ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА ҶАВОНОН

Имрӯз яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба гирдоби изтиробу андешаҳо мекашад, вазъи нобасомони дунёи имрӯза мебошад. Дар ин росто махсусан, ҷавонон аз сабаби бетаҷрибагӣ ва ноогоҳӣ аз бозиҳои сиёсӣ ба ин нақшаҳои бозингарони геополитикӣ кашида мешаванд. Ҳодисаҳои авохири дар мамолики мухталиф, аз ҷумла дар Сурия ва дигар кишварҳо рухдода, ки бо ҳадафҳои муайян тарҳрезӣ мешаванд, далели ин гуфтаҳо шуда метавонанд.
Чи хеле, ки Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки ҳоло мардуми мо дар марҳалаи нави таҳкиму такомули давлати соҳибистиқлоли худ қарор дорад ва дар ин раванд ҳар яки мо бояд арзиши муқаддаси истиқлол ва давлатдории миллиро аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, ҳизбиву гурӯҳӣ ва ғаразҳои қавмиву динии худ болотар гузошта, дар баробари пойдору устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, инчунин ба татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагии кишварамон мусоидат намоем. Ҳамзамон бо ин, вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза бояд муайян намоем, ки кадом анъанаҳои милливу диниамонро ба нафъи пешрафти давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозамон ривоҷу густариш диҳем.
Зеро мо бисёр арзишҳои неки милливу диние дорем, ки метавонанд дар таъмини ягонагиву ваҳдати миллат ва ташаккули ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ нақши созандаву муассир бозанд.
Дар ин замина яке заминаҳои таҳким бахшидан ба раванди худшиносиву худогоҳии ҷавонони имрӯза баланд бардоштани ифтихори миллии онҳо мебошад. Боиси таассуф аст, ки дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоли моро гурӯҳҳои манфиатҷӯву ифротӣ, душманони дохиливу хориҷӣ нодида мегиранд ё дидан намехоҳанд. Дар саҳнаи таърихи ҷаҳони имрӯза ин гурӯҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои зишту нопоки худ аз чизе худдорӣ намекунанд. Амалҳои ҷоҳилонаи террористон дар Аврупову Осиё тайи чанд моҳи охир хатарҳои амалию идеолошиеро ба вуҷуд овардаанд, ки боиси андешаву нигаронӣ ва чораҷӯиҳои аҳли башар қарор гирифтаанд.
Воситаҳои гуногуни ахбор, шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои Интернет ба сари мардум ахбороту иттилооти зиёдеро мерезанд, ки махсусан ҷавонон баъзан дар таҳлилу дуруст баҳо додани онҳо ба саргумӣ мераванд, ҳадфаи бозиҳои сиёсии гурӯҳҳои гуногун қарор мегиранд.
Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ мафҳуми сиёсие бо ном «ҳушёрии синфӣ» вуҷуд дошт, ки ҳадафи он дуруст фаҳмидани сиёсат ва дурӣ ҷустан аз бозиҳои гуногун ва гурӯҳҳои мухолиф буд. Дар ҷомеаи имрӯза дуруст тарбия намудани шуури сиёсӣ ва баланд бардоштани сатҳи илмомӯзӣ ва ба чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ ҷалб намудани ҷавонон бояд дар мадди аввал истад. Ҷавонони имрӯзаи мо бештар ба воситаҳои иттилоотӣ, махсусан Интернет дилбастагии хоссае пайдо намудаанд. Хондани асарҳои бадеӣ ба ҳукми фаромӯшӣ супорида шудааст. Худ қазоват кунед, ки дар солҳои мушкили Ҷанги Бузурги Ватанӣ устод Айнӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ба корнамоиҳо ҳидоят намудани мардум, сарбозони майдони ҷанг асарҳои машҳури таърихии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ»-ро иншо намуд, ки нақши муайяни худро дар худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бозиданд. Аз ин сабаб. ба фикри мо, дар ҳамаи дарсҳо, новобаста аз фан ташкил намудани суҳбатҳои кутоҳ оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, таъриху фарҳанги халқи тоҷик, адабиёти пурѓановати мо аз манфиат холӣ нест. Ҳангоми дарсҳои забони тоҷикӣ ҳамчун кори мустақилона тавсия додани асарҳои бадие, ки барои баланд бардоштани худшиносиву ифтихори миллии ҷавонон мусоидат мекунанд, мувофиқи мақсад буда метавонанд. Ҳангоми гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, бештар ба таҳлили вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, бо роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон мувофиқи мақсад аст.
Одинаев С.П. Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ.

23.09.2020     976
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php