Дар ҷавонӣ сайъ кун гар бехалал хоҳи амал!

Шайх Саъдии Шерозӣ дар боби тарбияи фарзанд чунин гуфтааст:

Ҳар писар,к-ӯ аз падар лофад на аз фазлу ҳунар,

Филмасал гар ҷумларо мардум бувад номардум аст.

Шохи бебор гарчи бошад аз дарахти мевадор,

Чун наорад мева ӯ андар шумори ҳезум аст.
Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Агар муҳит созанда бошад,ҷавон солимфикр ба воя мерасад, агар ҷавон дар муҳити сузанда ба воя расад, пас аз ӯ умеди созандагӣ намудан душвор аст.
Иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Фуруғи субҳи донои китоб аст” ва ҳавасмандгардонии ҳама қишрҳои ҷомеа дар тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ муҳиму саривақти мебошад. Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад.Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад, ки бо Афғонистон, Хитой, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст. Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад”. Сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ ҳаррӯза дар муборизаи иттилооти қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда намояд. Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем, сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас амали намоем. Тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падарону модарон ба он ниҳодҳои иҷтимоие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад. Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».
Гуянд дар дарвозаи донишгоҳи Стелленбоши Африкои ҷанубӣ навиштаҳои зерин овехта шудааст:”Нест кардани ҳар миллате ба истифодаи бомбаҳои ҳастаӣ, ё истифодаи мушакҳои дурпарвоз ниёз надорад. Он танҳо мунҷар ба коҳонидани сатҳи таълим аст ва таввасути донишҷӯён додани иҷозати фиребу тақаллуб дар имтиҳонот таҳқиқ мепазирад. Он гоҳ натиҷа ба ин минвол хоҳад буд: Беморон аз дасти чунин пизишкон мемиранд. Биноҳо аз дасти чунин муҳандисон фурӯ мерезанд. Пул дар дасти чунин иқтисоддонон ва ҳисобдорон гум мешавад. Одамгарӣ аз дасти чунин “донишварон”-и дин мемирад. Адолат аз дасти чунин доварону қозиён зоеъ мегардад. Сукути низоми омӯзиш-сукути миллат аст”. Ҳамчунин гӯянд, ки нахуствазири Ҷопонро пурсидаанд, ки чӣ гуна онон ба чунин пешрафте даст ёфтанд ва дар маҷоли фановарӣ (технология) ва илм пешсафи ҳама ҷаҳониён гаштанд?
Посух додааст: “Мо ба омӯзгор моҳҳонаи вазир, масунияти дипломат ва обрӯи императорро додем ва ин аст натиҷааш”.
Оре, маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро созанда бошанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамоянд. Маҳз ҳамин истиқлолияти давлатӣ буд, ки барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи онҳо ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа тадбирҳои зиёде ба тасвиб расиданд, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Старатегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва ғайра. Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. Ҷавонони мо ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд. Шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ менамоянд. Зеро дар дунё ҳастанд давлату ҷомеаҳое, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале, мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора - пора шуда истодаанд.
Муҳити созандаву созгоре, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҳандозӣ мешавад, дар масъалаи тарбияи худшиносию хештаншиносӣ нақши арзандае мегузорад, ки татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, омили асосии ноилшавии дастовардҳои таълиму тарбия ва илм дар ин боргоҳи таълиму тарбияи мутахассисони бофарҳанги соҳаи тибби кишвар маҳсуб мешавад.Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷавононро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия менамояд. Онҳоро ҳарчи бештар ба илму касбомузӣ ҷалб намуда дар миёни ҷавонон бахусус донишҷуён тарзи зиндагии солимро тарғиб месозад ва барои ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғаразноку ифротгаро пайваста вохӯриҳои судманд бо намояндагони мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқ баргузор мекунад, ки ташкил ва гузаронидани чунин суҳбату вохӯриҳо дар беҳдошти маърифати сиёсии ҷавонон нақши боризе мегузорад. Раванди тарбияи маънавию ахлоқии таълимгирандагон яке аз бахшҳои асосии тарбия мебошад. Аз ин рӯ, дар тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон ҳамкории мустаҳками таълимгоҳ, оила ва ҷомеа нақши ҳалкунанда мебозад. Ин аст, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шӯрои “Волидайн” фаъолият менамояд. Бо падару модарон мунтазам гузаронидани вохӯриҳову корҳои фаҳмондадиҳии шӯрои мазкур дар пеш рафтану самараи хуб додани корҳои тарбиявӣ нақши муҳим дорад.
Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад ва он фосиларо намепазирад. Он пайваста ва зина ба зина амалӣ мегардад. Агар каме таъхир намоем, таълиму тарбияи мо самараи хуб ба бор намеорад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад.
Таибов С. А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

15.05.2020     1537
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php