Ҳар ки ӯ бар айби худ бино шавад...

Ҳар ки ӯ бар айби худ бино шавад,

Рӯҳи ӯро қуввате пайдо шавад.

Оре, ҳақ бар ҷониби Фаридуддин ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Аттор аст, зеро ашхосе ҳаст дар ҷомеаи имрӯза, ки корашон танҳо дидани айби дигарон асту камбудиҳои хешро намебинанд, гарчанде саропо пургуноҳанд. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ тамоми шароитҳоро барои мардумаш фароҳам оварда, бо назардошти асосҳои қонунӣ барои демократикунонии мамлакат ва дар ин замина барои мустаҳкам гардонидани пояҳои давлатдорӣ аҳамияти хоса дода, талош бар он меварзад, то ки мардумаш дар фазои осоиштаву сулҳафзо умр ба сар баранд. Мухолифони давлати тоҷикон, ки аз сиёсати давлату давлатдорӣ бехабаранд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд зарари худро ба миллату давлати Тоҷикистони азиз расонанд.

Дар давраи ҳасостарини давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19, давлатҳои абарқудрат раҳгумзада буданду аз дигарон кумак мепурсиданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда буд ва чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ мегардид. Ин боис гардид, ки мардуми тоҷик бо ворисони Синои бузургаш аз уҳдаи табобату пешгирии ин вабои аср баромаданд.

         Сару садоҳое, ки атрофи паҳн шудани ин беморӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби чанде аз нотавонбинон баланд мегардид, ҳеҷ воқеияте надошт ва мардум ба сарвари хеш боварии комил дошт. Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани масъунияти бадани шаҳрвандон дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксина ворид гардид,ин дар ҳолест,ки давлатҳои абарқудрат дар ҳолати карантини қарор доранд ва эҳтимоли хуруҷи сеюми COVID-19 дар назар аст.

Дар ҳолати омодабош қарор доштани ҳамаи муассисаҳои тандурустии кишвар далели эҳсоси масъулият ва дарки муҳиммияти ин масъала аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон буд ва хушбахтона аксарияти беморхонаҳои омодашуда то ҳол холию дар ҳолати омодабош қарор доранд. Бинобар ин, аз ҳар як фарди ҷомеа имрӯз тақозо мешавад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандии хеш ва дар ҳамҷоягӣ бо Ҳукумати кишвар, ҳар иқдоме ки дар ин самт гирифта мешавад, оқилонаву одилона риоя намоянд.

Миллати тоҷик мардуми сулҳдӯсту сулҳпарвар аст ва суханони нопоку нораво ва беасоси ду-се афроди тангназарро бовар намекунад. Имрӯз гумроҳону душманони беиродаву бевиҷдоне ҳастанд, ки бо талошҳои ҷосусона аз овозаҳои дуруғашон дар бораи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19, орзуи паркандагии миллатро доштанд ва тирашон хок хурдаву забонашон гунг гашт. Мардуми тоҷик дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дошта, арзандатарин шароити рӯзгорро соҳибанд. Муҳимтараш он аст, ки халқи тоҷик дар фазои ором озоду обод зиндагӣ дорад ва ҳамеша ба саломатии хеш ва тозагию покияш аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Давлату Ҳукумате дорем, ки барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

        Мо бояд шукургузор бошему ифтихор намоем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо -Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагиву кору фаъолият дорем ва бо кучакии мамлакати хеш нигоҳ накарда, дар пешгирии ин беморӣ дар ҷаҳон муваффақ гаштаем.

Хушбахтона, Тоҷикистон имрӯз дар қатори он давлатҳоест, ки ба табобат ва пешгирии коронавирус мувафақ гаштааст ва мардумаш масъунияти колективӣ пайдо намудаанд, ки ин боиси ҳасудии бархе аз бадхоҳони миллат гаштааст. Бо вуҷуди ин ҳама муввафақиятҳо чораҳои иловагии пешгирии ин ва дигар бемориҳои сироятӣ андешида мешавад, вале мутаасифона, баъзе ашхоси тангназар бо ҳар баҳона овозаву ҳангомаҳо барпо мекунанд, то инки бо овозаҳои беасоси хеш мардумро ба таҳлука андохта, Созмонҳои ҷаҳонии тандурустиро ба шубҳа оранд. Мо тоҷиконро зарурат пеш омадааст, ки садди роҳи онҳо шудаву нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури мардум, алалхусус насли оянда таъсири номатлуби хешро гузоранд.

Аз корнамоиҳои муҳоҷирони тоҷик, аз муввафақиятҳои ҳамватанонамон, ки берун аз кишвар ноил гаштаанд, аз тоҷиконе, ки дар ҳукуматҳои кишварҳои дунё кору фаъолияти пурсамар намуда, вазифаҳои пурмасъулеро ба дӯш доранд, имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебинему мешунавем ва ин боиси ифтихори миллати тоҷик аст. Онон бо ин восита тавонистаанд таърихи хешро ба ҷаҳониён муарифӣ намуда, фарҳангу маданияти миллати моро бори дигар сазовори эҳтиром гардонанд. Имрӯз ҳар як фарди ҷавону худогоҳ вазифадор аст, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамояд ва бо душманони халқу миллати хеш муборизаи беамон бибарад!

Таибов С.А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Одинаев И.С . - директори МТИК “Стоматология”


09.04.2021     188
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php