Ибни Сино- табиби бузург, мутафаккир ва инсони комил

Осори ин нобиғаи бузург ва мутафаккири беҳамтои шарқ мутаалиқ ба барҷастатарин осори ҷахонист, ки фарҳанги дунявиро ғанӣ гардонидаанд. Эҷодиёти вай фарогири нодиртарин таҳқиқҳои илмӣ аст.
Ибни Сино дар деҳае ба номи Афшана, ки дар наздикиҳои Бухоро ҷойгир буд, таваллуд шудааст. Забони арабиро, ки дар он замон чун забони робитаи илмиву динӣ маҳсуб мешуд, аз худ карда, дар сини 10 солагӣ Қуръонро ба пуррагӣ аз бар намуд. Дар 16-17 солагӣ Ибни Сино аллакай чун табиби ҳозиқ шинохта шуда буд ва бисёре аз табибони машҳур аз ӯ машварат мепурсиданд. Баъдан ӯ ба дарбори шоҳ даъват гардида, пас аз табобати шоҳ, иҷозаи такмили дониш ва дастрасӣ ба бузургтарин китобхонаи дарборро пайдо намуд. Баъдан Ибни Сино дар ҳолномаи худ навишта буд: «Ман дар ин китобхона китобҳое пайдо намудам, ки дигар дар тамоми умр ҳаргиз надидаму нахондам. Бо хондани онҳо ҷою мартабаи ҳар як олим дар риштаи худ бароям равшан шуд. Дар пешорӯи ман дари донишҳое боз шуд, ки ҳаргиз интизорашро надоштам». Бисёре аз шоҳигариҳои давр талош мекарданд, ки ин табиб ва олими муъҷизакорро ба дарбори хеш даъват намуда, бо ҳар васила пеши худ нигоҳ доранд. Китоби фалсафии «Таҳқиқи қувваи равони»-ро Ибни Сино дар синни 17 солагӣ таълиф намуда, китоби «Ал- маҷмуъ»-ро, ки маҷмуи андешаҳои балоғату фасоҳат, шеър ва дигар илмҳоро дар бар мегирад, дар 21 солагӣ эҷод кардааст. Дар соли 1005 Ибни Сино ба Хоразм кӯч мекунад, ки он ҷо бо риёзидон ва нуҷумшиноси маъруф Ал-Берунӣ ва дигар аз олимони давр ошно мешавад. Ҳамин ҷо ӯ узви маҳфили фарҳангии машҳур ба исми Маъмуна мегардад, ки баъдан барои шиносоӣ пайдо намуданаш бо дигар олимони давр мусоидат мекунад. Пас аз 7 сол ӯ ба Ҷурҷон, сипас ба Хуросону Эрон сафар менамояд. Таълифи китоби бисёрҷилдаи «Қонун», ки ба илми тиб бахшида шудааст, дар Ҷурҷон сарчашма мегирад. Дар Ҳамадон Ибни Сино ба ҳайси вазир интихоб мешавад, аммо бо туҳмате чанд сол зиндонӣ мегардад. Ҳамон ҷо низ ӯ чанд китоб таълиф мекунад. Аз соли 1024 Ибни Сино ба Исфаҳон омада, он ҷо муқимӣ мешавад. Бино ба гузоришҳои таърихӣ, ҳокими давр Алоуддин тамоми васоилро барои эҷоди корҳои илмӣ барояш замина месозад. Аммо Ибни Сино солҳои охири умрашро дар Ҳамадон мегузаронад ва 24 июни соли 1037 ҳамин ҷо аз олам мегузарад. Имрӯз дар мақбараи Ибни Сино воқеъ дар Ҳамадон бурҷ бо дувоздаҳ кунгура, ки нишони бархурдории ӯ аз дувоздаҳ илм аст, гузошта шудааст.
Исми пурраи ин шахс- Абӯ Алӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино аст (980-1037). Ӯ дар Ғарб бо исми Авиценна маъруф аст. Ин мафҳум маънои донишманди бузург ва фарҳангнигор, табиб ва файласуф, олим ва мутафаккир, шоир ва адабиётшиносро, ки дар ҳама риштаҳо муваффақ будааст, дар бар мегирад. Бо исми Авиценна пешравиҳо дар фармакология ё худ дорушиносӣ, ташхису ҷарроҳӣ ва равоншиносӣ иртибот мегирад. Идеяҳои ӯ барои рушди бахшҳои илми химия, табиатшиносӣ, ботаникаву геология, математикаву астрономия ва илмҳои дигар кӯмак намудаанд. Осори илмии ӯ ончунон шуҳрат ёфта буданд, ки аллакай дар қарни 12 тарҷумаи онҳо ба забони лотинӣ шуруъ гардида буданд. Тарҷумаи лотинии асари энциклопедии Ибни Сино бо номи « Қонун», ки дар замони худ беҳтарин осори илмӣ дар риштаи тиб шинохта шуда буд, давоми 8 аср чун китоби роҳнамо барои табибон ва муҳимтарин маълумот барои пизишкони тамоми Аврупо хидмат мекунад. Баробари ихтирои чопи китоб дар асри 15 панҷ ҷилди асари мазкур таъҷилан нашр гардида, баъдан беш аз 30 маротибаи дигар бознашр гардидааст. Аз 450 асари таълифнамудаи Ибни Сино наздики 240 тоаш то кунун маҳфуз мондаанд.
Ба навиштаи Ҷузҷонӣ, аз шогирдон ва ҳолноманависи Ибни Сино, аксари осори хаттии ӯ дар ҷаҳон пароканда шудаанд. Аз ҷумла, “Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алхосил вал махсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Алқонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Дар «Ал-Шифо» маводҳо оид ба илми ботаника, геология, табиатшиносӣ, нуҷум ва риёзӣ (математика) гирд оварда шудаанд. Ҳамзамон бархе аз навиштаву назароти ӯ оид ба илми мантиқ, мусиқӣ, сохтори Замин, табиатшиносӣ ва иктишофи маъданӣ бо забони лотинӣ нашр гардидаанд. Осори пажӯҳишии Авиценна то кунун арзиши илмии худро гумм накардаанд. Қобили зикр аст, ки ҳиндуҳои бостон ва арабҳо дар атрофи он мақолоти илмии зиёде дар шакли шеър таълиф намудаанд. Ин китобҳо аз маҳбубияти хосе бархурдор буда, аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Шояд сирри ҷаззобияти осори беназири Ибни Сино дар ҳамин аст, ки қисмати зиёде аз онҳо то кунун дар қолаби шеър маҳфуз мондаанд. Ба ҳамин васила, Ибни Сино талош намудааст, ки дастовардҳои пешрафтаи замони хешро миёни омма тарғиб намояд. Осори Ибни Сино натанҳо дар илму адаби Шарқ, балки дар Ғарб низ мавқеи муҳиме касб кардаанд. Мушоҳидот ва пешбиниҳои ӯ дар бораи сабабҳои заминҷунбӣ, оид ба сар задани вулқон, оқибати метеоритҳо ва зинда мондани бархе аз ҳайвоноти қадим дар қишри замин ба бахшҳои муртабити илми табиатшиносӣ дохил гардидаанд.
Абӯалӣ ибни Сино табиб, муҳаққиқ ва адиб
«Ал- Қонун»- и Ибни Сино- чун энциклапедияи роҳнамост, ки панҷ ҷилдро дар бар мегирад. Ҷилди аввал- дар бораи вазоиф ва равишҳои пизишкӣ, сабабҳои беморӣ, анатомияи инсон аст, бахшҳои он, ки ба беҳдошт ва дармон марбут аст, асос барои гигиена ё беҳдошт шуданд. Ҷилди дуввум ба илми дорушиносӣ ва ё фармокология мансуб буда, номгӯи беш аз 800 доруро дар бар мегирад. Дар он ҳамзамон тарзи омода намудани дору, таъсир ва шакли истифодаи онҳо низ шарҳ дода шудааст. Ҷилди саввум дар бораи бемории тамоми узвҳо маълумот медиҳад (аз ҷумла осебпазирии мӯй ва нохун). Ҷилди чаҳорум ба бемориҳои характери травмавӣ дошта, заҳролудшавӣ ва вогиршиносӣ бахшида шудааст. Ҷилди панҷум – оид ба фармакология бо таҷзия ва таҳлили маҳсулоти мураккаб аст.
Дар «Ал-Қонун» мушоҳидаҳои Авиценна оид ба ҳайвоноти хурду ноаён чун сарчашмаи пайдоиш ва паҳнкунандаи ҳамагуна бемориҳо, шарҳ дода шудааст. Пешгӯйиҳои ин табиби бузург баъдан дар таҳқиқоти донишмандони муосир собит гардиданд, ки баъзе ҳайвоноту ҳашарот то чӣ ҳад паҳнкунандаи микробу вирусҳо ҳастанд. Ва ба шарофати охирин кашфиёт, бо истифода аз микроскоп ва ё заррабин маълум гардидааст, ки бархеи онҳо воқеан шабеҳи ҳашарот ҳастанд.
«Баъзе бемориҳо хеле пинҳону ба чашм ноаён ҳастанд, ман онҳоро танҳо аз рӯи тағйири набз муайян мекунам. Моҳияти набз шабеҳ ба моҳияти мусиқӣ аст. Аз рӯи вайрон шудани ҳолати гармонии набз метавон бемории махфишударо пайдо кард »- навиштааст Ибни Сино.
Зимнан, бояд иқрор кард, ки баъзе мавридҳо пизишкони имрӯзаи мо бо вуҷуди мусаллаҳ будан бо таҷҳизоти замонавӣ чунин таҷрибаву маҳоратро дар ташхиси дақиқи беморӣ надоранд. Тавре аз навиштаҳои Авиценна бармеояд, ӯ ба варзиши бадан таваҷҷӯҳи зиёде дошта, онро шарти асосии ҳифзи саломатӣ унвон намудааст. Дар навбати дуввум ӯ ҳолати хӯрокхӯрӣ ва реҷаи хобиданро қарор додааст. Ба ҳангоми ташхис Ибни Сино аз усулҳои мушаххас намудани рутубат ва ё хушкии пӯст, эҳсос ва назорати набз кор мегирифтааст. Ба ақидаи Ибни Сино ҳифзи саломатии инсон–вазифаи аввалиндараҷаи тиб аст. Агар беморӣ пайдо шудааст - мушаххас намудани сабабҳои он, сипас аз байн бурдани он ва билохира барқарор намудани саломатӣ.
Усули асосии Ибни Сино: дар тиб назария ва амалия ба ҳам иртибот дошта, пояи ҳам ҳастанд. Вагарна илми тиб нотавон буда, қодир ба пешрафт намебошад.
Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино хамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиҳанд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо дода, роҷеъ ба масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ эҷод шудаанд. Чунончи:
Эй кош, бидидаме, ки ман кистаме?

Гар мукбилам, осудаву хуш зистаме.

Саргашта ба олам аз пайи чистаме?

Варна ба ҳазор дида бигристаме!

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харист,

Ҳар к-у на хар аст, кофираш мехонанд.

Зуҳра Турсунова мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


06.08.2020     7311
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php