Гузашти айём...

Замоне, ки Тоҷикистони азиз дар вартаи ҳалокат қарор дошт ва мардуми шарифаш пароканда буд, мо низ дар деҳоти дурдасти Сайёд ҳамроҳии падарам ноумед аз зиндагӣ бо пораи ноне ва гоҳе гурусна зиндагӣ мекардем. Азбаски падарам аз ҳама сахтиҳои зиндагӣ гузаштаву бо меҳнати ҳалоли хеш рӯз мебурд, мардуми деҳа ҳурматаш мекарданд. Дар он рӯзҳо касе умеди то ба фардо зинда монданро надошт, зеро вазъият ҳар лаҳза тағйир меёфту гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳукмрон буданд. Аммо меҳри бузурги ин сарзамин дар дилу ҷон ва тору пуди падари бузургворам, ки як инсони соҳибдил буд, ҷой дошт. Вай дуо мекард, ки Худованди мутаол барои миллати азияткашидаи тоҷик роҳбареро ба сари қудрат биёрад, ки аз ҳоли мардумаш хабардор бошаду ҷангро хомӯш сохта, Ватанро обод намояд. Азбаски падарам китобро дӯст медошт шабҳои дароз “Шоҳнома” мехонду мо гӯш менамудем. Ӯ дуо мекарду бо ҳасрат орзуи тинҷию оромии Ватанро интизор буд ва ин мисраҳои хешро зери лаб замзама мекард:

Худоё тоҷиконро бовафо кун,

Ду дасти покашон сӯӣ дуо кун.

Худоё, эй Худо, дар мулки тоҷик

Бародар бо бародар ошно кун.

Ӯ доим таъкид менамуд, ки “давлати тоҷикон соҳибистиқлолиро эълон намуда бошад ҳам, то ҳол аз ҷанбаҳои соҳибистиқлолӣ асаре нест, зеро Тоҷикистон дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дорад ва марзу буми кишварро давлати Русия ҳимоя менамояд”.

Қабули Истиқлолияти давлатӣ (қарори муҳимми таърихӣ) боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд. Ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ шинохта шудан, имконият фароҳам овард, то дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ ноил гардем. Касби истиқлолияти давлатӣ аз давлати ҷавон тақозо менамуд, ки дар самти ба по мондани низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, муайян намудани сохти давлатию идоракунӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии аҳолии кишвар ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд. Дар ин давра тамоми корхонаҳо валангор буданд ва давлат халқи худро ҳатто бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонист. Роҳҳои аз замони шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд. Меҳмонхонае набуд, ки барои қабули меҳмонони хориҷӣ омода ва ба талаботҳои замона ҷавобгӯ бошад. Мардум норасоии обу барқро ба куллӣ эҳсос менамуданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд.

Дар он замон танҳо ба воситаи радио хабареро мешунидӣ, чунки дигар васоити ахбори умум фалаҷ буд ва падарам ҳамеша радио гӯш мекард. “Тақдири миллат чӣ мешуда бошад?”- ҳамеша бо худ суол мекард ӯ. Рузе, ки ҷаласаи тақдирсоз баргузор мешуд, вай аз назди радио наҷунбида, гӯш мекарду ашк мерехт. Вақте вакилон Эмомалӣ Раҳмонро барои роҳбарии давлат пешниҳод намуданд, падари пирам мисли кӯдак фарёд кашиду ашки шодӣ рехт. Аз ҷой бархост, ду ракаат намоз баргузошту шукрона намуд. Фарзандонро дар атрофаш ҷамъ намуд ва бо як ифтихори бузург гуфт:

- Ман Эмомалӣ Раҳмонро надидаам, аммо баромадашро бодиққат гӯш кардам. Миллати тоҷик бо сарварии чунин инсони асил, ҷавонмарди бузургу дарёдил, сипаҳсолору хоксор метавонад ба беҳтарин муваффақиятҳо ноил гардад, - ва беихтиёр ин мисраҳоро гуфт, - Ҷавонмарди асили халқи тоҷик,

Барорад миллаташ аз шоми торик!

Дар ҳақиқат ҳам чунин шуд, ки тавассути корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон аз он шоми торик раҳо ёфт, зеро ӯ ҷавони пирақл, тавоно, худшинос ва ватандӯст буда, аз сиёсат бохабар аст. Натиҷаи саъю кӯшишҳои шабонарӯзии ин марди кордону наҷиб аст, ки имрӯз мо чунин давлати ободу зебо дорем:

Тавоно нест он кас, гар набишносад тавоноӣ,

Муросо нест дар аслаш, агар бошад мадороӣ.

Ба қадри Меҳан он кас мерасад, ки ҳаст таҳҷоӣ,

Ба тоҷик аст расми худшиносӣ, расми бобоӣ.

Дар он рӯзҳо, ки мардум пароканда буду сарсон ва амнияту якпорчагии миллати тоҷик дар хатар, бо ташаббус ва азму иродаи қавии ин марди ҷасуру диловар, фарзанди фарзона ва Сарвари миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон, мардуми парокандаи ин миллати борҳо азиятдида боз сарҷамъ гардид. Ӯ тавонист дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро ба ҳам орад. 

Аҳмадшоҳи Масъуд - қаҳрамони миллати афғон дар даврае, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик барои овардани ҳамватанон ва гуфтушунид бо мухолифин ба Афғонистон сафар доштанд, гуфта буд: “Ман имрӯз роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру туп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат ба Афғонистон омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо - афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем.” Ба ҳамаи мо маълум аст, Афғонистон, ки ҳамсоякишвари мост беш аз 40 сол оромиро надидааст ва дар зери асорати давлатҳои абарқудрат мардумаш дар орзуи оромию ободии кишвари хешанд.

Пушида нест, ки Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷоннисориҳо ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. Ин буд, ки вохӯрию гуфтушунидҳои пайдарпай бо саркардагони гурӯҳи мухолифин бенатиҷа намонданд. Натиҷаи 5 даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот бо онҳо оқибат самараи нек дод.

Президенти кишвар бо садоқат ва муҳаббати беандоза ба Ватан ва бо баҳои ҷон ба боварии мардум сазовор гаштанд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназири Роҳбари давлат нақбу пӯлҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки ин рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, ба ҳаёти ҳамарӯзаи онҳо беҳбудӣ бахшид. Ҳимматбаландӣ ва ташаббускории ин марди хирад буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат баста, то ба ин рӯзҳои нек расид. Як қатор сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, НБО “Роғун” ва инчунин “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Роҳи оҳани Хатлону Кулоб”, “Нақби Истиқлол”, “Нақби Шар-Шар”, Пулҳои дохилию байни ҳамсоякишварҳо, роҳҳои ду-се ошиёна, биноҳои замонавии баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва боғҳои зебои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд.

Аз ин ҳама пешравиҳо халқи тоҷик сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлату ҳукумат, ҳамчунин, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар беш аз пеш кӯшиш мекунад. Дар баробари ин Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд.

Табдил додани Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ иқдоми бузургест дар роҳи созандагии Ватан. Кушода шудани заводу фабрикаҳои замонавӣ боиси таъмин намудани аҳолии кишвар бо ҷойи кор ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мегардад.

Амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии банақшагирифтаи Сарвари давлат, расидан ба ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя яке аз омилҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик аст. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Тавсияву пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар масъалаи пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва ҳифзи сарватҳои боарзиши табиат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуданд.

Ба даст овардани истиқлолият барои мо яке аз мукаддастарин арзишҳои миллї ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро қариб ҳамаи давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд. Ватани азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд, ки ин аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли сохибистиқлолии худ мебошад. Тоҷикистон акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад.

Баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ афзуд. Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 40 расидаанд, ки ҳоло дар онҳо беш аз 227 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, шумораи хатмкунандагони замони истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ногуфта намонад, ки зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд.

Истиќлолияти Тољикистон тољикони љахонро бо ҳам овард ва дарҳои худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.

Ғамхориҳои падаронаи Роҳбари давлат ба ятимону бепарасторон, ки аз сафарҳояшон ба ноҳияҳои дуру наздик ҳамаруза тариқи оинаи нилгун мебинем, гувоҳ аз раиятпарастии эшон аст. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҷавонони моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзанд, содиқона заҳмат кашанд, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошанд, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоянд.

Мо дар арафаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон қарор дорем. Агар ин муддат дар назди таърих як лаҳза аст, барои мо тоҷикон қиммати асрҳоро дорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо вабои аср (коронавирус) аз тамоми имкониятҳо истифода намуд, то ин ки мардумаш аз ин беморӣ осеби ҳарчи камтар бинанд ва ҳамеша баҳри солимии ҷомеа тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Мо – халқи тоҷикро зарур аст, ки дар якҷоягӣ ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ камари ҳиммат баста, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллату давлатро бигирем.

Мо аминем, ки ҷавонони далеру шуҷои тоҷик бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо бартараф намуда, дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузоранд ва Тоҷикистони азизро ба давлати пешрафтаи дунё табдил хоҳанд дод. 

Таибов С.А.  –  сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.  -  шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 


04.01.2021     1103
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php