Ҳифзи пиряхҳо – ибтикори навин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди навбатии худ – эълон доштани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар саҳифаи таърих боз як фатҳи тоза намуданд. Ибтикори навбатии Сарвари давлат, пеш аз ҳама, тавассути шабакаи телевизионии Evronews эълон гардида, дастраси ҷаҳониён шуд ва обрӯву нуфузи кишвари азизамон боз ҳам афзунтар гардид.

Дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим рӯзи 3-юми марти соли 2021 суханронӣ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар он пешниҳод намудани эълон доштани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аз шахсиятҳои арзандаи сатҳи ҷаҳонӣ будани ин фарзанди фарзонаи миллат гувоҳӣ медиҳад.

Ташаббусҳои Пешвои муаззами кишвар доир ба масъалаҳои об ва сиёсати обӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид пайваста дастгирӣ меёбанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Президенти муҳтарами мо бори аввал масъалаи оби тозаро пешниҳод намуданд ва дастгирии умум пайдо намуда, бо қарори Иҷлосияи 54-уми Ассамблеяи Генералӣ соли 2003 – “Соли байналмилалии оби тоза” эълон гардид. Баъдтар бо пешниҳоди навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси қарори 55-уми Ассамблеяи Генералӣ солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” тасдиқ шуд.

Ин ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ба захираҳои бузурги оби нӯшокӣ доштани Тоҷикистон робита доранд. Зеро дар ҳудуди Тоҷикистон дарёҳои калонтарин – Ому, Сир, Зарафшон ва дарёву рудҳои хурд ҷорӣ мешаванд, ки ҳавзаи бузурги Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Сарҳади ин дарёҳо дар қисмати шимолӣ то ба қаторкӯҳҳои Олою Туркистон, дар қисмати ҷануб то кӯҳҳои Ҳиндукуш ва дар шарқ то кӯҳҳои Сарикул мерасад. Новобаста аз он, ки фақат дарёи Ому аз ҷиҳати серобӣ қариб ба дарёи калонтарини Африқо – дарёи Нил баробар аст, ҳамагӣ 15-20%-и иқтидори он истифода мешаваду халос. Бояд гуфт, ки аз захираҳои оби Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя низ баҳраманд мегарданд.

Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дар сатҳи байналмилалӣ эълон кардани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар солҳои 2018-2028 бо Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид комилан дастгирӣ ёфт. Инак, ибтикори навбатии Пешвои миллат – эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар ин чорабинии сатҳи баланд садо доданд. Ҳамзамон, Президенти муҳтарами кишвар пешниҳод намуданд, ки Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Воқеан, ин ташаббуси саривақтии Пешвои миллат ба пиряхҳои Тоҷикистон робитаи бевосита дорад. Зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо сарчашмаи бузургтарини оби дарёҳо мебошанд. Оби барф, тармаҳо ва пиряхҳои кӯҳӣ аз ҷиҳати биологӣ ва химиявӣ тозаю беолоиш мебошад.

Дар Тоҷикистон пиряхҳо дар қаторкӯҳҳо дар баландии 3500-5500 метр ҷойгиранд ва то 60фоизи пиряхҳои Осиёи Миёнаро, ки аз яхбандиҳои Кавказ 8,5 ва Олтой 28 маротиба калон аст, ташкил медиҳанд. Вале гармшавии умумисайёравӣ ба пайдоиш ва захирашавии пиряхҳо бетаъсир намемонад. Таҳқиқоти олимон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки захира шудан ва ташаккул ёфтани пиряхҳо коҳиш ёфтааст. Олимон ба чунин хулоса омадаанд, ки баъди оғози мушоҳидаҳо аз солҳои 30-юми асри 20 зиёда аз 30 фоизи пиряхҳо нобуд шудаанд, зиёда аз 130 пиряхе, ки майдони онҳо 1-2 км2 буданд, ба пуррагӣ барҳам хӯрдаанд.

Ҳамаи ин асос бар онанд, ки нисбати пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чораҳои мушаххас андешидан лозим аст, ки дар ин маврид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди арзанда ва саривақтӣ аст. Зеро масъалаи камшавии пиряхҳо барои ҷаҳониён, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ дорад. Ин пешниҳоди оқилона боиси он мегардад, ки вазъи пиряхҳо, захираи онҳо, инкишофи яхбандӣ, реҷаю таҳаввул ва ҳаракати онҳо амиқтар омӯхта шаванд, истифодаи босамару сарфакоронаи обҳо, ҷустуҷӯй ва пайдо намудани роҳҳои камхарҷи об, ҳифз намудани ин захираҳо аз ифлосшавӣ кору фаъолияти ҳамаи муассисаву ташкилот ва корхонаҳо ба роҳ монда шавад.

Воқеан, вобаста ба афзоиши нуфузи аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасоии оби ошомиданӣ торафт бошиддат мегардад ва мутобиқи иттилооти расмӣ бо сабаби сифати пасти об ва норасидани оби сифатнок дар қатори бемориҳои дигар, тақрибан 4,5 миллион нафар одам ҳалок гашта, зиёда аз 1 миллиард ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Аз ин лиҳоз, об ҷузъи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳсуб меёбад ва бесабаб нест, ки 4 ибтикори Пешвои миллат доир ба об пиёда гашта, таҳқиқу таълифоти зиёдро ба миён овард ва ҷодаҳои нав ба нави он интизори муҳаққиқон мебошад.

Сайфутдинова М.Б.  -  номзади илмҳои тиббӣ, кафедраи онкология, ташхис ва муолиҷаи шуоӣ


02.04.2021     274
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php