ЭҲТИЁТ-НИМИ ҲАЁТ!

Имрӯз падидаи баде, ки ҷаҳонро зери хатар гузоштаасту башарият атрофи пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои нохуши он тадбир меандешанд, коронавирус мебошад.

Аз ахбороти ҳамарӯза дар мавриди ин беморӣ маълум мегардад, ки шумораи гирифторшавӣ ба ин вирус дар ҳоли хуруҷ аст. Гарчанде давлати мо дар дунё дар баробари давлатҳои хурдтарин дониста шавад, вале хушбахтона дар масъалаи амнияти шаҳрвандон ва роҳ надодани ҳаргуна бемориҳо дар мамлакат қудрату тавоноӣ дошта, муқовимат нишон дода истодааст. Аз як тараф ин аз иродаи қавии халқ ва дӯст доштани Ватан дарак диҳад, аз тарафи дигар аз дурандешиву корнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад. Ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар баробари ин ҷоннисориҳо дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гарданду ба ҳар гуна иттилову ҳангомаҳои беасосу бардуруғи бадхоҳони миллат дода нашаванд ва тавсияи табибонро риоя намоянд.

      Эҳтиёт ними ҳаёт аст, ҳама бояд донанд!

      З-ин амал бас самарот аст, ҳама бояд донанд!

      Гӯш кун тавсияи тиб бикуш дар покӣ,

      К-ин амал баҳри наҷот аст, ҳама бояд донанд!

Табибону мутахассисони соҳа тавися медиҳанд, ки то аз байн рафтани ин беморӣ ҳамагонро мебояд, баҳри муҳофизати худ аз қоидаҳои умумие, ки зарурист, риоя намоянд.

Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки танҳо 3,4% -и сироятшудагони бемории СOVID-19 мефавтанд. Ин ҳам ба иммунитети шахс ва иродаи ӯ вобастагӣ дорад. Дар сурати муқобилат нишон надодан бо ин маризӣ, он метавонад вазъи саломатии инсонро бадтар намуда, ба фавт рӯ ба рӯ намояд. Охирин тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) барои пешгирӣ аз вируси корона:

1. Вируси корона аз пӯсти солим намегузарад ва то 10 дақиқа рӯи пӯст зинда боқӣ мемонад. Пас, агар дастпӯш надоред, нигарон набошед. Фақат набояд дастҳои худро ба бинӣ ва даҳонатон бизанед ва лутфан пайваста дастҳоятонро бо собун ва оби гарм бишӯед. Барои пешгирӣ аз хушкшавии пӯсти дастон метавонед аз крем ва вазелин истифода кунед.

2. Вируси корона дар рӯи матоъ аз 6 то 12 соат, дар рӯи ашёи

филизӣ аз 12 то 20 cоат ва дар рӯи пӯлод то 20 соат зинда мемонад.

3. Ин вирус то 60 дараҷаи сонтигрод дар бадан зинда аст, вале

дар ҳавои кушод дар гармии аз 30 дараҷа боло мемирад. Пас беҳ-

тар аст шустушӯ ва назофатҳоро бо оби гарм анҷом диҳед.

4. Коронавирус бо оби гарм ва маводи шӯяндаи хонагӣ аз байн

меравад.

5. Либосҳоро зери нури офтоб ё рӯи гармкунакҳо хушк кунед.

6. Бо оби гарм ҳаммом кунед.

7. Ба ҳеҷ ваҷҳ оби сард ва ғизои сард нахӯред. Оби гарм, чойи

гарм, қаҳваи гарм ва нӯшокиҳои гарм бинӯшед.

8. Ҷойи ҷамъшавии аслии ин вирус дар бинӣ аст, пас мураттаб

биниатонро бо оби гарм шустушӯй кунед.

9. Агар ба нӯшидании гарм дастрасӣ надоред, сақич бихоед, то

гулӯятон мураттаб бо оби даҳонатон тар ва шустушӯй шавад.

10. Кӯшиш кунед ҳавои маҳалли зиндагӣ ва коратон тоза бо-

шад.

11. Дар тӯли рӯз чандин маротиба ба муддати 10-15 сония на-

фасатонро нигаҳ доред ва сипас хориҷ кунед. Агар сулфа ё тангии

нафас пайдо кардед, ҳатман ба маркази дармонӣ муроҷиат кунед.

Қабл аз пайдоиши мушкили танаффусӣ ба табиб муроҷиат кунед,

то дер нашуда бошад.

12. Агар берун аз хона ба кор, мағоза, бозор ва ғайра меравед:

- аввалан, фосилаи иҷтимоиро ( 1,5-2 метр) риоят кунед;

- дувум, ба сабаби ин ки ин вирус сангин аст (ҳудуди 400 то 500

нонометр) ва ба замин меафтад, кафшҳоятонро, ки манбаи муҳими олу-

дагӣ ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ дохили хона наоред ва доим тоза намуда ба ҷои махсус гузоред..

13. Вақти атса задан то ҷое, ки имкон дорад, аз дигарон фосила

гиред ва бо дастмол пеши даҳон ва бинии худро пӯшед ва барои

чанд сония онро раҳо накунед, то тамоми моеъот ба он ҳазб шавад

ва пароканда нагардад.

14. Агар шуғли шумо дар фазои серодам аст, лутфан, аз ниқоб

истифода кунед, зеро ба иллати дурушт будани ин вирус он аз

ниқоб намегузарад. Вале доим ниқобро бояд хушк нигоҳ дошт.

Яъне, онро зуд-зуд бояд иваз кард.

Бо орзуи нарасидани офат ба кишвари азизамон ва саломатии мардуми шарифи Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш аз оғози саршавии бемории коронавирус ҳамеша таъкид менамоянд, ки солимии ҷомеа боигарии давлат аст ва табиби ҳар шахс худи ӯст..

        Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди чумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 дар Чумҳурии Точикистон амалӣ гардида истодааст, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи эҳтимолии такрори COVID-19 тамоми чораҳоро меандешанд. Дар ҳолати омодабош қарор доштани ҳамаи муассисаҳои тандурустии кишвар далели эҳсоси масъулият ва дарки муҳиммияти ин масъала аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мебошад.          Бинобар ин, аз ҳар як фарди ҷомеа имрӯз тақозо мегардад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандии хеш ва дар ҳамҷоягӣ бо Ҳукумати кишвар, ҳар иқдоме, ки дар ин самт гирифта мешавад, оқилонаву одилона риоя намоянд.

Таибов С.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Зуҳра Турсунова –мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


11.08.2020     3998
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php