Иқдомҳои сарфаи барқ баҳри осудаҳолии мардум!

Роҳбарияти давлати тоҷикон ғамхору ғамгусори миллати хеш буда, баҳри бо неруи барқ таъмин намудани халқ талошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Аз рӯзҳои аввали сари ҳокимият омадани худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ният доштанд, ки Тоҷикистонро ба як давлати пешқадамтарин ва зеботарини дунё табдил диҳанд, то мардуми шарифи тоҷик дар фазои орому осуда зиндагӣ намоянд ва аз беҳтарин неъматҳои дунёӣ бархурдор бошанд. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд.

Ҳамаи мо медонем, ки солҳои охир хушксолиҳо пай дар пай омаданд ва Тоҷикистони азизи мо низ аз ин безарар намонд. Имрӯз, ки вобаста ба гармшавии иқлим паст шудани сатҳи обанборҳо ба назар мерасад, зарурат пеш омад, ки барои дар фасли зимистон аз хунукӣ эмин доштани халқ давлати мо чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Мардум хуб медонанд, ки ин масъала глобалӣ аст. Имрӯз дар тамоми дунё иқлим гарм шуда, обҳо мехушканд ва аз ин рӯ сарфаи барқ ҳатмист. Фикри замистон аз тобистон мебояд. Исроф ҳаром аст ва роҳбарияти кишвар дар давраи гармо фикри замистонгузарониро намуд, ки ин амал натиҷаи самарабахш дод ва имрӯз дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ аз байн рабурда шуд.

Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст,

Сарфа бинмо,ки аз он гармии хону нон аст!

Маҳдудиятҳо дар қатъ кардани интиқоли барқ дар як қатор ноҳияву маҳалҳо барои сарфа намудани қувваи барқ муваққатӣ ва ногузир буданд, зеро зимистони имсол тулонӣ хоҳад буд. Роҳбарияти кишвар ба хотири дар фасли сармо аз гармиву рӯшнойӣ маҳрум нагаштани халқ илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ намуда, баҳри дафъи ин мушкилот дар фасли гармо чораҳо андешид. Инак, тамоми шаҳру деҳоти кишвар ба тариқи шабонарӯзӣ бо неруи барқ таъмин гаштаанд. Муроҷиатҳои пайдарпайи роҳбарияти мамлакат барои сарфа намудани неруи барқ ва бо об пур намудани обанборҳо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ ёфтанд, ки боиси мӯътадил гаштани вазъи энергетикии кишвар гардид.

Агар бо қиёс ба солҳои пешин назар афканем, мебинем, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллионро ташкил медод, ҳоло бошад теъдоди он ба 9 миллион расидааст ва боиси бамаротиб зиёд масраф шудани қувваи барқ мебошад. Ин дар навбати худ омили дигареро ба вуҷуд меорад, ки истифодаи асбобҳои барқӣ аз қабили кондитсионерҳо, радиаторҳо, дарзмолҳо, плитаҳо, яхдонҳо, таҷҳозотҳои кафшергарӣ, таҷҳизотҳои барқии дар сохтумонҳо истифодабаранда мебошанд, зеро вобаста ба тараққиёти саноатии Тоҷикистон талабот ба неруи барқ зиёд гаштааст.

Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқии аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонидошта, ки бо талошу пофишориҳои Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шудаанд, қудрати бо неруи барқ таъмин намудани Ҷумҳурии Тоқикистонро доранд. Илова бар ин, дар бисёр ноҳияву ҷамоъати деҳот неругоҳҳои хурду миёна бо иқтидори муайяни барқ мавриди истифода қарор доранд, ки ин ҳам аз пешравиҳои назаррас мебошад.

Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, гуфтаанд: “Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату Ватани худро дар ихтиёр доранд”. Дар ҳақиқат ҳам, истиқлолияти давлатӣ хушбахтии миллати тоҷик буда, имкон дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо ба рушди миллӣ ва таҳкими нишонаҳои миллати хеш ноил гардем ва устувории онро ҳамчун миллати соҳибдавлат барои наслҳои минбаъдаи халқу миллати куҳанбунёди худ таъмин намоем.

Маҳз бо ташаббус ва саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз байн бардошта шуд. Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулиятнокии ҳар як сокини мамлакат буда, ба низоми энергетикӣ ва фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем, зеро ин яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб рафта, аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб менамояд. 

Таибов С.А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


14.12.2020     266
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php