Андаке фаҳмидан аз бисёр гуфтан хуштар аст

Суханварӣ ҳам ҳунарест, ки бояд ҳамеша сайқал дода шавад ва сухангӯй суханҳоеро истифода барад, ки таълимдиҳанда ва дилписанд бошанд, ҳам мағзро розӣ кунад, ҳам гӯшро хуш ояд ва ҳам дилро бибарад. Суханвар бояд некнафас, хайрхоҳ ва хушният бошад. Сухан бояд лутфу меҳрубонии неку дошта бошад. Ба ҳар некӣ завқ ва аз ҳар бадӣ безор бошад. Дасисабозии ошкорои шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба давлату миллати тоҷик фитнакории навбатӣ нисбат ба роҳбарияти давлати Тоҷикистон мебошад. Ин матлабҳои беасоси иғвогарон бори дигар шаҳодат медиҳанд, ки онҳо ҳадафи ба вуҷуд овардани бесарусомонӣ ва шубҳаву гумон миёни мардуми осоиштаи кишварро доранд. Албатта, дар фаъолияти онҳо маводҳое низ ба назар мерасанд, ки шояд дар назари аввал ба манфиати миллат ва давлат бошанд, аммо онҳо пардапӯшона гуфта шуда, дар асл дунболи фитнаангезӣ мебошанд. Рисолати ин расонаҳо дар Тоҷикистон тамоман чизи дигар аст, вале барои мардуми мо ҳеҷ кӯмаке накарда, дунболи манфиат ва ғаразҳои нопоки баъзе аз давлатҳои абарқудрат равонанд. Суханвар бояд бошарофат, амин, бузургвор, ростгуй, самимӣ ва аҳли фазл бошад. Бояд аз табиб меҳрубонтар ва бовиҷдонтар бошад, чун табиб солимии тани мардумро дар даст дорад, суханвар руҳи инсонро. Суханвар бояд мутафаккир, хирадманд, бозавқу салиқа бошад. Суханвароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад мекунанд, бояд далеру хунсард бошанд, асабонӣ нашаванд, худнамоӣ накарда, пурсабру ботаҳаммул ва хушзеҳну ҳозирҷавоб бошанд. Суханварӣ агар бо ҳусну нияти хирадмандӣ бошад, барои ҷомеа судмандтарин корҳост, вале агар барои ғаразҳои нафсонӣ ва нияти бад ба кор бурда шавад, пасттарин чизҳост. Суханвар бояд беғараз бошад, ба ҷуз қонеъ намудани талаботи мардум манзури дигаре надошта бошад ва сухан санҷида гӯяд, зеро ки:

Сухан санҷида гӯй, то дӯстро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад.

Сухангӯй бояд аз гуфтани матолиби бемазза ва номатлуб, ки боиси озурдахотирии дигарон мегардад бипарҳезед ва агар зарурате дошта бошад, аз мисраҳои шевою ширини шоирони классик ва муосир истифода намояд, то мумкин аст онҳоро бо чизҳои бомаза омехта созад, чандон, ки пас аз доруи бад таъмро бо ширинӣ олуда мекунанд. Махсусан, бояд сари мавзӯе, ки суханварӣ мекунад, онро комилан донад ва илму нафс дошта бошад, нуктасанҷу дақоиқшинос бошад, мантиқ, фалсафа, сиёсат, ахлоқ ва таърихро хуб бидонад. Ровиёни ин расонаҳо, ки фитнаангезист корашон, мехоҳанд байни мардум нисбат ба давлату миллати тоҷик ва роҳбарияти давлати Тоҷикистон тафриқа андозанд. Вале мо аминем, ки халқи барӯманди тоҷик мақсади нопоки ин ашхосро дарк кардааст. Дар урфият мегӯянд, “моргазида аз ресмони ало метарсад” ва мардуми мо низ заҳри морро чашидаву дигар ба ин дасисаҳо дода нахоҳанд шуд. Тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти ҳукуматро дар ҳама самт дастгирӣ намуда, дар кори амалӣ гардонидани нақшаҳои он фаъолона ширкат менамоянд ва ин ашхос бояд дарк намоянд,ки мардуми Тоҷикистон ҳамеша барои дифои Ватан омодааст.

Баски чизе дар ҷаҳон ғайр аз ҳунар манзур нест,

Чашм мепушем аз ғайбу тамошо мекунем.    (Фонӣ) 

Таибов С.А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


29.12.2020     472
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php