Эй, Ватан, ҳар рӯзи ту Наврӯз бод!

Наврӯз аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни тоҷикон мебошад. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Табиат ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Чуноне Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Наврӯз ҷузъи фарҳанги қадимаи мост. Аз ин рӯз ва дар ин рӯз дилҳо, андешаҳо ва дастҳо метавонанд ба ҷониби якдигар майл кардаву некӯиро пеша кунанд. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва адабӣ аён аст, ки Наврӯз зиёда аз панҷ ҳазор сол инҷониб ҳамчун ҷашни миллӣ ва истиқболи рӯзи авввали Соли нав бо шодиву нишот таҷлил мегардад, зеро дар ин давра офтоб аз бурљи Њут ба бурљи Њамал ворид гашта, шабу рӯз баробар мешаванд. Табиат аз хоби зимистонаи худ бедор мегардад. Мавсими шукуфоиҳо фаро мерасад ва Бобои деҳқон ба кишту кори баҳорӣ шурӯъ мекунад. Ин эҳёи табиат ва рӯзи навро тоҷикон ва умуман ориёитаборон то ҳол бо шукуҳу шаҳомати хос пешвоз мегиранд. Бояд гуфт, ки халқи мо ба пешвози Наврӯзи дилафрӯз хона меороянд, ҳама ҷоро пок мекунанд, либоси нав мепӯшанд, бӯйи хуш дуд медиҳанд, ба дастурхон гулу шириниву шарбат мениҳанд. Хони наврӯзӣ асосан бо хӯрокҳои аз ғалладона ва гиёҳҳои хуштамъу фоидабахш омодашуда, ба мисли кашк ё худ далда, самбӯсаи алафин ва суманак оро меёбад. Дар миёни ҳамаи ин нозу неъмат сабзаи гандум олиҳаи дастурхон аст. Аз шираи сабзаи гандум кадбонуҳо суманак омода месозанд, ки ин амал худ як маросими алоҳидаи наврӯзист. Суманак рамзи Наврӯзу баҳор аст ва ин бесабаб нест, зеро сабза рамзи ҳаёт, рамзи шукуфоиву сарсабзӣ мебошад.

Ҳафтсин ва Ҳафтшин аз омилҳои дигари Наврӯз буда, ҳар яке аз ин неъмати ҳафтгона, ки дар суфра ниҳода мешавад, маъно ва рамзи ба худ хосро дорост. Як нуктаи ҷолиби дигаре то солҳои 50-и садаи бист дар байни мардум роиҷ буд, ки иҷрои ойини "ҳафт салом" ном дошт. Дар остонаи Наврӯз муллоҳо дар коғазпораи тобноке бо заъфарон аз "Қуръон" ояҳо ва дуъоҳо менавиштанду бо номи "ҳафт салом" мефурӯхтанд. Гӯё касе, ки онро ба оби ширин тар карда он обро бинӯшад, тамоми сол аз дардҳо озод мешудааст. Ин расмро аксари хонаводаҳо иҷро мекарданд.

Наврӯз саропо некиву хушнудиро таҷассум мекунад. Он аз умқи асрҳо њамчун дурри гаронбаҳо ва рамзи устувории тамаддунњо ба мардуми мо мерос мондааст. Бо саъю кӯшиши роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории як қатор кишварҳои дигар аз қабили Эрон, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон 19 феврали соли 2010 Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллалӣ Муттаҳид қатънома дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз тасвиб намуда, Навӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард. Аз ин рӯ, ҷаҳонишавии Наврӯзи хуҷастапай барои мардуми тоҷик аз дастовардҳои истиқлолият ба шумор меравад, зеро ин ҷашни аҷдодӣ муњофизатгари миллат, забон, расму оин ва фарњангу таърихи мо мебошад.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо кард. Давраи ҷаҳонишавӣ, Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, чунки он моҳияти ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Мо тоҷикон, ин ҷашнро бо шукргузорӣ аз истиқлолу ваҳдат дар фазои сулҳу субот ҳамчун мероси муқаддаси ниёгон ва ҷашни покӣ, зебоӣ ва баҳору эҳё бошукӯҳу таҷлил менамоем.

Ҳамватан, Наврӯзи ту фирӯз бод!

Эй, Ватан, ҳар рӯзи ту Наврӯз бод!

 Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. – мутахассиси шуъба

 

 


26.03.2021     261
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php