ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА: "ХУРУҶИ COVID-19 ДАР ТОҶИКИСТОН КОҲИШ МЕЁБАД!"

Панҷ моҳ инҷониб кулли кишварҳои ҷаҳон дар муборизаи шадид бо коронавирус қарор доранд. Ва тибқи баҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бисёре аз онҳо вазъият рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, ҳукуматҳо карантинро барои шаҳрвандонашон сабуктар месозанд. Дар кишвари мо низ табибон расо як моҳ мешавад, ки бо табобати мубталоёни SARS-CoV-2 машғуланд. Ва аз рӯи маълумоти мавҷуда метавон гуфт, ки вазъият на танҳо таҳти назорат аст, балки нахустин аломатҳои коҳишёбии суръати паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дар муколамаи ихтисосӣ ҳолати феълӣ ва тамоюлҳои мубориза бо ваборо тавзеҳ дод. 
- Муҳтарам Абдуллозода, аз рӯзе, ки дар ҷумҳурӣ расман нахустин ҳодисаҳои сирояти коронавирус эълом карда шуд, расо як моҳ гузашт. Ҷолиб он аст, ки дар даҳаи сеюми он теъдоди сироятёбӣ рӯ ба поин овардааст. Шумо ҳамчун сарвари соҳа вазъияти кунуниро дар ҷабҳаи мубориза бо COVID-19 чӣ гуна арзёбӣ мекунед? 
- Дар кишвари азизамон аввалин гирифториҳо ба коронавирус назар ба дигар кишварҳо хеле дертар ба қайд гирифта шуд ва ин набояд ҷойи тааҷҷуб бошад. Зеро бо дастуру супоришҳои қатъии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бармаҳал, ҳанӯз аз моҳи феврал ҷиҳати роҳ надодани вируси нав ба қаламрави ҷумҳурӣ оғоз шуда, дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Аз ҷумла, маҳдудсозӣ ва назорати махсуси равуои одамон ба хориҷ ва ҳудуди Тоҷикистон, ташкили дидбонгоҳҳои назорати шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, бо фарқ аз дигар давлатҳо ба карантин фаро гирифтани ҳамаи онҳое, ки аз кишварҳои паҳнгаштаи коронавирус ба ҷумҳурии мо ворид мешаванд. Инчунин, иттилоотонии пайвастаи ҷомеа ҷиҳати риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштии фардӣ ва муҳити атроф, ташкили корҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, муассисаву корхонаҳо, бахусус ҳар рӯз ду маротиба дар нақлиёти ҷамъиятӣ гузарондани корҳои безараргардонӣ ва ташкили гурӯҳҳои мобилии сайёр натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Бо назардошти ин ҳама корҳои муҳими ташкилӣ мо дар маҷмӯъ, тавонистем вазъиятро таҳти назорат дошта бошем. Дар акси ҳол роҳандозии карантин дар кишвар ногузир мешуд. Акнун дар бораи тамоиле, ки ишора кардед. Он воқеан, умедворкунанда аст, зеро агар миқдори зиёдтарини сироят - 210 нафар рӯзи 21 май ба қайд гирифта шуда бошад, аз он рӯз гирифторӣ пайваста кам шуда, то 123 нафар поин омад. Яъне тамоюли устувор. 
- 20 май Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чандин иншооти муосири тиббиро ҷиҳати табобати мубталоёни коронавирус дар пойтахт ба истифода доданд. Бо назардошти онҳо ниёз ба катҳои табобатӣ пурра қонеъ мешавад? 
- Айни замон дар кишвар катҳои табобатӣ барои ин беморон аз эҳтиёҷ зиёдтар аст, ки самараи ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурист. Дар кӯтоҳтарин муддат беморхонаҳои нави доимӣ ва муваққатӣ бунёд шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои дастури Президенти мамлакат, ки 20 майи соли 2020 зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба бунёди беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баён доштанд, бунёди беморхона бо 150 кат идома дорад. Айни замон эъмори боз як беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 1200 кат дар шаҳри Душанбе дар арафаи баҳрабардор аст. Лоиҳаи сохтмони беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 200 кат дар ноҳияи Данғара таҳия гардидааст. Дар варзишгоҳи «Бофанда» - и шаҳри Душанбе беморхонаи сайёри муваққатӣ иборат аз 144 контейнер, ки кишвари дӯсти Ӯзбекистон ҷиҳати дастгирии бародарона фиристода буд, бо тамоми шароит омода аст. Он дорои 984 кати хоб мебошад. Дар маҷмӯъ, барои дар як вақт бистарӣ ва табобат намудани беш аз 5000 сироятёфта ба COVID - 19 шароити лозима фароҳам мебошад. 
- Масъалаи таъмини беморхонаҳо, табибон ва кормандони соҳаи тиб бо маводи доруворӣ, муҳофизатӣ ва таҷҳизот ҳамин ҳоло чӣ гуна аст? Ягон мушкиле дар марказ ё ягон шаҳру ноҳия вуҷуд дорад? 
- Бояд гуфт, ки қабл аз пайдо шудани ин беморӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар чанд марҳила аз Федератсияи Россия тестҳои зарурӣ дастрас шуданд. Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали фарогирӣ ба давраҳои карантинӣ дар назди вазорат озмоишгоҳҳо таъсис ёфтанд. Ҳамчунин, дигар таҷҳизоти зарурии ташхис ва маводи яккарата, маҳлули безараргардонӣ бо ёрии бархе шарикони рушд дастрас гардиданд. Алъон беш аз 20 муассиса ба истеҳсоли ниқобу либосҳои махсуси муҳофизатӣ, хилъатҳои яккаратаи тиббӣ ва дигар маводи зарурӣ машғуланд. Ҳамаи муассисаҳо, новобаста аз шакли идора ва моликияташон, кормандони хешро бо маводи яккаратаи тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин менамоянд. Тамоми муассисаҳои тандурустӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизот таъмин аст. Тестҳо барои ташхиси бемории COVID - 19 аз кишварҳои Россия ва Чину Олмон ворид шудаанд. Ҳар чизе, ки аз доруворӣ ё таҷҳизот даркор шавад, сарфи назар аз беморхонаи Душанбе ё ягон ноҳияи дурдаст будан, вазорат оҷилан тибқи дархости бемористонҳо мефиристад. Чунки алъон ин ҳамаро бо ёрии Ҳукумати кишвар ва давлатҳои дигар, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ дастрас намудааст. Пандемия нишон дод, ки ҳеҷ набошад, дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои калонтарин ташхисгоҳҳо дошта бошем, то дар мавриди зарурат, ки ҳисоб метавонад ба соату дақиқа равад, имконияти гузарондани тестҳои на танҳо фаврӣ, балки оммавӣ дошта бошем. Яке аз муҳимтарин вазифае, ки назди вазорат истодааст, ҳалли ҳамин масъала аст. 
- Вақтҳои охир сухан аз он хусус зиёд шудааст, ки вируси кунунӣ ва пешинаи уханӣ фарқи калон дорад, яъне мутатсия шудааст. Ба фикри Шумо, оё вирусе, ки мутахассисони тоҷик ошкор мекунанд, ҳамон COVID-19 аст ё ягон шакли тағйирёфтаи он? 
- Натиҷаи ташхисҳои то имрӯз анҷомёфта бозгӯи онанд, ки аксари беморон ба намуди вируси COVID-19 гирифторанд, на ба ягон намуди тағйирёфтаи он. 
- Имрӯзҳо ба ҷумҳурии мо аз номи кишварҳои дӯст, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони хайрхоҳ иборат аз маҳсулоти ниёзи аввалия, молҳои таъйиноти тиббию санитарӣ ва доруҳо ёрии башардӯстона ворид мешавад. Тақсими ин мавод ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон тавассути сохторҳои вазорат амалӣ мегардад ё аз ҷониби созмонҳои хайриявӣ? 
- Пеш аз ҳама, бояд гӯям, ки барои таъмини муассисаҳои табобатӣ, беморон, пешбурди корҳои профилактикӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағи зарурӣ ҷудо мекунад. Ман аз маврид истифода бурда, бори дигар ба Пешвои муаззамамон самимона изҳори сипос мекунам, ки бо ташаббуси наҷибашон - барои мубориза бо коронавирус як маошашонро додан як ҷумбиши тавонои ҳамовозӣ ва пайравиро дар ҷомеа ба амал оварданд ва табибони тоҷик бори дигар эҳсос карданд, ки дар душвортарин лаҳзаҳо Сарвари давлат ва халқи шарифамон муттакою дастгираш мебошанд. Ба Тоҷикистон, ба Вазорати тандурустӣ ёрии хайриявӣ бисёр меояд. Масъули тақсиму истифодаи оқилонаи ёриҳои башардӯстона вазорат масъул аст ва то ҳол дар ин кор мушкиле пеш наомадааст. Маводи зарурӣ дар анборҳои вазорат ба қадри кофӣ мавҷуд аст. 
- Дар фарҷоми суҳбатамон хоҳишмандам, боз як рақамро тавзеҳ диҳед. Дар манзари тӯли даҳ рӯзи охир шифо ёфтани 2922 нафар фавти гирифторони COVID - 19 дар ин муддат ҳамагӣ шаш нафарро ташкил додааст, ки рекорди моҳ аст. 
- Албатта, дар манзари фоҷиаи дигар кишварҳо, ки даҳҳою садҳо ҳазор шаҳрвандонашон қурбону гирифтори ин вабо мегарданд, рақамҳои мо ба назар намоён нестанд. Тавре шумо дуруст қайд кардед, воқеан ҳам, фавт аз ин маризӣ торафт кам мешавад. Лекин шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторшуда мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем, ҳарчанд муборизаи шадид барои ҳаёти ҳар як бемор мекунем. Ҳамон вақте ки дар муқобили сатҳи фавт рақами сифр сабт шуд, танҳо ҳамон вақт ман кори худро ҳамчун вазир мусбат ҳисоб мекунам. Аммо ин ду рақами дар суҳбатамон зикрёфта дигар паҳлуи муҳим дорад. Моро аз чапу рост танқиду таҳдид мекарданд, ки карантин ҷорӣ накарда назорати вазъиятро аз даст медиҳед ва дар натиҷа даҳҳо ҳазор сирояту қурбон мешаванд. Тоҷикистон роҳи карантини нармро пеш гирифт. Яъне, маҳдудсозии интихобӣ ва ҳудудӣ. Ва такя ба фарҳангу фаросати халқи шарифи тоҷик. Ҳоло бинед, дар кӯча аксарият ниқоб мепӯшанд, гаштугузор дар кӯчаҳо хеле кам шудааст. Дастшӯӣ бо собун ё антисептик барои хурду бузург кори муқаррарӣ шуд. Ана ҳамин аз эҳтиёт кор гирифтани мардум беҳтарин ёрӣ ба табибон аст. Чунки шумораи сироят зиёд намешавад. 
- Муҳтарам вазир, шумо бо ин тавзеҳ гӯё саволи маро дар бораи зарурат доштан ё надоштани карантини саросарӣ пай бурдед. 
- Махсус зикр кардан мехоҳам, ки дар кулли беморхонаҳое, ки барои табобати маризони Covid-19 махсус гардонда шуда буданд, чанд рӯз инҷониб шуъбаҳои дигарашон низ ба фаъолият сар карда, беморони пешинаро қабул карда истодаанд. Дар сурати устуворона коҳиш ёфтани суръати паҳншавии коронавирус, кам шудани қурбонии ин вабо ба карантини сахти саросарӣ ягон зарурат мемонад? Ҷавоб ба фикрам, маълум. Вазорати тандурустӣ алъон маълумотро дар бораи вазъияти пандемия дар кишвар ҳамарӯза бо рақамҳои воқеӣ дар сомонааш инъикос мекунад. Яъне, ба шаҳрвандон ҳеҷ ҳоҷате нест, ки ба овозаҳои беасоси ғаразомез, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам нестанд, фирефта шаванд. Ҳама маълумоти дақиқи расмиро метавонанд аз сомонаи мо дарёфт кунанд. 
 Шаҳбоз АБРОР, “Ҷумҳурият”

02.06.2020     293
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php