Дар сухан бисёр ботадбир мебояд шудан!

Дасисабозии ошкорои радиои Озодӣ нисбат ба давлату миллати тоҷик, ки гӯё хабарнигори “дилсӯз”-и он нисбат ба зане, ки баъди ҷудоӣ аз шавҳар дар хонаи падараш зиндагӣ дораду аз бесаводии хеш ба иғвои хабарнигорони ин радио дода шуда, баъзе ҷавобҳои номатлуб додааст, миллати моро ҳушдор медиҳад, ки боз ҳам муттаҳидтар шаванд. Зеро худ қазоват кунед, ки тағоҳои Нигина мегӯянд, ки ҷияни онҳо якчанд бор шавҳар кардаву бинобар сабаби “феъли бадаш” ва дахолати модараш аз шавҳар ҷудо гаштааст. Тағоҳои ин зан изҳор доштаанд, ки барои ҷиянашон дар муддати як моҳ хона сохта, рӯзгори онҳоро таъмин хоҳанд кард. Пас мусоҳибаи хабарнигори Озодӣ ба хотири чӣ буд?

Оё эшон мехоҳанд, ки ҳар зани аз шавҳар ҷудошуда бо хонаи алоҳида ва шароити хуб таъмин карда шавад? Ин дасисабозон мехоҳанд, ки ҳар як хонадони тоҷикро вайрон ва шумораи ятимонро зиёд намуда, ин қазияи ба вуқуъ пайвастаро ба хотири бадномии миллат ва давлати мо истифода баранд. Мусоҳибаи анҷомдодаи хабарнигори ин расона боиси озурдахотирии ин зани ғурбатзада ва маломати сокинони ин маҳалла гаштааст.

Ба қавли раиси маҳаллаи Чӯпонобод ва ҳаққу ҳамсояҳои Нигина матлаби пахшнамудаи радиои Озодиро фитнакории навбатӣ нисбат ба роҳбарияти давлати Тоҷикистон номидаанд.

Ин матлабҳои беасоси Радиои иғвогар бори дигар шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳадафи ба вуҷуд овардани бесарусомонӣ ва шубҳаву гумон миёни мардуми осоиштаи кишварро доранд. Имрӯз онҳо чун мурғи посӯхта худро ба чор тараф зада, “аз мурда кафан талабида”, барои хоҷагонашон гӯё асос ҷамъ меоваранд, то собит намоянд, ки онҳо “ба кори хеш содиқанд”.

Радиои Озодӣ барои манфиатҳои сиёсии бисёр хатарнок кори ин расонаро дар Тоҷикистон пиёда менамояд. Албатта дар фаъолияти онҳо маводҳое, низ ба назар мерасад, ки шояд дар назари аввал ба манфиати миллат ва давлат бошанд, аммо онҳо пардапӯшона гуфта шуда, дар асл дунболи фитнаангезӣ аст. Яъне рисолати ин расона дар Тоҷикистон тамоман чизи дигар аст. Он барои мардум ҳеҷ кӯмаке накарда, дунболи манфиат ва ғаразҳои нопок равон аст, он наҷас аст, на озодӣ.

Тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти ҳукуматро дар ҳама самт дастгирӣ намуда, дар кори амалӣ гардонидани нақшаҳои он фаъолона ширкат менамоянд. Ин раванд ба ин зархаридон ва ҳаммаслакони онҳо маъқул нест ва онҳо кӯшиш менамоянд, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати давлати Тоҷикистонро дар ин самт сиёҳ намоянд. Радиои Озодӣ ба ғайр аз иғвогарию бадномкунӣ баҳри ҷомеа дигар ягон корро анҷом надодааст. Ин аст, ки тамоми мардуми Тоҷикистон амалҳои имрӯзаи “Радиои Озодӣ”-ро воқеан маҳкум менамоянд. 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


17.12.2020     271
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php