Фитнагароиҳои навбатии “Ahbor.com”

Имрӯз расонаи “Ahbor.com” бо баҳонаи “озодии баён ва виҷдон” барои манфиатҳои сиёсии бисёр хатарнок кори ин расонаро дар Тоҷикистон пиёда менамояд. Албатта дар фаъолияти онҳо маводҳое, низ ба назар мерасад, ки шояд дар назари аввал ба манфиати миллат ва давлат бошанд, аммо онҳо пардапӯшона гуфта шуда, дар асл дунболи фитнаангезӣ аст. Яъне рисолати расонаи “Ahbor.com” дар Тоҷикистон тамоман чизи дигар аст. “На ҳар озодӣ арзишманд аст ва на ҳар маҳдудият бад”. Он озодие, ки барои кишвар ва барои мардум ҳеҷ кӯмаке накарда, дунболи манфиат ва ғаразҳои нопок равон аст, он наҷас аст, на озодӣ. Озодӣ бояд созанда ва дар асоси стратегияи муҳим ва идеологияи ягонаи ҳар давлат дар дохили худи давлат бунёд карда шавад ва набояд бо баҳонаи “озодии баён”, “адолати иҷтимоӣ”, “баробарҳуқуқӣ” ва ғайра сӯистифода вафишор аз манфиатҳои сиёсӣ сурат нагирад.Ҳамчунин он бояд аз берун идора нагардад. Бояд гуфт, ки дар ҳеҷ гӯшаи дунё озодии мутлақ вуҷуд надорад. Ҳатто дар Амрико низ чунин озодие вуҷуд надорад, ки бар зарари халқу миллаташ бошад. Аммо имрӯз он озодие, ки Амрико ва бархе кишарҳои дигар барои Тоҷикистон мехоҳанд,ки амалӣ намоянд барои ояндаи ин миллат хатарзо аст, ки бояд пеши роҳи онгирифта шавад. Вақтҳои охир онҳо ҳатто аз гурӯҳ ва ҳизби бисёр хатарнок, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ боз дошта шудааст, рӯирост пуштибонӣ карданд. Агар мо ба навиштаҳои ин ниҳод дар бораи ҲЭТ ҲНИТ назар афканем зуд пай мебарем, ки онҳо ҳадди озодии баёнро гузашта ба ифротгароӣ дар Тоҷикистон машғул мебошанд. Онҳо бо баҳонаҳои зиёд мехоҳанд дар Тоҷикистон байни давлат ва мардумаш фитна барангезанд ва дар натиҷа минтақаро, яъне кишварҳои Осиёи Марказиро ба моҷаро бикашанд. Фаъолияти расонаи “Ahbor.com”– ро дар Тоҷикистон амиқ таҳқиқ намоем ва стратегияи онро пурра ба исбот бигирем зуд дарк мекунем, ки онҳо чӣ гуна мардуми ин минтақаро ба моҷаро мекашанд. Фаъолияти расонаи “Ahbor.com” бисёр хатарнок ба назар мерасад. Мардуми оддӣ ва камсавод, ки аз кирдорҳои нопоки пардапӯшонаи ин ниҳод хабар надоранд,албатта гумон мекунанд, ки онҳо “намои барҷастаи озодии баён” мебошанд. Бехабар аз он, ки ин ниҳод кадомин ва чи гуна озодиро дар Тоҷикистон дунболагир аст.Бузургони миллати мо дар баёни ҳар нукта, ки барои ҷомеа равона мешуд, бисёр эҳтиёткор буданд. Ҳар суханро таҳқиқ мекарданд, оянда ва таъсири онро ба назар гирифта, баъдан баён менамуданд. Агар бидонанд, ки ин гуфта ба мардум ва давлату миллат зарар дорад ҳеҷ гоҳ баён намекарданд. Аммо имрӯз “Радиои озодӣ”, ки дар он ҳаммилатони мо бо сарпарастии бегонагон фаъолият менамояд ҳар чизи ба ҳуввияти миллии мо бегонаро бидуни таҳқиқ баён мекунанд. Таъсири онро барои ҷомеа ба инобат намегиранд ва дар натиҷа барои миллати мо чизҳои бегона ва дур аз манфиатро ворид месозанд. Агар воқеан фаъолияти чандинсолаи ин ниҳоди журналистиро дар Тоҷикистон ба раштаи таҳлил бикашем рӯшан мегардад, ки то кадом андоза онҳо ба кирдорҳои бад даст задаанд. Ба ин ҳамчунин ҷонибдорӣ ва пуштибонии ин ниҳод аз ТЭТ ҲНИТ асос шуда метавонад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

11.05.2020     284
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php