ИСТЕҲСОЛИ ЭНЕРГИЯИ ЭЛЕКТРИКӢ

Энергияи электрикиро дар неругоҳҳои барқӣ истеҳсол мекунанд. Вобаста ба намуди табдилдиҳии энергия, неругоҳҳои барқи асосан ба шамолӣ, обӣ, ҳароратӣ ва атомӣ тақсим мешавад.

Дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ манбаи энергия сӯзишвориҳои гуногун (газ,нефт, мазут, ангишт ва ғайраҳо) ба шумор меравад. Неругоҳҳои барқии ҳозиразамон аз якчанд блокҳои энергия ҳосилкунанда иборатанд.Ҳар як блок аз турбина, генератор ва трансформатор иборат мебошад ва новобаста аз ҳамдигар кор мекунанд. Дар неругоҳҳои барқии ҳароратӣ роторҳои генераторҳоро турбинаҳои буғӣ ва газӣ ё ҳаракатдиҳандаҳои дарунсӯз чарх мезанонанд.

Дар Тоҷикистон асосан энергияи электрикӣ дар неругоҳҳои барқии обӣ ҳосил карда мешавад. Дар неругоҳи барқи обӣ энергияи потенсиалии обро истифода карда, бо ёрии турбинаҳои гидравликӣ роторҳои генераторҳои электрикиро чарх мезанонанд.. Истеҳсоли энергияи электрикӣ дар шароити Тоҷикистон хеле мувофиқ мебошад ва нисбатан арзон аст.

Энергияи электрикӣ нисбат ба дигар намудҳои энергия чунин бартариҳо дорад:

1. Онро бе талафи калон ба масофаҳои дур нақл кардан мумкин аст;

2. Ба тарз осон аз шиддат ба шиддати дигар табдил дода мешавад;

3. Ба тарзи одди ба намуди дигари энергия табдил додан мумкин аст;

4. Ба тарзи осон ба ҳиссаҳои дилхоҳ тақсим карда мешавад;

5. Аз ҷиҳати экологи ба муҳити атроф зарар намеорад;

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли ҷараёни электрикӣ диққати ҷидди дода мешавад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ аст. Дарёҳои тезҷараёни Тоҷикистон манбаи бузурги офариниши неругоҳҳои барқии обӣ ва манбаи тараққибахши саноат ба шумор меравад. Нақши неругоҳҳои барқии обӣ дар пешрафти иқтисодиёт хеле калон мебошад. Дар Ҷумҳурӣ неругоҳҳои барқии обии Варзоб-1, Варзоб-2 ва Варзоб-3, Бойғозӣ, Сарбанд, Норак, “ХОРУҒ”, “САНГТӮДА-1”, “САНГТӮДА-2” Қайроққум ва Роғун энергияи электрикӣ истеҳсол мекунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки вобаста ба масъалаҳои дар боло зикршуда, дарсҳои кушод ва сӯҳбатҳои гуногун дар Маркази омодагии қаблии Донишгоҳ, барои шунавандагони ватанию хоричӣ, гузаронида шуд. Омӯзгорони Марказ, алалхусус, омӯзгорони фанҳои физика ва дигар фанҳо, аз корҳои илмӣ, ки дар доираи мавзӯи истеҳсоли энергияи электрикӣ гузаронида шудааст, ба шунавандагон маълумотҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.

Маркази омадагии қаблӣ


23.12.2020     2080
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php