ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН, КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ...

6 май ба рӯзи куштори ваҳшиёнаи яке аз саромадони тибби муосири тоҷик, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ 24 сол пур мешавад. Дар бораи Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ, яке аз шоҳсутунҳои тибби мусоири тоҷик, аз ҷумлаи маъруфтаринҳо дар миёни олимони соҳа, роҳбари дилсӯзу ободгар метавон асарҳо эҷод кард.
Ӯ аз ҷумлаи он нобиғагони даврест, ки дар айни камолоти эҷодиву нимароҳи умр хоинони миллат ваҳшиёна ба қатл расондиданд. Марги нобаҳангоми ӯ фоҷеаи на танҳо хонадони ӯ, балки бузургтарин бохти тибби тоҷик ва фоҷеаи миллат буд.
Агар ба зиндагиномаи ин олими сарсупурдаи тибби ватанӣ назар афканед, бемуҳобо шахсиятест боиси ифтихор ва намунаест нотакрор. Юсуф Исҳоқӣ 21 июли соли 1932 дар Ҷумҷурии Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1954 бомуваффақият Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуда, аз вазифаи ординатор то ба мартабаи ректори ҳамин боргоҳи хирад расид.
Ин олими тавоно соли 1958 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулую бинӣ» ҳимоя намуд.
Солҳои 1960 - 1964 сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии № 4, ҳамзамон дотсенти кафедраи оториноларингология буд.
Барои давом додани кори илмии худ солҳои 1964 - 1968 докторант, ходими калони илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии гӯшу гулу ва бинии шаҳри Москва фаъолият бурдааст. Ӯ соли 1968 дар мавзӯи «Кистаи роҳҳои болои нафас» - рисолаи докториро дифоъ кард. Олими забардасти тоҷик ҳамчун вакил дар Анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Еревани Арманистон иштирок намуда, аъзои садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт. Соли 1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ гардида, бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонда шуд. Ҳамчун олими варзидаи тиб соли 1977 дар Ҳиндустон ва Сейлон бо олимони ЛОР - и шӯравӣ дар конфронси байналмилалӣ ба ҳайси вакил ширкат намуд.
Ин олими пуркору табиби ҳозиқ соли 1973 ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таъйин гардида, дар фосилаи умри бобаракати хеш зиёда аз 300 асари илмӣ, мақолаҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки аз доираи васеи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимии эшон паём медиҳанд. Асарҳои Ю. Исҳоқӣ дорои аҳамияти калони илмию амалӣ буда, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешаванд. Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ нахустин академики илми тибби тоҷик, муаллифи бисёр таълифоти илмӣ, аз ҷумла 10 монография, 11 тавсияи методӣ аст. Китоби “Оторинолорингология” - и ӯ китоби рӯйимизии тамоми табибони ин соҳаи дунёст.
Фаъолияти босамари сарварии Юсуф Исҳоқӣ буд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар байни зиёда аз 880 муассисаҳои олии собиқ шӯравӣ ҷойгоҳи баланд дошт.
Ҷарроҳи номвари тоҷик аз соли 1974 узви садорати Ҷамъияти алоқаи дӯстӣ ва мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, узви Шӯрои ректорони мактабҳои олии тиббӣ дар назди Вазорати тандурустии ИҶШС ва муҳаррири маҷаллаи «Тандурустии Тоҷикистон» буд. Ӯ соли 1975 ҳамчун роҳбари намояндагони ЛОР - и ИҶШС ба Булғория сафар кардааст ва бо медали тиллоии Ҷамъияти дӯстии «Булғория -ИҶШС» мукофотонда шудааст. Юсуф Исҳоқӣ барои натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва хизматҳои шоён дар назди халқу Ватан бо ордени Ленин сарфароз гардидааст.
Соли 1977 ҳамчун вакили табибони соҳаи оториноларингологияи ИҶШС дар шаҳри Небраскаи иёлати Кентукии ИМА дар Конфронси илмии байналмилалӣ иштирок намуда, дар он ҷо ҷарроҳии намунавӣ гузаронда, ба унвони шаҳрванди фахрии Небраска сазовор гардидааст. Ҳамчунин Юсуф Исҳоқӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии СССР» мукофотонда шудааст.
Фаъолияти Юсуф Исхоқӣ танҳо дар соҳаи тиб маҳдуд набуда, солҳои 1987 - 1989 ҳамчун узви Кумитаи ташкилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Қонун дар бораи забони давлатӣ» бисёр корҳои судманди ташвиқотӣ анҷом дода, дар қабули қонуни мазкур саҳми арзанда гузоштааст.
Юсуф Исҳоқӣ соли 1961 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, соли 1973 бо медали «Дусадсолагии Институти тиббии якуми шаҳри Маскав ба номи И. М. Сеченов» мукофотонда шуд. Соли 1979 дар соҳаи илм ва техника бо мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сарфароз гардид.
Ҳукумати вақти Тоҷикистон хизматҳои шоистаи олими номварро дар соҳаҳои таълим, тарбия ва илм ба инобат гирифта, соли 1989 бо унвони давлатии Арбоби хизматнишондодаи илми Тоҷикистон қадрдонӣ кард ва пас аз марг ба ӯ нишони “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон” дода шуд.
Сад афсӯс, ки чунин шахсияти барҷаста ва чеҳраи тобони илми тибби тоҷик 6 майи соли 1996 ҳамроҳи ноиби ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Минҳоҷ Ғуломов бераҳмона кушта шуд. Пас аз 19 соли ҳодисаи кушта шудани профессор Юсуф Исҳоқӣ, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи ӯ гузошта шуд.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки дар даврае, ки мардум, ҳанӯз шаҳдҳои нухустини истиқлолиятро мечашиданд, неруҳои бадхоҳ, аз ҷумла ташкилоти террорис¬тии наҳзати ислом фаъолиятро дар Тоҷикистон аз бедодгарӣ, қатлу ғорати ашхоси номвару муътабар оғоз кард. Аз ҷумла, онҳо Юсуф Исҳоқиро, ки ҳамчун ситораи дурахшон дар осмони тирагуни дилу дидаи онҳо буд, ваҳшиёна аз байн рабуданд, то ба ин роҳ-яъне аз байн бурдани олимони забардасту саромадони илм ва ходимони сиёсиву фарҳангӣ теша ба решаи миллат зананд. Сад шукр, ки бо ба туфайли ҷоннисориҳои мардуми шарафманди тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар торикӣ ғолиб омаду тири ин неруҳои аҳриманӣ хок хӯрд, вале даҳшате, ки хиёнаткорон ба сари давлату миллати тоҷик оварданд, басо нангину дарднок ва то абад ҷуброннопазир хоҳад буд.
Хотираи неки устод Юсуф Исҳоқӣ бо зиндагии намунавӣ ва корнамоиҳои бемислаш ҳамеша дар дилу дидаи мардуми кишвар абадуддаҳр нақш бастааст. Ба фармудаи Ҳоҷа Ҳофиз:
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,

Сабт аст ба ҷаридаи олам давоми мо!
Дотсенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1, н.и.т., Ворисов А.А.

29.04.2020     897
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php