Артиш сипари Ватан

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити басо вазнин таъсис ёфтааст. Ба таъсисёбии он 28-сол пур мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи биноҳою иншооти аҳамияти ҳарбидошта ва техникаю аслиҳаи дар ҳудуди кишвар будаи Артиши пурқудрати Шӯравӣ қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намудааст. Ҳамаи мо медонем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ баҳраманд гардад, зеро истифода аз техникаи ҳарбии дивизияи тирандози 201-уми дар Тоҷикистон мавҷудбуда, метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқиша гардад. Баъдан раванди ҳодисаҳо исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.

Дар шароити ниҳоят вазнини сиёсию иқтисодӣ ва ҳатто маънавӣ, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт. Бо вуҷуди надоштани таҳкурсии моддӣ-техникӣ, аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо дар сангарҳо ҷангидаву танзимгари сохтори ташкилию штатии худ шуданд. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаъҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.

Агар давраи аввали сохтмони қувваҳои ҳарбӣ ташкили Артиши миллии дорои қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва ҳаёти осоишта бошад, пас давраи дуюм аз такмили сохтори ташкилию штатӣ иборат буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои наздисарҳадӣ, десантура ва ғайра фаъолият менамоянд. Бо ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муҳофизати сохти конститутсионӣ ва муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ буд.

Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад. Пойдории Қувваҳои мусаллаҳро бе мутахассисони баландпоя тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Тӯли 28-соли мавҷудияти худ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист худро аз лиҳози моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонад, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни ҳарбиро омода намуда, таҷрибаю малакаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсояро омӯзад ва ба яке аз пояҳои боэътимоди ҳимояи кишвар табдил ёбад. Дар ин ҷабҳа саҳми Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон мебошад.

Боиси қайд аст, ки ҷавҳари мавҷудияти давлату давлатдорӣ, артишу артишсолорӣ дар мағзи миллати мо нуҳуфтааст. Гузаштагони барӯманди тоҷик бо артишҳои бонизому маҳорати ҳарбӣ баҳри ҳифзи Ватани хеш ҷоннисориҳо кардаву сарзамини худро аз дасти аҷнабиён наҷот додаанд. Халқи баруманди тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати хеш давлати ҳуқуқбунёду соҳибихтиёри тоҷиконро барпо намуд, ки хонаи уммеди тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст. Бо фараҳмандӣ метавон гуфт, ки ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳуриамон барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии кишвар ҳамеша омодааст. Мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дар масири бунёдкориву созандагӣ гомҳои устувор мегузоранд. Муҳофизони шуҷои Ватан, нерӯи техникию ҳарбии кишвар ва малакаи ҷангии ҳарбиёни мо имрӯз тавони ҳифзи Модар – Ватани азизи худро доранд. Дар зарфи солҳои ҳастии худ Артиши миллӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамонро сарбаландона аҷом медиҳад. Дар минтақаҳои гуногуни олам бо сабаби бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва хурӯҷ ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ муборизаҳои сиёсӣ ба фаъолияти бевоситаи ҳарбӣ табдил ёфта истодаанд, ки вазъи олами муосирро хеле шадид мегардонад. Ин вабои аср – терроризм ва экстремизм ба ҳамаи халқҳою кишварҳо таҳдид менамояд, зеро гурӯҳҳои ифротӣ ва хӯҷаинони абарқудраташон аз истифодаи ҳама гуна усулу имконият, аз ҷумла аз истифодаи эҳсосоти динию мазҳабӣ ҳазар намекунанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллиамонро пайваста боло бардошта, барои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватанамон, барои рушду пешрафти қувваҳои мусаллаҳи он ҳамаҷониба мусоидат намоем. Барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин ҳам қарз асту ҳам фарз.

Имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, зеро қувваҳои мусаллаҳ - артиш дар ҳар давру замон кафили рӯзгори осоишта ва зиндагии бофароғати халқ мебошад. Ақлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ҳамеша дастболост ва доимо сулҳу амониро тараннум хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб аҳли кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар симои ҳамкорони худ ҷавонони бонангу номус ва родмардони шуҷои Ватанро, ки пуштибонони марзу буми аҷдодианд, ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба эшон тансиҳатии комил, самимияту садоқат, хонаи ободу саодати рӯзгор, неруву иродаи қавӣ ва барору комёбиҳои беназирро орзу дорам! Бигзор дар фазои софу беғубори Ватани азизи мо кабутари сулҳ парафшон бошад, хотири мардумаш осудаву дастурхони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ пурнозу неъмат бошад.

Бигзор дар кишварамон ҳамеша сулҳу ваҳдат танинандоз бошаду Артиши миллиамон чун кафили амнияту саодатмандии халқи азизамон тавоною пурқувват! 

                                  Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 


17.02.2021     460
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php