Аз тамокукашӣ дурӣ бояд ҷуст!

Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз истеъмоли тамокукашӣ ҳамасола дар ҷаҳон наздикии 6 миллион нафар ҷони худро аз даст медиҳанд ва 600 ҳазор нафар аз заҳролудшавии дуди тамоку мемиранд. Ба гуфтаи коршиносон афзоиши рақамҳои номбаршуда боиси нигаронӣ буда, шояд то солҳои 2030 ин шумора ба 8млн. нафар расад.

Дар дуди сигор мавҷуд будани 30 намуд аз моддаҳои заҳрноктаринро олимон дар асоси тадқиқот собит сохтаанд, аз ҷумла никотин, чандин намуди кислотаҳо, аммиак ва ғайра. Маҳсулоти тамоку аз барги хушки тамоку истеҳсол мегардад, ки дар таркибаш сафедаҳо, карбогидратҳо, намакҳои минералӣ, ферментҳо дорад, вале аз ҳама моддаҳои барои саломатии инсон хатарноктарин никотин ва изопреноидҳо мебошанд.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол ба воситаи барпо намудани вохӯрию нишастҳо барои кам кардани шумораи истифодабарандагони тамоку аз роҳбарияти кишварҳои тамоми дунё даъват ба амал меорад, то роҳҳои тарғибу ташвиқи намудҳои тамоку пеш гирифта шаванд, андоз аз даромади фурӯши он боло равад, то тиҷорати он коста гардад ва миёни ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Заҳри тамоку сабаби гирифтории бемориҳои шуш, дилу рагҳо, саратон ва ғайраҳо мегардад.

Имрӯзҳо шумораи сигоркашу носкашҳо дар кишвари мо хеле зиёд ба чашм мерасанд. Аслан ин ду чизи зарароварро воситаи «Оромишу кайфият» медонанд. Аз рӯйи ҳақиқат носу сигор баробари ба буҷаи оила зарар оварданашон одамро ба бемориҳое, ки дар боло номбар намудем, гирифтор менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки шахси сигоркаш нисбати ҳамсоли солимаш, ки сигор намекашад, тақрибан 7 сол камтар умр мебинад.

Табибон таъкид менамоянд, ки сигору нос натанҳо барои хурӯҷи бемориҳои роҳи нафас ва шуш, балки ба узвҳои дохилӣ ва дандонҳо зарар расонда, даҳонро бадбӯй мегардонанд. Бар замми ин, дуди тамоку боиси ангезиши саратони лабҳо ва кому даҳон мешавад. Дар сурате, ки сигору нос ба саломатии мо хатари ҷиддӣ меоранд, чаро ин ду чизро мавриди истифода қарор медиҳем? Ҳатто бо бемасъулиятиву бепарвоии хеш фарзандони ноболиғамонро низ сигоркашу носкаш намудаем.  Ба ёд намеоранд, ки саломатӣ гавҳари ноёб асту истифодаи носу сигор ба чанд беморӣ мубтало месозанд.  Ин бемасъулиятии эшон аз он далолат медиҳад, ки моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» – ро заррае риоя намекунанд. Яъне ин моддаи Қонун таъкид менамояд ки «Барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво) маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос, ва маводи сахттаъсирро) манъ намоянд».

Ҳамчунин тибқи қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  истифодаи маҳсулоти тамоку маҳдуд карда шудааст. Ин қонун талаб менамояд, ки фурӯши сигор, папирос, нос ва дигар маҳсулоти тамоку дар назди муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ манъ карда шавад ва бояд муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар дохили бинои маъмурии худ ҳуҷраи махсус ё ҷойи махсуси сигоркашӣ дошта бошанд.  Мутаассифона, ин таъкиди қонунро на дар ҳама ҷо риоя мекунанд.  Ҳамчунин қонун муқаррар намудааст, ки ба истиснои ҷойҳои махсус ҷудокардашуда барои кашидани носу сигор ҷарима таъин шудааст.  

Дар бораи манъи тамокукашӣ далелҳои ҷолиб мавҷуданд. Агар рӯ ба таърих орем, бори нахуст соли 1856 дар Ҷопон тамокукашӣ манъ карда шудааст. Соли 1950 дар Амрико оид ба тамоку таҳқиқот гузаронида шуд. Баъди ин таҳқиқот ҳукумати ИМА низ дар бораи манъи тамоку қонун баровард.

Бармегардем ба нос, ки бетабътарин маҳсулоти тамоку аст. Одами солим дар ҷойҳои ҷамъиятӣ носи туфкардаро дида хеле хиратабъ мешавад, дар шаъни носкаш суханони носазо мегӯяд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани носу тамоку бошад, аз як сӯ қонуншиканӣ, аз дигар ҷониб бефарҳангист.

Аз ин лиҳоз, дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷойҳо роҳбаронро лозим меояд, ки доир ба зарар ва манъи носу сигоркашӣ бо зердастонашон корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотиро ҷоннок намоянд, ба таъмини тарзи ҳаёти солим саҳм гузоранд. Инчунин оид ба ин мавзуъ гузаронидани чорабиниҳо аз фоида холӣ нест.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд.

Қонуни мазкур фурӯш ва истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла, чилим, нос ва сигори электрониро дар дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илмию таълимӣ, биноҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, бинои осоишгоҳҳо, меҳмонхона ва хобгоҳҳо, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, таксӣ, дар ҳудуди фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, нақлиёти шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, майдончаҳои кӯдакон, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ менамояд. Инчунин танзими паҳлуҳои дигари ин масъала дар Қонуни номбурда пешбинӣ карда шудааст.

 

Имрузҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли тамоку пас аз Иттиҳоди Шӯравӣ аз фаъолият боз монда бошад ҳам, вале маҳсулоти хом, яъне барги тамоку дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ парвариш меёбад ва бо ҳар роҳу восита бархе аз шаҳрвандон ба тайёр кардани нос машғуланд ва мутаассифона то ҳанӯз аз болои истеҳсолкунандагони он назорат нест. Дар бисёри минтақаҳои куҳистони кишварамон аз хокистари арча ва дар шаҳрҳо бошад, аз хокистари саргини мурғ ё оҳак нос омода мекунанд. Пажуҳишҳо собит кардаанд, ки моддаҳои кимиёвии мавҷуд дар таркиби нос 10 маротиба бештар аз меъёр мебошад.

Даст кашидан аз истеъмоли тамоку хеле мушкил аст. Мусаллам аст, ки никотин заҳри муътодкунанда буда, қасди тарки он мушкил хоҳад буд. Аммо, биёед, дар якҷоягӣ бар зидди ин заҳри қотил мубориза барем, бо иродаи мустаҳкам, ба хотири солимии ҳам худу ҳам ҷомеа.

Дар баробари он ки сигор ба бемориҳои марговар саратонҳои шуш, даҳон (лабу забон), гулӯ, гурда, ғадуди зери меъда оварда мерасонад, боз ба як қатор маризиҳои дигар низ сабаб мешавад, ки онҳоро метавон чунин гурӯҳбандӣ кард:

1.           Таъсири манфӣ ба узвҳои ҳозима:

— илтиҳоби меъда (гастрит);

— захми меъда.

2.           Таъсири манфӣ ба узвҳои нафаскашӣ:

— бранхит (варами найчаҳои нафаскашии шуш);

— астма (нафастангӣ);

— ателектаз (пӯсидани шуш);

— амфизема (ҷамъшавии ҳавои зиёдатӣ дар шуш).

3.           Таъсири манфӣ ба рагҳои хунгард:

— кома (ҳолати беҳушӣ дар натиҷаи заҳролудшавии асабҳо ва мағзи сар), фалаҷшавӣ;

— инфаркт (сактаи дил);

— норасоии гурда, нефрит (илтиҳоби гурда), фишори баланд.

4.           Таъсири манфӣ ба мардон:

— безурриётӣ;

5.           Таъсири манфӣ ба занон:

— вайроншавии ташаккули ҷанин;

— исқоти ҷанин (бачапартоӣ);

— мурда таваллудшавии тифл:

— бо нуқс таваллуд шудани тифл.

Бояд гуфт, ки аз сигоркашӣ то 10 маротиба афзудани гирифторӣ ба сактаи дил ва сактаи мағзи сар мушоҳида шудааст.

Пеш аз ҳама, ба шумо зарур аст, ки худро  ҳам аз ҷиҳати ахлоқӣ ва равонӣ омода кунед. Бори аввал андаке бе сигор мушкил аст.  Муайян кунед, ки оё  аз сигоркашӣ шумо ягон баҳрае мегиред?

Дар аввал кӯшиш кунед, ки ҳаёти  орому осоиштаро барқарор кунед, аз истеъмоли машрубот дурӣ ҷӯед, аз иштирок дар ҷойҳое мисли, қаҳвахонаҳо ва маҳфилҳои, ки дар онҳо сигор мекашанд, худдорӣ кунед.

Хуб мешуд, агар зиндагии худро бо машғулият ба варзиш рангин менамудед: ҳар субҳ ба машқи бадан машғул шавед, бегоҳ ба кӯча барои сайру саёҳат бароед.

Маблағеро,  ки  барои сигор сарфа кардаед, беҳтараш барои харидани ягон лавозимоти барои хона зарур, шириниҳо ва ё ин ки барои ашхоси ниёзманд харҷ намоед. 

М.Н.Расулов, подполковники х/т,

Б.Х. Ҳурматов, лейтенанти х/т,

омӯзгорони кафедраитибби ҳарбӣ


14.05.2021     1002
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php