Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор...

Тоҷикон дар таърихи тамаддуни дунё мавқеи хоса доранд. Миллати тоҷикро бо бузургонаш Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигар нобиғагонаш мешиносанд. Хушбахтона, то ҳол дар таърихи тоҷик ягон сафсатанавис ё ҳарзагуй ҷовидон намондааст.
Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!
Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гуш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва, ба таъбири имрузиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад?
Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат порапора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Дар аҳди бостон чунин мисолҳо фаровонанд. Сарнавишти миллати точик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.
Таърихи саршор аз лаҳзаҳои пирузӣ, часпу талош барои ташаккули та-факкури милливу ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг ва ... гулгун аз хуни мардони муборизу фидокор ... Аммо пушида нест, ки солҳои тӯлонӣ мо аз омӯзиши мероси таърихии халқи худ як андоза дур мондем. Дар мактабу донишгоҳҳо ба фарзандони мо ба ҷойи таърихи халқи тоҷик бештар таърихи халқҳои дигарро меомӯзонданд. Ва ин муносибати носолим рахнае гузошт дар таърихомeзӣ ва таърихдонии мардуми мо. Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавият, коҳидани ахлоқи ҷомеаи мо аз ҳамин иборат буд.
Бо шиносоӣ ба таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷахолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фархангҳ дил реш мегардаду ба андеша водор месозад.
Миллате, ки як замон соҳиби тамаддуни олӣ буд, имруз аз коҳидани маънавияти ҷомеа меноладу азоб мекашад?! Бале аз дасти чунин фарзандони носипос, ки аз таъриху тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи хеш бехабаранд, имкон дорад номи чунин як халқе бо ин бузургӣ дар паҳнои таърихи навини башар доғдор гардад. Хитоб ба ин кӯрдилон аст, ки шумо бо ин амали хеш теша ба решаи миллат мезанед!.
Пушида нест, ки баъди инкилоб мардуми мо ба таври сунъи аз омухтани таърихи чандинхазорсолаи худ бенасиб гашт ва маънавияту ахлокаш аз нарасидани ин гизо кохид.
С.А.Таибов- сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия

З. Турсунова- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия

21.05.2020     2014
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php