣ таъсир расонида, худсарӣ ва истибдоди ҳокимиятро маҳдуд месозад ва аз тарафи дигар, сохторҳои давлатӣро пурра сохта, ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногун, дастгирӣ ва кумак расонида, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро муҳофизат мекунад.
Барои ташаккул ёфтани ҷомеаи шахрвандӣ чунин шароитҳо – озодии шахсӣ ва ҳаёти ҷамъятӣ, озодии ба вуҷуд омадан ва фаъолияти иттиҳодияҳо, озодии сухан, матбуот, ҳамоиш ва баёни ақида заруранд. Ин гунна ҷомеа се ниҳоди ободони ҷамъиятӣ: шахсият, коллектив ва ҳокимиятро ьо ҳам пайваст месозад. Фақат дар чунин ҷомеа метавонанд муассисаҳои ирфонии давлатӣ-ҷамъиятӣ ва ҷамъиятӣ-давлатӣ ташаккул ёбанд ва вуҷуд дошта бошанд.
Вале набояд фаромуш сохт, ки созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ мураккабӣ ва таззодҳои дохилии худро дорад. Ошкор намудану таснифи онҳо фақат бо назардошти хусусиятҳои ба таври воқеӣ ҷой доштаи минтақаи мушаххас ва ё мамлакати алоҳида муяссар мегардад.
Бидуни баҳс, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки мавқеи махсуси геополитикӣ ва иқтисодиро дорост, наметавонад дар андозаи бениҳоят зиёд он шаклҳо ва усулҳои транзити иқтисодӣ-сиёсии давлатҳои пасокоммунистиро нусхабардорӣ намояд. Ба сифати тавсифи хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, заифии анъанаҳои демократӣ дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ ва таҷрибаи басо ками инкишофи давлати мустаққил ва институтҳои онро номбар намудан мумкин аст.
Ба қатори чунин хусусиятҳо инчунин пухта нарасидани омилҳои ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷустуҷўиинститутҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва манфиатҳои мазмуни навин доштаву аз консепсияи возеҳи идеяи миллӣ фориғ, идеологияи миллии сохтори бисёрқавмии мамлакатро ба фарогиранда, анъанаҳои аҳолӣ, муносибати он бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар онҳо равандҳои идораи авторитарии давлат ҷой доранд, шомил гардиданд.
Зиёда аз ин, Тоҷикистон, таърихан ба мамлакатҳое тааллуқ дорад, ки аз ҷомеа дида ба давлат нигаронида шудаанд ва қариб ҳамаи ҷомеаҳои шарқи чунин хусусиятро доро мебошанд.
Ҳамоҳангии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо сохторҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, бо ҷустуҷўи роҳҳои ба даст овардани ризоияти сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, зарурати ба вуҷуд овардани мехизми самараноки муносибати байниҳамдигарии сохторҳои қонунбарор ва иҷроияи ҳокимият, густариши ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар идораи ҷамъият робитаи зич дорад.
Қайд намудан зарур аст, ки айни замон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ду раванди мусбӣ – эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷараён доранд. Дар маҷмўъ, ин равандҳо ҷиҳати рушду қавӣ гардидани меъёрҳои демократӣ дар тамоми соҳаҳҳои ҳаёти ҷомеаи тоҷикон шароитиҳои мусоидро фароҳам меоранд.
Масъалаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсие мавҷуданд, ки барои ҳалли онҳо на танҳо проблемаҳои иқтисодӣ, балки дарки нақши истиқлолияти сиёсӣ дар ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим меояд. Махсусан масъалаи мақоми миллати номдор дар ин раванд, ки яке аз душвортарин проблемаҳо ба шумор меравад, бояд мавқеи худро муайян намояд.
Дар ин раванд муҳимтарин масъала бояд худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ барои якпорчагии Тоҷикистон бошад. Миллати номдор, ё ин ки таҳҷоӣ, дар ҳар сурат бояд дар гирду атрофии хеш дигар аққалиятҳои қавмӣ ва бошандагони Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ҳувияте барпо намояд, ки боиси рушду ифтихор гардад. Дар ин сурат, ҳар гуна дахолати дохилию хориҷӣ, мазҳабию ифродгароӣ наметавонад мақсадҳои ғаразнокеро дар кишвари мо амалӣ гардонанд.
Дар воқеъ, тоҷикон аз қадимулайём мардуми озодипараст буда, барояшон истиқлолияти сиёсӣ бузургтарин арзишест, ки ба он ифтихору арҷгузорӣ доранд. Истиқлолияти сиёсӣ – асоси давлатдориест, ки солиёни дароз миллати тоҷик онро интизорӣ мекашид. Бинобар ин, дигар ҳеҷ як қувваи носолим ё пастию баландии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ наметавонад, ки ин арзиши бузург ва дастоварди миллии тоҷиконро халалдор намояд. Истиқлоли сиёсӣ – дурнамои рушду инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ояндаи дурахшони миллат аст. Бушубҳа, дар замони ҷаҳонишавии мамлакатҳои олам, ки барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад, миллати истиқлоли сиёсӣ надошта, маҳкум ба маҳв шудан аст.
Саидов А.С. мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино д.и.ф., профессор.

26.06.2020     664
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php