Аз дегхонаи беоташи хоинон танҳо дуди ғализ мондааст!

Тамоми ҳукмҳое, ки дар шариат оварда шудааст, ба табиати инсон мувофиқ буда, ҳама паҳлуҳои зиндагии ӯро дар назар гирифтааст. Ин аст, ки дар анҷом додани ибодат барои ӯ осониҳо фароҳам шудааст. Аз ҷумла, дар гирифтани рӯза низ. Аммо вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, яъне вабо тамоми инсониятро водор намудааст, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳангоми паёми шодбошии хеш ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, бо ишора ба вазъи ҷаҳонии сироятёбиву паҳншавии бемории коронавирус, таъкид намуданд, ки мо бояд пеш аз ҳама ба саломатии худ аҳамият диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад. Бинобар ин, мо бояд мувофиқи шароит амал кунем ва пеш аз ҳама, дар фикри саломатии худ ва аҳли хонадон бошем.
Моҳи Рамазони имсола дар он ҳолате иттифоқ афтод, ки дунё дар панҷаи бемории хатарноки коронавирус қарор дорад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба тамоми аҳкоми шариат дар мавриди адои фаризаи рӯзадорӣ ва имконияти доштани он аз ҷониби ашхоси алоҳида, дарҷ намуданд, ки шахсони узрнок набояд ба ҷони худ ҷабр кунанд. Яъне мо набояд дидаву дониста, дар натиҷаи нанӯшидани об ва нахӯрдани хӯрок, ки хусусан, ба саломатии калонсолон зарар дорад, ба ҷони худ ҷабр кунем ва ба худкушӣ даст занем. Шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст.Шариати исломи барои инсоният сабукиҳо додааст на вазнинӣ, аммо баъзе аз шахсиятҳои аз илми тибб ва ислом бехабар мардуми моро ба таҳлука андохта мехоҳанд, ки ин миллат осуда набошад.
Тавре мебинем, мухолифони ҳукумат, ки ҳеҷ аз ғайбату фитнабозии хеш даст намекашанд, аз як қолаб ба қолаби дигар ворид шуда, бо “донотароишиву муллосози”-и хеш ҳанӯзам талоши ба тарафи худ ҷалб сохтани ҷомеаро мекунанд, он ҳам бо “фатвоҳо”-и пучу бепояи худ. Мухолифони роҳгумзада диданд, ки амалҳои аҳмақонаашон дигар ба касе чорагар нест, ба иқдоми навбатии “фатводиҳиву муллотарошӣ” гузаштанд. Мақсаду маром танҳо ва танҳо худнамоишдиҳию гадоӣ ва ба ин васила дарёфти ризқу рӯзии сагонаи ин хоинон аз ҷониби хоҷагонашон аст.
Зеро, ин афрод ба гадоӣ одат кардаанд. Ва ин тоифа «кор»-ро дар хиёнат ба Ватан ва пур кардани турбаи гадоиро дар ҳарзагӯию бадномсозии миллат дарёфтаанд. Албатта, чун хоҷагони хориҷӣ аз ин хоинон иҷрои кор талаб мекунанд, онҳо барои ором сохтану ба оянда умед бастан ягона роҳи ҳалро дар шайтонгариву разиливу фитнабарангезӣ мебинанд.
Ин «бузакбозӣ»-и онҳо як рӯз не як рӯз сари худашонро ҳатман хоҳад хурд. Зеро, ба андешаи бузургон: «ҳар он чӣ коридӣ, ҳамон хоҳӣ даравид».
Мо мардуми сарбаланди тоҷик шукргузорӣ аз Сарвари одилу ғамхор, Пешвои муаззами худ мекунем, ки ба мо Худованд чунин Роҳбари хирадмандро лоиқ донистааст ва моро ин шахсияти худодод роҳнамоӣ мекунад ва ба ин сагони бемакони хиёбонӣ мегӯем, ки онҳо бемаҳал меҷаканд ва корвони бахту саодати мардуми сарбаланди тоҷик бо азамату шаҳомат ба сӯйи мақсад меравад!
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

11.05.2020     312
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php