Ҷавонон ва ҷаҳони муосир

Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи бо суръати баланд пеш рафтани ҷаҳони муосир ва бархурди тамаддунҳо дар ҳаёти инсоният дигаргуниҳои куллиро ба миён овардааст. Ҷаҳони муосир имрӯз тақозои онро дорад, ки инсоният бояд мувофиқи мафкураи баланд дар он вуҷуд дошта тавонад. Тараққиёти босуръати ҳамҷонибаи дунё ба он оварда расонидааст, ки он бояд аз ҳама ҷиҳат ба он мутобиққат кунад. Яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир, ки олами ислом ба он рӯ ба рӯ шудааст ин хатари ифротгароӣ ва тероризму экстремизм мебошад. Мақсад аз ба қалам додани ин мавзӯъ, аз он иборат аст, ки нисфи аҳолии ҷаҳонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва нақши асосии онҳо дар дунёи мутағайир бояд чи гуна бошад. Бояд хотиррасон кард, ки олами исломро имрӯз аксарияти ҷавонон доғдор менамояд, ки дар таърихи дини мубини Ислом, ки бар хилофи таълимоти он мебошад абадан торик боқӣ хоҳад монд. Муаллифи ин сатрҳо кӯшиш бар он менамояд, ки ба таҳлилҳо ва далелҳои нишондодаи солҳои охир чанд илова намояд.   Соли 2014 дар саросари олам 40 мухолифати низомӣ сурат гирифтааст, ки аз соли 1996 ин ҷониб собиқа надоштааст. Теъдоди ҳалокшудагон дар ин муқовиматҳо 100 ҳазор нафар нишон дода мешавад. Аз ин миқдор бузургтарин талафоти ҷонӣ дар ҷангҳои Сурия буд. Аммо дараҷаи истифодаи силоҳ дар кишварҳои чун Афғонистон, Ироқ, Нигерия ва Украина хеле боло будааст. Магар ин «низоҳҳои мусаллаҳона» номида мешаванд. Низоъ он аст, ки бар асари он 25 нафар кушта мешаванд. «Ҷанг» ин замонест, ки беш аз 1000 нафар кушта мешавад. Теъдоди қурбониёни давлати Сурия ба 50 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Тибқи пажуҳиши донишгоҳи Упсал дар Ироқ ва Афғонистон дар соли 2014 то 12 ҳазор нафарӣ ба ҳалокат расидааст. Низои мусаллаҳона дар Украина 3500 ва дар Судони ҷанубӣ 1600 нафар кушта шудаанд. Бино ба иттилои Раёсати СММ афзудани бесобиқаи низоъҳои мусаллаҳона афзоиши оворагон дар саросари олам то ҳаде зиёд аст, ки назири он баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ набуд. Бино ба гузориши лоҳиаи мазкур соли 2014 даҳ муоҳадаи қатъи низоъи мусаллаҳона бештар аз соли 2013 имзо шудааст.

Танҳо аз вилояти Хатлон дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон зиёда аз 40 нафар иштирок доранд ва аз як ноҳияи Бохтар 26 нафар ҷавон ҷониби марг бо хоҳиши хеш рафтаанд. Тибқи омори расмӣ 10 ҷавони Хатлон дар ин ҷангҳо кушта шудаанд. Ҳайни ҳол шаш ноболиғи хатлонӣ бо ҳамроҳии модарони худ дар Сурия қарор доранд, ки падарони онҳо дар ҷангҳои «Давлати Исломӣ» кушта шудаанд. Даҳшатовар он аст, ки аксарияти ҷавонон бо аҳли оилаашон дар ин ҷангҳо ширкат доранд, ки худ як манбаи таҳдид ба амнияти кишвари мо ҳастанд. Масалан сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Раъно Содиқова аз амали фарзандонаш норозиёна хабар додааст, ки ду писараш Шуҳрат ва Ғайрат бо занону фарзандонаш дар Сурия қарор доранд. Номбурда афзудааст, ки бо дастрас кардани аксҳои фарзандону наберагонаш аз он ба даҳшат афтодааст, ки набераи 14- солааш Асадбек Нозимов бо яроқи ҷангӣ мусаллаҳ аст. «Ман аз кирдори писаронам норозиям, зеро онҳо маро шарманда кардаанд»- иброз доштааст ин модари тоҷик. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро ҷавонон ба хотири ҳифзи Ислом ба Сурия ва Ироқ мераванд, ҳол он, ки Исломи ҳақиқӣ ҳурмати волидонро аз ҳама боло мегузорад.

Халифа ва сиёсатмадори тавонои Ислом- Умар (рз) ба коргузорони худ дар гӯшаю канори мамлакат ҳамеша тавсия мекард: «Мусулмонро лату куб нанамоед, то сабаби зиллатпазирӣ, ноҷавонмардӣ ва хории нафси онҳо гардед». Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакат дар ҷангҳои Сурия 519 нафар иштирок доранд, ки аз ин шумора 150 нафарашон ҷони ҷавони худро аз даст дода 35 нафарашон ба Ватан баргардонида шуданад.

Сиёсишавии дин, ки яке аз хатарҳои асосии ҷаҳони муосир мебошад, аз сенарияи «бархӯрди тамаддунҳо» сарчашма мегирад.Вақте кӯдак ва дигар қишри ҷомеа ба хулоса расиданд, ки роҳи ҳалли мушкилот зӯроварӣ аст, онҳо фундаменталист мешаванд. Фундаментализм бошад ҷустуҷӯи ҳақиқатҳои мутлақ мебошад. Аз ин рӯ ҷӯянда дар аксарияти маврид ҷаҳонбинии динӣ касб мекунад , чунки танҳо динҳо дорои ҳақиқатҳо ва ё худ аҳкоми мутлақ ҳастанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аввали солҳои 2008 дар суханрониҳо ва вохуриҳои худ бо аҳли ҷомеа аз хатари «Салафия» ҳушдор дода буданд. Роҳбари давлат дар ҷаласаи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз хатар ва пайёмадҳои хушунатабори ДИИШ ҷомеаро хабардор намуда, иброз дошта буданд, ки «ташкилотҳои экстеримистии ДИИШ-ӣ барои дастёбӣ ба силоҳи қатли ом дар ҳолати набард бо давлатҳои Ироқу Шом қарор доранд. ДИИШ ташкилоти дастҷамъонаи терориства экстремистӣ аст, ки хатари ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷомеаи башарӣ дорад». Даҳшатовар он аст, ки барои ҷавоне, ки дар фазои ороми кишари хеш ба дунё омадаасту кору зиндагӣ дорад, минбаъд ҷониби марг метозад ва дигар барояш Ватан, забон, миллат ва падару модар вуҷуд надорад, балки интиҳор, инфиҷор, фаъолияти терористӣ, хушунату тундгароӣ, ифротгароӣ ва қатлу куштор муқаддас ва арзишманд мегардад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои хабарии ҷаҳонӣ, беш аз 5000 зану духтар дар асорати салафияҳои ДИИШ қарор доранд. Забҳи инсон аз ҷониби муҷоҳидони хунхори ДИИШ ҳамчун омили исломӣ муаррифӣ мегардад, ки ин кирдор бар хилофи Қуръон ва дигар қонунҳои байналмиллалӣ мебошад. Танҳо як салафияи ДИИШ бо номи Абу Анас Алибӣ беш аз 105 зани ҳомиладор ва духтаракони ноболиғ ба далели он, ки мухолифат бо «Ҷиҳоди никоҳ» намудаанд, дар шаҳри Фаллӯҷа куштааст.

Хатари асосии ифротгарои тибқи иттилои сайти «Викепидия», ки шумораи толибонро чунин нишон додааст: Соли 1995- 25 000 нафар, 1998- наздики 110 000 нафар, соли 2006- зиёда аз 12 000 нафар, соли 2010- ба 27 000 ҷангиён расидааст. Замоне, ки Толибон 27- уми сентябри соли 1996 пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро забт намуда буданд, қонунҳои шариатро ҷорӣ намуданд. Гузаронидани дарсҳои муосирро барои хонандагон манъ намуда буданд ва ҳатто намемонданд, ки духтарҳо ба мактаб раванд. Чунин таълими яктарафа боиси он гардид, ки малакаи тафаккури интиқодӣ дар хонандагон вайрон гардид. Пас аз ин ҷо бармеояд, ки чунин фаъолияти кор боиси паст гардидани ақли кӯдакон мегардад. Агар вазъияти он давраи Афғонистонро бо кишвари худамон муқоиса намоем ба осони пай бурда мешавад, ки солҳои 90- уми асри гузашта, ки Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд таъсироти он то ҳол ҳам дар ҷавонони мо боқӣ мондааст. Аз ҷиҳати равони модаре, ки дар батнаш кӯдак дошт тоқати куштори ваҳшиёна ва нодориро надошта он ба инкишофи кӯдаки дар батнаш таъсири манфии худро гузошта буд. Шомил гардидан ба гурӯҳҳои ифротӣ, содир намудани ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби наврасон шояд таъсироти манфии он давра бошад.

Шуъбаи тарбия


12.10.2020     572
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php