Ба пешвози 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ

Қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангофари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷониби эшон пешниҳод гардид, ки соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ аз 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил ба амал оварда шавад.
Шаҳри Хуҷанд- дар шимоли Тоҷикистон дар таърих ва фарҳанги Вароруд мавқеи хос дошта, чун маркази рушди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, шоҳиди ҳодисаҳои мухталиф ва пешрафтҳост. Мавҷуд будани мактабу мадрасаҳо, маконҳои таърихӣ, бозорҳову корвонсаройҳо ва марказҳои тиҷоратӣ ин шаҳрро машҳури ҷаҳон гардонидааст. Хуҷанд дар тазкира ва таърихномаҳои гузашта ҳамчун "Арӯси дунё", "Тирози ҷаҳон", "Беҳҷат маол" ёд шудааст ва ҷаҳонгардону муаррихон ин шаҳрро ба сабаби доштани неъматҳои фаровон ва мардумони хушахлоқу бофарҳанг, ситоиш намудаанд. Ин шаҳр бузургон ва шахсиятҳои номвареро ба ҷаҳониён тақдим кардааст, ки дар ин саф метавон Абу Муҳаммад Ҳамид бини Хизри Хуҷандӣ, Абу Имрон Мусо ибни Абдуллоҳи Хуҷандӣ, Имрон Ҳорун ибни Толиби Хуҷандӣ, Абӯ Абдуллоҳ Сулаймон ибни Исроили Хуҷандӣ, Абулфазл Аҳмад ибни Яъқуби Хуҷандӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Исо Хуҷандӣ, Абӯҳасан Алӣ ибни Исмоили Хуҷандӣ ва Маҳасти Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бабоҷон Ғафуровро мисол овард.
Дар ин миён номи Шайх Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, шоир ва мутафаккири маъруф ҷойгоҳи хосе дорад ва барҳақ номи ӯ бар торикии ирфон ва шеъри тоҷикӣ-форсӣ аз замони зиндагияш то кунун медурахшад. Барҳақ Хуҷанди бостон бо Камол, шоир ва орифи номдор менозад ва яке аз сабабҳои шӯҳрат ва маъруфияти Хуҷанд ҳамоно Хоҷа Камол, фарзанди ширинкалом ва маъруфи он будааст. Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф ба "Шайх Камол", "Бобо Камол" ва "Хоҷа Камол" солҳои 1318-1321-и мелодӣ дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи марди донишманд ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ дар назди падараш, ба Самарқанду Чочу Хоразм рафт ва сипас озими Ҳаҷ шуд. Камол дар роҳи Ҳиҷоз ба Табрез расид ва ин шаҳрро ба сабаби обу ҳавои хуб, маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва серодам будан, ҷойи истиқомат интихоб кард ва чун эҳсоси бегонагӣ надошт, то поёни умр дар ин шаҳр ба сар бурда, саранҷом дар ин ҷо ба хоби абад рафт.
Овардаанд, ки ҳатто ҳокимони замон ба ӯ ихлос ва иродати хос доштаанд. Дар суханони Шайх Камол тарзи хосе мавҷуд аст, ки дигаронро кам иттифоқ меафтад. Камол дар ашъори худ лафзҳои думаънидорро бисёр истифода мекунад ва дар ҳарду маънӣ ҳам шеърҳояш аз ҷазозбият дур намешавад. Чунончӣ:
Гуфтам давои дарди диламро хате навис,

Гуфто давот чун бинависам давот нест
Давоти дувумро ҳамчунон ки ба маънии “давои ту” фаҳмидан мумкин аст, инчунин ба маънии “сиёҳидон” ҳам ба кор бурдан раво аст. Дар ҳаққи суханони Камол чунин гуфтаанд:
Чу девони Камол афтад ба дастат,

Навис аз шеъри ӯ чандон, ки хоҳӣ.

Зи ҳар лафзаш давон магзар чу хома,

Ба ҳар ҳарфаш фурӯ рав чун сиёҳӣ.
Камол дар даврони зиндагии худ, ҳамчун ориф ва шоир машҳур буд ва девони ӯ беш аз ҳашт ҳазор байтҳоро дар бар мегирад. Дар ашъори ӯ рубоиҳо низ зиёданд, ки онро яке аз шогирдонаш тартиб дода, омода кардааст. Ғазал дар девони шоир ҷойгоҳи хосе дорад ва бештари осори ӯро ташкил медиҳад. Ишқ бар Худованд ва шод будану шод зистан маънии асосии асарҳои ӯро ташкил медиҳад. Ашъори дилошӯби Камол ба шоирони баъд аз ӯ низ таъсир расонидаанд ва бисёре аз суханварони шеъру адабиёт, аз ҷумла Салмони Савоҷӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Сайдои Насафӣ, Тошхоҷаи Асири Хуҷандӣ, Абдулқодир Хоҷаи Сода, Садриддин Айнӣ ва дигарон бар ғазалҳои шӯрангези ӯ назира ва ё ҷавобия гуфта, садоқат ва таваҷҷӯҳи махсуси худро ба ин андалеби бӯстони сабзи чаманзорони Хуҷанд иброз доштаанд.
Бо амри тақдир Камоли Хуҷандӣ дар Табрез аз олам гузашт ва он ҷо ба хок супорида шуд. Зиёрати оромгоҳи ӯ барои аксари ҳамватанонаш муяссар намешуд. Аз ин сабаб, муште аз хоки Камол ба Хуҷанд оварда шуд. Ин иқдоми нек намоёнгари бозгашти маънавии ӯ ба Ватани хеш мебошад. Барои ин хок оромгоҳи намодин ба сурати хеле муҳташам бино ёфт ва он дар Наврӯзи байналмилалии соли 2015 аз ҷониби Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Воқеан ҳам, оромгоҳи шоир зиёратгоҳи аҳли дилу назар аст. Дар паҳлуи он пайкараи барқади Хоҷа Камол, ки баёнгари симои ҷавонӣ ва давраи зиндагии ӯ дар зодгоҳаш аст, қомат афрохтааст. Хонаи шоир дар зодгоҳаш холӣ буд. Имрӯз хонаи ин шоиру орифи номвар бо услуби меъмории қадимаи тоҷикон - бо ҳавлии дарун ва берун, чорбоғ ва сарҳавз хеле устодона эҳё гардида, ба диданитарин гӯшаи меҳмонон ва сайёҳон табдил ёфтааст.
Мардуми тоҷик ба Камол эҳтироми хос доранд. Боғи Камол дар шаҳри Хуҷанд, дар паҳлӯи театре, ки ба номи ин ситораи назми тоҷикӣ-форсӣ гузошта шудааст, ҷойгир аст ва тақрибан дусад қадам дуртар, муҷассамаи Камол дар гулгашти Хуҷанд қомат афрохтааст. Нашрияе дар ин шаҳр ва ҷоизаи адабӣ низ барои посдошти мақоми ӯ дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Олам сухани Камол бигрифт

Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест

Турсунова З.Г.-мутахассиси шуъбат иттилоот ва робита бо ҷомеа

17.04.2020     3812
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php