Донистани забони модарӣ- эҳтиром ба миллат аст

Тайи чанд сол аст, ки Тоҷикистон рӯзи забони давлатиро на дар 22-юми июл, балки дар 5-уми октябр таҷлил мекунад. Моҳи июни соли 2009 вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи забони давлатиро ба 5-уми октябр муқаррар карда буданд ва сар аз соли 2010 “Рӯзи забони тоҷикӣ” дар Тоҷикистон дар 5-уми октябр таҷлил мешавад. Дар асоси ҳамин санади муҳим “Рӯзи забони тоҷикӣ” ба номгӯи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст. Забони модарии мо яке аз муқаддасоти миллӣ ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории мо маҳз аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ сарчашма гирифтааст. Бояд гуфт, давлати Тоҷикистон дар тӯли 22 соли мустақилияти худ барои беҳбудии вазъи забони тоҷикӣ талош кардааст. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Яъне дар давоми солҳои истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад. Тавре таърихшиносон мегӯянд, забони тоҷикӣ баландиву пастиҳои зиёди таърихро убур кардаву бидуни осебе то ба имрӯз расидааст ва бояд ҳар яки мо низ ин забонро ҳифз ва эҳтиром намоем. Ниёконамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд ва мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори хеш, чун насли пойдори миллат аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем. Бузургони мо ҳамеша таъкид намудаанд, ки донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст.

Воқеан, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд ва забон омили асосии давлат аст. Забони тоҷикии мо ширинтарин, равонтарин забони дунё маҳсуб меёбад. Дар ин бора Муҳаммад Иқбол фармудааст:

Гарчи ҳинду дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст,

Мо ифтихормандем, ки вориси чунин як забону фарҳанги бузург ва миллати тамаддунсоз ҳастем:

Форсӣ гӯӣ , дарӣ гӯӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ , бигӯ,

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ , бигӯ,

Баҳри ман танҳо забони модарист,

ҳамчу шири модар аст.

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

чунки меҳри модар аст. 

ЮНЕСКО соли 1999 тасмим гирифт, ки 21-феврал Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ эълон шавад. Мақсад аз таъсиси Рӯзи забони модарӣ ин аст, ки аз байн рафтани забонҳо пешгирӣ ва решаи забонҳо устувор гардад. Дар ҷаҳон 7 - 8 ҳазор забонҳо мавҷуд буданд . Имрӯз ин сарват хеле кам шудааст . Забоншиносон кӯшиш доранд ин бойгарии мазкурро барои наслҳои оянда нигоҳ доранд. Забон қисми чудонашавандаи мероси ғайримоддии инсон аст. Агар ба назар гирем, ки забонҳо на танҳо тавлид мешаванду инкишоф меёбанд, балки инчунин мемиранд, ӣо бояд ҳамаи тадбирҳоро бинем, забонамонро ҳифз намоем ва онро пос дорем .

Забони модариро, ки дар олам,

Чу шири модарон поку зулол аст.

Касеаш пок дорад, пок бошад,

Ҳамон фарзанд фарзанди ҳалол аст.

Забони модарӣ пайвандгари дирзу имрӯзу фардои мост.

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Забони модарии мо инъикоскунандаи илму фарҳангамон мебошад. Он яке аз забонҳои куҳантарин, зеботарин ва ширинтарини дунё буда, бо мақому манзалати хеш дар чаҳон шӯҳратёр шудааст.

Чу шеъри Рӯдакӣ зебост,

Чу мусиқӣ фараҳафзост.

Дар олам аз ҳама ширин,

Забони модарии мост.

Забони назми пурҳикмат,

Забони давлату миллат.

Зи аҷдодон барои мо

Бувад он беҳтарин сарват…

Дар эҷодиёти адибони мо васфи забон мақоми хос дорад. Устодони каломи бадеъ ба ворисон таъкид намудаанд, ки барои бештар омӯхтани забони модарии хеш саъю кӯшиш намоянд. Онҳо бештар хонанд ва забонро аз гуфтаҳои нохуб нигоҳ доранд.

Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон

Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон. 

Турсунова З. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


28.09.2020     1765
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php