Гузаре бар зиндагӣ ва осори Абӯалӣ ибни Сино Ба муносибати рӯзи табибон

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Абӯалӣ Сино- олим ва мутафаккири бузург, ки ба ҷуз банди аҷал дигар ҳамаи мушкилоти ҷаҳонро ҳал кардааст. Бузургтарин симои илмӣ ва яке аз шахсони донишмандтарини асрҳои Х-Х1, ки дертар дар Европа бо номи «Авитсенна» машҳур гардид. Абӯалӣ ибни Сино фарзанди халқи тоҷик аст. Ӯ 18 – уми августи соли 980 дар деҳаи Афшонаи Бухоро таваллуд ёфта, то синни 5-солагӣ дар ҳамин деҳа ва сонӣ дар Бухоро тарбия мегирад. Абӯалӣ ибни Сино то даҳсолагиаш забон ва адабиёт меомӯзад. Баъдан дар назди шахсиятҳои маъруфи замони хеш илми ҳисоб, ҳандаса, фиқҳ ва фалсафаро момӯзад. Дертар, ба худомӯзии илмҳои табиатшиносӣ машғул шуд ва махсусан ба тиб рағбат пайдо кард. Бо ёрии табиби машҳури Бухоро Абӯлмансури Камарӣ ин илмро мукаммал омӯхт ва ба муолиҷаи беморон шурӯъ кард. Ба назди табиби 16-сола аз ҳар куҷо беморон барои табобат меомаданд.

Абӯалӣ ибни Сино дар синни 22-солагӣ пас аз шикаст хӯрдани давлати Сомонӣ ва вафоти модараш ба Хоразм меравад. Вале дар ин ҷо ҳам вай фаъолияти илмии худро бо осудагӣ давом дода наметавонад, зеро султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз паи чандин касон, аз он ҷумла Абӯалӣ ибни Сино, афтида буд. Олимон, шоиронро дар дарбори худ ҷамъ намуда, Маҳмуди Ғазнавӣ онҳоро на барои ривоҷ додани илму адабиёт, балки барои мадҳ кардани ғоратгариҳояш истифода мебурд. Абӯалӣ ибни Сино ба Хуросон меояд. Султон Маҳмуд аз саркашии Сино хеле дар ғазаб шуда, фармон дод, ки дар куҷое ки набошад, ӯро дастгир намоянд. Ин хабарро шунавида Абӯалӣ ибни Сино аз Нишопур ба Ҷузҷон ва пас аз он дар шаҳрҳои гуногуни Эрон гоҳ махфӣ ва гоҳ ошкор зиндагӣ карда, ҳеҷ оромӣ наёфт.

Ба ҳамаи сахтӣ ва маҳрумиҳо нигоҳ накарда, аз мутолиаи китоб, навиштани асарҳои пурқимат, муолиҷаи беморон даст намекашид. Аммо азобу машаққати оворагардӣ ва таъқибу озорҳо бетаъсир намемонданд, организми матини Абӯалӣ ибни Синоро заиф мекарданд.

Дар таърих Абӯалӣ ибни Синоро Шайхурраис, яъне сардори олимон номидаанд, чунки вай тамоми илму дониши замони худро ҳаматарафа омӯхта, дар муддати чандин аср дар Шарғу Ғарб таъсир ва нуфузи зиёде дошт. Кӯшишҳои Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар роҳи тараққии илм барои халқи тоҷик шаъну шараф ва барои наслҳои баъд намуна буданд. Абӯалӣ ибни Сино дар муддати умри кӯтоҳи худ дар соҳаи илмҳои гуногун бештар аз 150 асар навиштааст. Аввалин асари ӯ, «Алмаҷмӯъ» мебошад, ки дар синни 21-солагӣ таълиф карда буд. Аз муҳимтарин асарҳои ӯ «Китобушшифо» аст, ки аз 18 ҷилд иборат буда, фалсафа, мантиқ, математика, табииёт, мусиқӣ ва дигарҳоро дар бар мегирад, ки онро қомуси тамоми донишҳои он замон мешуморанд. «Китобушшифо» ба тараққии фикрҳои илмии Шарқу Ғарб таъсири калон бахшидааст. Абӯалӣ ибни Сино оид ба тиб 16 асар эҷод намудааст, ки машҳуртарини онҳо китоби «Алқонун» мебошад. Дар ин китоби 5-ҷилда ғайр аз масъалаҳои анатомия, патология ва ғайра дар бораи касалиҳои вараҷа, тоун, вабо, нағзак, сурхча ва дигарҳо, махсусан дар бораи ба вуҷуд оварандагони ноайёни ин касалиҳо (микробҳо) Абӯалӣ ибни Сино маълумоти муҳимме додааст. «Алқонун» дар Европа хеле маъруф гардид. Дар асри Х11 Герард Кремонский «Алқонун»-ро ба забони лотинӣ тарҷума намуд, ки он дар соли 1473 дар шаҳри Милан чоп шуд. Ин китоб ба забонҳои халқҳои Европа 30 маротиба нашр карда шудааст. Табибон «Алқонун»-ро то асрҳои XVII-XVIII аз мӯътабартарин китобҳои тиббӣ дониста, беморонро аз рӯи он муолиҷа мекарданд. Абӯалӣ ибни Сино ҳамҷун шоир низ шӯҳрат ёфтааст. Вай шеърҳои худро ба забони тоҷикӣ ва арабӣ эҷод намудааст.

Шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ аз рубоиёт ва қитъаҳо иборатанд. Рубоӣ ва қитъаҳои ӯ бештар дар мавзӯъҳои ахлоқӣ, фалсафавӣ ва танқидӣ навишта шудаанд. Ва аз ин рӯ, ӯро рӯҳониён ва дигар гурӯҳҳои реаксионӣ кофиру бедин дониста, аз паси озор ва таъқиби ӯ мекӯшиданд. Сино ҳамин душманони ғоявии худро дар назар дошта ин рубоиро гуфтааст:

           Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,

         Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.

         Ҳар бош, ки ин ҷамоа аз фарти ҳарист,

         Ҳар к-ӯ на ҳар аст, кофираш мехонанд.

Хизмати Абӯалӣ ибни Сино дар назди инсонияти пешқадами ҷаҳон хеле бузург аст. Вай аз он шахсони бузурге буд, ки дар торикии асри миёна чароғи илму донишро фурӯзон кардааст. Абӯалӣ ибни Сино дар саҳни илму фанни ҷаҳонии асрҳои Х-Х1 мисли қуллаи осмонбӯс сар ба фалак кашида буд. Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ соли 1952 қарор кард, ки инсонияти тараққипарвари имрӯза Абӯалӣ ибни Синоро ҳам дар қатори дигар мардони бузурги таърихӣ хотирнишон кунад.

Абӯалӣ ибни Сино соли 1037 дар синни 57-солагӣ дар Ҳамадон вафот кард.

Дар Тоҷикистон барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино — ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967), номгузории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, майдону хиёбонҳо, маҳалаву ҷамоатҳо ва пайкараву нимпайкараҳо гузошта шудаанд.

 

Таибов С. А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

З. Турсунова - мутахассиси шуъба



07.08.2020     573
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php