Ифротгароии динӣ ва таъсири он ба фарҳанги миллӣ

Агар ба таркиби таърихию фарҳангии ҳувияти тоҷикон аз нигоҳи баҳси «арабу аҷам» нигарем, мардуми мо аз назари таърихию нажодию фарҳангӣ аз ҷумлаи мардумони ориёӣ, эронинажод, форсизабон ва “аҳли Аҷам” буда, он арзишҳо ва ифтихороти таърихию миллию фарҳангии “эронӣ” ва “аҷамӣ” дар айни замон арзишу ифтихорҳои миллии тоҷикон низ мебошанд. Хусусан, номҳои асили бостонӣ, шахсиятҳо ва чеҳраҳои ориёии тоисломӣ, таърихи давлатдории куҳани Эронзамин, расму оину ҷашнҳои миллии эрониасл, забони форсии тоҷикӣ ва ғайра ҷузъи ҷудонашавандаи арзишҳои ҳувиятсози миллати тоҷик буда, ҳувияти миллии тоҷиконро бидуни онҳо тасаввур кардан мушкил аст. Пас дар шароити Тоҷикистон ҳуҷум ба таъриху забону арзишҳои “аҷамӣ” ё «эронӣ» дар воқеъ ҳуҷум ба таъриху забону арзишҳои худи тоҷикон мебошад.

Масалан, вақте, ки ифротгароёни динӣ бо нафрати амиқ забони форсии тоҷикиро «забони дӯзахиён» хонда, номҳои асили миллии моро “номҳои маҷусӣ” ва ғайримусулмонӣ эълон карда, ҷашни ҳувиятсози тоҷикон – Наврӯзро «ҷашни маҷусиён» номида, инкор менамоянд, ин ба маънои ошкоро инкор намудани муҳимтарин пояҳои фарҳангу асолати тоҷикон, яъне инкор намудани ҳастии фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Дар солҳои охир зери таъсири чунин ақидаҳои ифротӣ ҳатто баъзе рӯҳониёни маҳаллии тоҷик низ дар суханрониҳои худ масъалаи иваз кардани номҳои асили бостоние чун Рустаму Суҳроб ва Сиёвушу Ҷамшедро ба миён гузоштанд, ки ин ҳолат бори дигар исботи моҳияти ин ҷараён аст.

Аз ин рӯ ифротгароии динии имрӯза бо фарҳангу асолати таърихӣ ва ҳувияти миллии тоҷикӣ бо ҳам комилан носозгор буда, дар Тоҷикистон рушд кардани ақидаи ифротгароӣ ба нобудии фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикӣ оварда мерасонад. Хулоса, ифротгароии муосири динӣ хусусияти миллигароии арабӣ дошта, душмани қасамхӯрдаиҳувият ва ҳастии фарҳангии тоҷикони эронитабор аст. Ин нукта барои ҳар касе, ки дар замири худ ҳувияти миллии тоҷикӣ дорад, як нуктаи бисёр муҳим ва ҳаётӣ мебошад. Дарки ин даҳшат муносибати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бо падидаи ифротгароии динии муосир ҳатман тағйир медиҳад.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


18.05.2021     626
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php