ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БЕТАРАФӢ НАШОЯД!

ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БЕТАРАФӢ НАШОЯД!
Сол то сол масъалаҳои таълиму тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии ҷавонону наврасон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва баланд бардоштани ҳувияти сокинон дар мадди назари давлат ва ҳукумат қарор дорад. Зеро, тарбияи эстетикии ҷавонон дар ташаккулёбии инсон яке аз марҳилаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Тарбияи эстетикӣ аз давраҳои қадим арзи вуҷуд дошт. Шоир ва файласуфи олмонӣ Шиллер Фридрих гуфтааст: «Барои инсони фикркунанда ва эҳсоскунандаро тарбия кардан, онро бояд ба воситаи зебоипарастӣ талқин намуд».
Мусаллам аст, ки бо баробари дигаргун шудани сохти иҷтимоию иқтисодӣ, раҳ ёфтани мамлакат ба фазои пурвусъати иттилоотию коммуникатсионии умумибашарӣ таълиму тарбияи насли имрӯза ҳам дигаргуниҳои назаррасро талаб менамояд ва дар ин замина, ҷомеа низ ба такмилу азнавсозии эҳтиёҷоти рӯзмарраи хеш майл пайдо мекунад. Ҳукумати мамлакат аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ин масъулияти пурарзишро дарк намуда, маҷмӯи иқдомотеро мавриди пайгирӣ қарор дода, ба сомон расонида истодааст, ки таҷдид ва такмили низоми таълиму тарбия дар он яке аз самтҳои афзалиятнок ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Яке аз чунин пайгириҳои ҳадафманд ба муҳокимаи умум гузоштани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буда, он дар пайвастагӣ бо дигар тадбиру иқдомоти самарабахши соҳа натиҷаи назаррас медиҳад. Зеро набояд фаромӯш кард, ки бе кумаку дастгирии бевоситаи волидайн, муассисаҳои таълимию аҳли ҷомеа ҷалб намудани насли ҷавону наврас ба фаъолияти пурсамару масъулиятнок хеле душвор буда, ба натиҷаи дилхоҳ комёб гардидан низ дар ин самт ғайриимкон аст. Ҳадафмандии ин маънии пурарзишро донишманди забардасти рус – Л. Толстой бараъло дарк намуда, чунин нигоштааст: «Барои он ки одами баҳри ҷомеаи фардо заруриро тарбия бикунӣ, ҳамеша инсони комилро дар ёд дор ва дар пеши чашм ор; бешак, чунин инсони равшанзамиру равшанравон сазовори авлод мешавад, ки дар он ҷомеа хоҳад зист».
Давоми мавҷудияти хеш дар дарозои таърих ҷомеаи башарӣ борҳо собит сохтааст, ки бе вуҷуди оилаи солиму рушдёфта барпо намудани ҷомеаи солим мушкилу ғайримумкин аст. Аз ин рӯ, ин нуктаро миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ҳам дарк намуда, ба сохтани ҷамъияти дар асл ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона камар баст, ки дар ҳоли ҳозир мо ин мақсади пешгирифтаи аҳли ҷомеаро бо камоли масъулият арҷгузорӣ менамоем.
Таълиму тарбияи мақсаднок ва дурусти фарзандон дар муҳити оила қарзи нахустини падару модар дониста мешавад. Доираи ҷаҳонбинӣ, маърифату хулқу одоб, дунёи маънавии падару модар аввалин маҳакест, ки фарзанд аз он ғизои маънавӣ мегирад. Гуфтан лозим аст, чӣ қадар ки волидайн хирадманду донишманд бошанд, фарзандон ҳам дар замири худ ҳамон қадар саводу дониш, ақлу тамиз, меҳру муҳаббат нисбат ба наздикону атрофиён, нисбат ба Ватанро ҷой медиҳанд.
Пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи шахсияти бакамолрасидаи фарзандон нақши ниҳоят муҳим дорад. Зеро фарзанди инсон, пеш аз ҳама, дар оила ба воя расида, нашъунамо меёбад. Ӯ одоби ҳамида, ахлоқи ҷавобгӯ ба талаботи замонро дар ҳамин ҷо меомӯзад. Лозим ба қайд аст, ки оилаи солим ва аз ҳар ҷиҳат рушдёфта муассисаи муқаддасе мебошад, ки дар он ҷо хушиву осоиштагии инсон таъмин мегардад ва бунёди чунин макони осоишта аз ҷумлаи қонунҳои асоситарини ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Оила муҳитест, ки инсон дар он ҳурмату иззат нисбат ба падару модар, хоҳару бародар, бобою бибӣ ва, гузашта аз ин, рафтори бомурувватро дар муносибат ба дигарон меомӯзад. Агар сарварони оила ин меъёрҳоро барои тамоми аъзоёни он таъмин карда натавонанд, дар акси ҳол, муҳити хонаводагӣ барои фарзандон ҳеҷ қимате надорад ва онҳо худро дар оила мисли меҳмон ва муҳити хонаводигии худро мисли меҳмонхона пиндошта, аз он ҷо дурӣ меҷӯянд.
Таҷрибаҳои пайваста бозгӯи онанд, ки дар оилаи солим ва ҳамаҷиҳата рушдёфта кулли аъзоёни он тамоми амалҳои ба онҳо тааллуқдоштаро ба нақша мегиранд ва кӯшиш ҳам мекунанд, ки аз рӯи нақшаи муайяни ба онҳо вогузоршуда кору фаъолият баранд. Онҳо ҳама он чизеро, ки мебинанду ҳис мекунанд, дар аъмоли ҳаррӯзаашон ифода менамоянд, душвориҳоро бо маслиҳату машварати тарафайн ҳал мекунанд. Бинобар ин, барои рушди намояндагони ин гуна оилаҳо ҳеҷ монеае садди роҳ шуда наметавонад. Одатан, чунин оилаҳо солим ба ҳисоб рафта, шарти муҳими пешравии фарзандон ҳам шуда метавонанд. Сарчашмаи муҳими дигаре, ки дар рушду бакамолрасии мусбии насли наврасу ҷавон таъсири амиқ мегузорад, ин ба донишу саводомӯзӣ диққати ҷиддӣ додани омӯзгорону ҳайати педагогии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ба ҳар яки мо чун оина равшан аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани илму маърифати ҳамаҷониба комил бунёду пешрафти ҳар гуна ҷомеа вобаста аст. Аз ин андешаҳо хулосаи амиқ баровардан мумкин аст, ки илму дониш аз бузургтарин арзишҳо маҳсуб ёфта, бунёду пешрафти ҷомеаи ботамаддун низ маҳз аз рушди босуботи онҳост. Дар ин раванд таълим танҳо ҳамон вақт натиҷаи бобарор дода метавонад, ки дар муассисаҳои таълимӣ муҳити озоду раҳнамунсоз ва бенизоъ ба вуҷуд оварда шавад. Яъне, асоси таълиму тарбияро мурувват, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътирофи мақсадҳои созандаи тарафайн ташкил диҳад ва мо инсонҳоеро бояд ба воя расонем, ки дар шароити серташвиши дунёи кунунӣ ба ояндаи дур некбинона нигариста тавонанд ва ҷаҳоне обод кунанд, ки дар он сулҳу субот, хайру некӣ ва ҳусни тафоҳум ҳукмфармо бошад. Бояд эътироф кард, ки хушбахтии шахс ҳам маҳз дар натиҷаи ба даст овардани фарҳангу саводи инкишофёфта ба даст меояд. Чунончи, яке аз саромадони барҷастаи илму адабиёти миллати тоҷик, бунёдгузор ва сипаҳсолори назму насри ибтидои асри ХХ – Садриддин Айнӣ менигорад: «Хушбахт он касест, ки дар хонадони ӯ каси беилму бетарбият набошад».
Меҳрубон Мавлонов, устоди кафедраи анатомияи патологӣ

09.04.2020     810
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php