Ҳар рӯз зи худат бипурс агар ту мардӣ...

Ҳикмати машҳури шоири маҳбубу инқилобӣ Абулқосим Лоҳутӣ – «Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ, К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?» ба ҳаёти рӯзмарраи якояки мо иртиботи қавӣ дорад. Таассуф аз он аст, ки на ҳар кас ва на ҳар рӯз ба ин суоли таъкидбунёд посухи шоиста дарёфта метавонад. Бале, ҳар як шахсро дар ин маврид андеша мебояд.

Имрӯз миллати тоҷик бо кору пайкори хеш барои ноил шудан ба озодӣ бо созандагиву бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Ҳамаи ин дастовардҳо дар самти рушди миллат ва ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, гуфтаанд: “Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату Ватани худро дар ихтиёр доранд”.

Бояд таъкид намоем, ки ба арсаи љањонї ворид шудани Тољикистон як дунёи тозаеро дар роњи кашфу омўзиши илмњои дунявї боз намудааст ва њар як сокини кишвар имрўз бе мамониат аз ин дунёи равшан гули умед мечинад. Ќадамњои устувори Роњбарияти кишварамон дар роњи таъсису бунёди мактабњои типи нав (донишгоњњои байналмилалї, литсею гимназияњо) равзани маърифатро барои наврасону љавонони кишвар мекушояд, то аз илмњои замонавї, технологияи љадиди информатсионї пурра огоњ бошанд.

Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ як амали хайре, як кори неке аз худ боқӣ монад, ба монанди: садақаи ҷория — бунёди боғ, илми кофӣ — яъне офаридани асаре, фарзанди солим ва ботарбия ба воя расонидан, ки боиси ифтихору болидагист. Агар аз инсон амали хуб боқӣ монда бошад, ин заҳмати шоистааш номашро дар ёдҳо зинда медорад. Хушбахтона, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят ҳассос зимоми давлатдориро бар даст гирифтаву миллати тоҷикро аз арсаи нобудӣ наҷот доданд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоду ташаббусҳои созанда аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ халқи тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд муаррифӣ намуда, бо зиёда аз дусад кишвари олам ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монданд. Дар тӯли ин муддат кишвари азизи мо ба якчанд ҳадафҳои муҳими стратегии худ ноил гардидаву ба як кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, исботи виҷдону меҳнатқаринӣ, исботи тоҷдорӣ расидааст. Миллати ҳимматбаландро фурсати исботи ҳиммати баланд омадаст. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи имрӯзаи моро зарур аст, ки ҳамарӯза дар ислоҳи рафтори хеш бошем. Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар, ки аз обу ҳавои ин сарзамин нафас гирифта, дар хоки муқаддаси он умр ба сар мебарад уҳдадор аст, ки арзишҳои миллиро гиромӣ дошта, баҳри ҳифзи Истиқлолиятӣ давлатӣ ва Ваҳдату ягонагӣ кӯшиш намояд. Ба ҳар гуна суханҳои бофтаю сохтаи иғвоангезон дода нашуда, ҳушёру зирак бошад. Нагузорад, ки афроди нохалафе ба амну осоиштагии рӯзгори мардуми мо халале ворид созад, зеро рӯзгори обод, тинҷиву оромӣ ва хандаи беғаши кӯдакон аз ҳар яки мо вобастагии амиқ дорад. Ҳар яки моро лозим аст, ки ҳамарӯза баҳри ободиву шукӯфоии Ватан ҷидду ҷаҳд намуда, ҳиссаи худро гузорем. 

Таибов С.А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. – мутахассиси шуъба


02.03.2021     2923
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php