Ҳар касе,ки хеш бишносад...

Таҳлилҳои ҳафтаҳои охир нишон доданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бормадҳои пай дар пай ва гуфтаҳои беасос зиёд гаштаанд. Ин боиси таасуф аст, зеро шабакаҳои иҷтимоиро мо бояд ба мафиати миллату давлат ва муарифии маданияти халқи худ истифода бурда, маводҳоеро ҷой диҳем, ки шунаванда ва ё хонанда мафтуни маданияти волои ин миллати таърихӣ гардад. Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба изати нафси касе расид.

Дар шикасти шишаи соҳибдилон андеша кун,

Шишаро гар бишканӣ ҳар пораи ӯ ханҷар аст.

Оре, сухангуӣ озод аст, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳар чизе мехоҳем надидаву насанҷида бинависем ва ё ҳар навори видиоие, ки хоси фарҳангу маданияти тоҷик нест дар ин шабакаҳо пахш намоем. Бузургон гуфтаанд: аввал андеша, баъд гуфтор. Аз ин рӯ, чи дар гуфтор ва чи дар навор бояд боаҳамият буд, то ин ки боиси косташавии нуфузи халқи тоҷик нагардад. Ба маданияти баланди тоҷикон Сталин, Путин, Салавёв ва Байден баҳои баланд дода, имрӯзҳо ҳатто попу патриархҳояшон аз мардуми худ даъват намуда истодаанд, ки китобҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва дигар мутафаккирони шарқро, ки пур аз сабақҳои зиндагиянд биомӯзед ва ҳамчун дастурамал дар зиндагиятон истифода кунед.

Тоҷикон миллати қадима буда, фарҳанги бойю ғание доранд, ки ҷаҳониён эътироф намудаанд, аммо амалҳои баъзе ашхоси худношинос, ки ҳадафи ба вуҷуд овардани бесарусомонӣ ва шубҳаву гумон миёни мардуми осоиштаи кишварро доранд, нигаронкунанда аст. Дар фаъолияти онҳо маводҳое ба назар мерасанд, ки шояд дар назари аввал ба манфиати миллату давлат бошанд, аммо онҳо пардапӯшона гуфта шуда, дар асл дунболи фитнаангезӣ ва паст намудани обурӯю нуфузи давлат ва маданияти миллат мебошанд. Мо тоҷиконро зарурат пеш омадааст, ки садди роҳи онҳо шудаву нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли оянда таъсири номатлуби хешро гузоранд. Бале, аз дасти чунин фарзандони носипос, ки аз таъриху тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи хеш бехабаранд, имкон дорад номи халқе бо ин бузургӣ дар паҳнои таърихи навини башар доғдор гардад. Блогерон ё суханвароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад мекунанд, бояд далеру хунсард бошанд, асабонӣ нашаванд, худнамоӣ накарда, пурсабру ботаҳаммул бошанд, хушзеҳну ҳозирҷавоб буда, маданияти суханвариро пурра риоя намоянд. Суханварӣ агар бо ҳусну нияти хирадмандӣ бошад, барои ҷомеа судмандтарин корҳост, вале агар барои ғаразҳои нафсонӣ, нияти бад ва бадномии касе ба кор бурда шавад, яке аз хислатҳои пасттарини инсонӣ маҳсуб мешавад. Озурдан ё шикастани дили кас хоси миллати мо нест. Аз корнамоиҳои муҳоҷирони тоҷик, аз муввафақиятҳои ҳамватанонамон, ки берун аз кишвар муваффақ гаштаанд, аз тоҷиконе, ки дар ҳукуматҳои кишварҳои дунё кору фаъолияти пурсамар ва вазифаҳои пурмасъулеро ба дӯш доранд, имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебинему мешунавем, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷик аст. Шояд нафаре пайдо шаваду гӯйяд, ки ин фирӯзиҳо на дар Ватан, балки дар мулки бегонаанд, вале фаромӯш набояд кард, ки муҳоҷират тақозои замон аст. Он дар навбати худ манфиатҳои зиёдеро метавонад ба бор овардад. Бузургони мо дар замонҳои пеш ҳам мардумро ба ҷаҳонбинӣ ҳидоят менамуданд ва худ ҳам зиёд мусофират мерафтанд. Онон бо ин восита тавонистаанд таърихи хешро ба ҷаҳониён муарифӣ намуда, фарҳангу маданияти миллати моро сазовори эҳтиром гардонанд. Шайх Саъдии бузургвор, ки худ ҳамеша дар сафар буд ва аз рӯзгори муҳоҷират бархурдор, фармудааст:

Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме,

Сӯфӣ нашавад софӣ, то дарнакашад ҷоме.

Агар ба таърих назар афканем муҳоҷират дар тамоми дунё ҳаст, аммо баъзе ашхоси носипос ин амалро барои бад намудани миллату давлати мо ва пиёда сохтани ғаразҳои нопоки хеш мехоҳанд истифода баранд. Хусусан аз ҷониби баъзе нафарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани наворҳои видеоие, ки масоили оилавиро дар бар мегиранд аз рӯи одобу маданияти тоҷикон набуда, боиси паст задани кулли халқу миллат дар шахси як нафар ва ё хонаводае мегарданд. Набояд фаромӯш кард, ки на танҳо тоҷикон рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Намояндагони дигар халқу миллатҳо низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо бояд санги маломат ба халқу давлати худ зананд.

Мо медонем, ки муҳоҷират на ҳамеша иҷборӣ аст. Он аз рӯйи хоҳиш ва ё тақозои замону хаёт буда, ҷанбаҳои мусбии худро низ дорад. Нафаре, ки дар давлати бегона кору фаъолият мекунад, ҳамеша кӯшиш мекунад муроқиби рафтор, гуфтор, кирдори хеш бошад ва ин ба ҳукми одат даромада, бо мурури замон хислати ҳамешагии фард мегардад. Дигар аз ҷанбаҳои   муҳоҷират – ин баланд рафтани зудҳаракатии одамон аст, ки ба ҳамаи соҳаҳои фаъолияташон таъсир мерасонад, аз ҷиҳати иҷтимоӣ қонеъ мегардонад, ҷаҳонбиниашонро   васеъ менамояд. Зудҳаракатӣ омили муҳимми инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва талаботи он аст. Ҷавононе, ки ба муҳоҷират мераванд бештар вақт аз рӯйи мақоли “Ба ҷавонмард чил ҳунар кам” амал намуда, кӯшиш мекунанд аз як ҳунар неву аз чанд ҳунар бархурдор бошанд. Дар таҷриба соҳиби касбу ҳунар гашта, ба қадри вақту меҳнат расиданро меомӯзанд. Дурӣ аз ёру диёри хеш дар ниҳоди ҷавонон эҳсоси ватандориву ватандӯстиро боло намуда, муҳаббатро нисбат ба волидайну ҳамватанон мукамал мегардонад.

Ҷудоӣ то наафтад дӯст қадри дӯст кай донад,

Шикастаустухон донад, қадри мумиёиро.

Дуруст аст, ки дар даҳсолаи охир ҳодисаҳои маҳдудкунии ҳуқуқ, рафтори нораво, нажодпарсатӣ ва миллатгароёна нисбат ба муҳоҷирон дар тамоми дунё афзоиш ёфтаанд. Мутаасифона, чунин рафтор нисбат ба муҳоҷирони тоҷик низ истисно нест ва маҳз ҳамин омил боиси пайдоиши назари манфӣ ба масъалаи муҳоҷират гаштааст. Бояд таъкид намуд, ки ба муҳоҷират танҳо аз назари дарду ғаму кулфат нигоҳ кардан лозим нест, зеро чунин нигоҳ барои пайдо намудани мавқеи худ дар зиндагӣ аксариятро аз мубриза боз медорад. Ин аст, ки бештар бояд ба паҳлӯҳои мусбии муҳоҷират такя намуд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳастанд ашхосе, ки дур аз Ватан ба қадри миллату давлати хеш нарасида, боиси бадномии давлату миллат мегарданд ва кӯшиш менамоянд аз вазъи имрӯзаи муҳоҷирон барои пиёда намудани ғаразҳои сиёсии хеш истифода намоянд. Бадбахтии эшон дар он аст, ки ислоҳнашавандаанду аз ҳувияти миллию эҳсоси ватандорӣ дур. Онон бояд огоҳ бошанд, ки мардуми тоҷик дар раванди ҷаҳонишавӣ мисли пешин содаву зудбовар нестанд, шунавидаҳояшонро таҳлил мекунанду хулоса мебароранд. Замони карахтии мардум гузаштаву замоне расидааст, ки мардум дар хонаҳояшон истода, бо ҳама навъи донишҳо дастрасӣ пайдо кардаанду роҳи ҳақшиносиро дар шинохти хеш мебинанд.

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. – шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


21.04.2021     54