Бигӯ дилро, ки…

Бигӯ дилро, ки…

Асоси орзуву хоҳиши инсонро ҳаёти наву шукуфо дар бар мегирад, аммо ғуссахӯриҳои беҳуда барои рӯзи гузашта ва орзуҳои ба даст наомада омоли инсонро ба коми фано мекашад. Шахси оқилу доно бояд аз рӯзу амали сипаришуда ғам нахӯрад, зеро бо ғусса хӯрдани беҳуда гузашта боз намегардад. Бинобар ин, бояд ба гузашта салавот гуфту кори гузаштаро набояд ёд кард.

Баъзе нафарон барои гузаштаи талхашон бо дарду алам гиряву нола мекунанд, охир шишаи бишкаста пайванд намегардад. Бояд донист, ки ҳар чизе, ки меравад, бебозгашт аст. Инсон бояд рӯҳу равони нафсашро аз зиндони беҳуда ғуссахӯриҳои гузашта раҳо кунад.

Чи тавре, ки мо аз қонуни табиат хабардор ҳастем, мавҷи дарёро ба қафо гардонида намешавад ё офтобро аз ҷои баромадааш ба дигар тараф баргардонида намешавад ва ё пас аз таваллуд тифлро боз ба батни модар ҷойгир карда намешавад. Ба гузашта ғам хӯрдан ҳам ҳамин тавр аст, онро баргардонида намешавад. Ба кори гузашта тадбир ҷустан ин вақтро беҳуда сарф кардану номукаммал шудани корҳои оянда мегардад.

Камбудии аксари мо инсонҳост, ки ба кори имрӯза аксаран эътибори ҷиддӣ надода, барои корҳои гузашта худро пойбанди ғаму ғусса мекунем.

        Бигӯ дилро, ки гирди ғам нагардад,

        Ки бо хӯрдан ғами дил кам нагардад.

Оре, шоир мисраи болозикрро дуруст қайд кардааст. Тибқи қонунҳои табиат шабу рӯз пеш меравад, оби дарё ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунад. Пас ба қонунҳои табиат зид шудану ғами беҳуда ба гузашта хӯрдан ба муқобили маҷрои зиндагӣ мухолифат кардан, иштибоҳи калон аст.

Зарина Юлдошева,

коргузори муовинати тиаълим


01.07.2019     563
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php