ЭНДОПРОТЕЗКУНОНИИ БУҒУМИ КОСУ РОН ҲАНГОМИ БАРОМАДАГИИ МОДАРЗОДИ РОН

Шарипов М.А., Қурбонов С.Х., Шарипов Ф.М.

кафедраи травматология ва ортопедияи ДДТТ им. Абуалӣ ибни Сино
Ҳангоми баромадагии модарзодии рон дар калонсолон усули асосии табобат айни замон эндопротезкунонии буғуми косу рон маҳсуб меёбад, ки имкон медиҳад бемор аз лангидан, синдроми дард ва кӯтоҳшавии андом раҳо ёфта, ҳамчунин ҳаҷми ҳаракат ва қобилияти такя кардан ба андомро барқарор созад. Бисёр ортопедон баъди анҷомдиҳии остеотомияи кӯтоҳкунанда истифодаи пояҳои бесементиро қулайтар мешуморанд. Интихоби мазкур ба синнусоли ҷавони беморон ва хоҳиши пешгирӣ аз расидани сементи устухон ба байни қисмҳои остеотомиякардаи рон вобаста мебошад. Аммо дар ашхоси солхӯрда бе ин ҳам равандҳои регенератсия паст буда, хавфи омода набудан баланд аст. Барои эндопротезкунонии сементӣ бо остеотомияи кӯтоҳкунанда муҳим аст, ки хавфи ворид шудани семент ба байни шикастапораҳои рон пешгирӣ карда, устухонпарда то ҳадди имкон нигоҳ дошта шавад. Ҳангоми усули сементии устуворкунӣ роҳ ёфтани семент ба канали рон миқдори ҳуҷайраҳои мағзи устухонро коҳиш медиҳад ва иқтидори регенеративии эндостро кам мекунад. Ба афзалиятҳои назарраси усули сементии устуворкунӣ метавон муътадилии ибтидоиро нисбат дод, ки дарҳол пас аз полимеризатсияи семент рух дода, ба табдилёбии пораҳо ба ҷисми ягона, истифодаи бомуваффақияти унсурҳои бесементи модулӣ мусоидат мекунад. Аммо мушоҳида гаштааст, ки дар сурати бад будани сифати бофтаҳои устухонӣ ва гардани кӯтоҳ буридашуда истифодаи усули сементии устуворкунӣ беҳтар мебошад .
Бо такя ба гуфтаҳои боло, ба ақидаи мо, истифодаи эндопротезкунонии бесемент ва сементии буғуми косу рон дар беморон бо баромадагии модарзоди рон мувофиқан барои беморони ҷавон ва солхӯрда интихоби нисбатан дуруст буда, аксар вақт натиҷаи мусбат медиҳад.
Натиҷаҳои эндопротезкунонии бесемент ва сементии буғуми косу рон дар беморон бо баромадагии модарзоди рон дар 44 бемори ҷавон ва солхӯрдаи синни аз 15 то 65-сола, ки дар шуъбаи ортопедияи МД НМҶ ҶТ «Шифобахш» дар давраи аз соли 2014 то 2018 дар табобати ҷарроҳӣ қарор доштанд, мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Беморон шартан ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд: гурӯҳи 1 – 24 (54,5%) бемори синни ҷавон, ки ба онҳо эндопротезкунонии бесемент гузаронда шуд; гурӯҳи 2 – 20 (45,5%) бемори солхӯрда, ки ба онҳо эндопротезкунонии сементии буғум гузаронда шуд. Натиҷаҳо аз рӯи ҷадвали Харрис арзёбӣ шуданд. Муқоисаҳо бо маълумоти ибтидоӣ, яъне тоҷарроҳӣ гузаронда мешуданд.
Натиҷаҳои бадастомада бо ёрии омори тафриқӣ, вариатсионӣ (А.И.Ойвин 1966) бо ҳисоб кардани M±m ва бо муайян кардани нишондоди аҳамияти омории тафовутҳо (t) коркард шуданд. Агар эҳтимолияти хатогии имконпазир (Р), ки мувофиқи ҷадвали Стюдент муайян карда мешуд, аз 0,05 кам бошад, фарқ боэътимод маҳсуб меёфт.
Ҳангоми таҳлили натиҷаҳои эндопротезкунонии буғуми косу рон баъди ҷарроҳӣ дар мавриди беморони ҷавон ва солхӯрда бо баромадагии модарзодии рон фарқ дар таъсирҳои мусбат ва манфӣ дар ҳарду гурӯҳ ошкор гардид. Дар рафти таҳлили натиҷаҳои ҷарроҳӣ дар гурӯҳи 1 ин гуна оқибатҳо муайян карда шуданд: ночаспонӣ – 2,8%, зинда мондани унсурҳои ронӣ 97,2%, баҳодиҳӣ мувофиқи ҷадвали Харрис 79 дар муқобили 35-и то ҷарроҳиро ташкил дод.
Ҳангоми таҳлили натиҷаҳои ҷарроҳӣ дар гурӯҳи 2 оқибатҳои зерин муайян гардид: ночаспонӣ – 4,2%, зинда мондани унсурҳои ронӣ 94,1%, баҳодиҳӣ мувофиқи ҷадвали Харрис 78 дар муқобили 32-и то ҷарроҳиро ташкил дод.
Натиҷаҳои мусбати эндопротезкунонии бесементи буғуми косу рон дар беморони синни ҷавон бо баромадагии модарзодии рон ба он асос меёбад, ки дар онҳо консолидатсияи унсури ронӣ ба таври назаррас беҳтар мегузарад ва қобилияти регенеративии организми ҷавон хеле баланд аст.
Аз сабабе ки дар беморони солхӯрда хавфи начаспидан бо сабабҳои синнусолӣ калон аст, аз ҷониби мо нисбати онҳо эндопротезкунонии сементии буғуми косу рон истифода шуд, зеро устуворшавии эътимодбахш дарҳол пас аз полимеритзатсияи семент қайд гардида, ба устуворшавии биологӣ мусоидат мекунад.
Натиҷаҳои овардаи мо ба маълумоти муаллифони дигар мувофиқат мекунад.
Ба ин тариқ, усули эндопротезкунонии бесементи буғуми косу рон дар беморони ҷавон бо баромадагии модарзоди рон устуворшавии эътимодбахшро таъмин мекунад ва имкон медиҳад оризаҳои марбут ба эндопротезкунонии сементии буғуми косу рон пешгирӣ шаванд.
Эндопротезкунонии сементии буғуми косу рон дар беморони солхӯрда бо баромадагии модарзоди рон барои устуворшавии ибтидоии боэътимод ва тавонбахшии барвақтӣ шароит фароҳам меорад.

24.04.2020     320
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php