ҶАЛБИ БОНУВОНУ ДУХТАРОН БА ИЛМ ВА ТАҲСИЛ

Илм яке аз он соҳаҳое аст, ки масъалаи баробарии занон бо мардон то асрҳои наздик боиси баҳс буд. Ҳатто то ҳол низ дохилшавии занону духтарон ба донишгоҳҳо душвор буда, ҷомеа мутмаин аст, ки онҳо нисбат ба мардон камтар қобилияти пешбурди фаъолияти илмиро доранд. Аммо бо вуҷуди ин, бисёр занҳо ҳаёти худро ба илм бахшидаанд ва ихтирооту кашфиёти онҳо аксар вақт инқилобӣ ва баъзан хеле пештар аз замони худ буданд.

Чанд мисол меорем оид ба ингуна занҳои соҳибилм:

Мария Коптская.Аввалин химик-зан, Мария Коптская, дар асри 1 дар Ерусалим зиндагӣ мекард. Ӯро асосгузори эҳтимолии мактаби кимиёвии Искандария ба ҳисоб мебаранд. Мария аввалин шуда идеяи дар зарфи об гарм кардани моеъҳоро ба миён гузошт, дар ҷаҳон аввалин дастгоҳи ҳайкунӣ – tribicos ва инчунин керокатис – зарфи пӯшидае сохт, ки дар он пластинкаҳои тунуктарини металлҳои гуногун ба буғ дучор меомаданд. Вай бо ёрии ин дастгоҳҳо ба моддаҳои алоҳида ҷудо кардани омехтаҳои моеъро омӯхт. Инҳо қадамҳои аввалин ба сӯйи пайдоиши атриёт буданд.

Ада Лавлейс. Қадамҳои аввалини барномасозӣ, тааҷҷубовар ҳам бошад, аз ҷониби зан гузошта шудааст. Духтари шоир Байрон Ада Лавлейс (1815-1852), ки бо вуҷуди ин падари машҳури худро намешинохт, як барномаеро пешниҳод кард, ки қобилияти таҳлилии мошини ҳисоббарорро нишон медод ва инчунин аввалин шуда истилоҳоти "ячейкаи корӣ" ва "давр"-ро ҷорӣ кард. Байрон пешгӯӣ карда буд, ки ҳамон тавре, ки дастгоҳи бофандагии Жаккард гул ва барг мебофад, мошини таҳлилӣ қодир аст формулаҳои алгебравӣ созад ва дар оянда мусиқӣ нависад, расмҳо кашад ва "илмеро нишон диҳад, ки мо ҳеҷ гоҳ орзу намекардем."

Розалинд Франклин. Мо ҳама медонем, ки ДНК чист, аммо чанд нафар медонанд, ки олимаи англис Розалинд Франклин дар асл онро кашф кардааст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ӯро муддати тӯлонӣ намедонистанд, тамоми корҳояшро ба ҳамкоронаш Френсис Крик ва Ҷеймс Уотсон мансуб медонистанд. Вай ба шарофати рентген тасвири ДНК-ро ба даст овард. Дар асл, дар асоси дастовардҳои ӯ, ҳамкасбонаш фарзияи сохтори спирали дукаратагии ДНК-ро баровардаанд. Крик ва Уотсон барои таҳқиқоти худ ҷоизаи Нобелиро сазовор гардиданд. Розалинд ҳамагӣ 4 сол пеш аз ин воқеа дар ҷавониаш аз бемории саратон фавтид, вай ҳамагӣ 37 сол дошт.

Кристина Светанова. Соли 2017 Кристина Светанова аз Булғористон ҷоизаи Иттиҳоди Аврупоро барои занони навовари то 30-сола соҳиб гашт. Вай барои ихтирои планшет бо алифбои Брайл мукофотонида шудааст. Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи София, Кристина дугонаашро, ки чашмонаш он қадар хуб намедиданд назорат бурд, ки маҷбур буд клавиатураи нороҳат ва калонҳаҷми Брайлро истифода барад. Пас аз он вай идеяи сохтани дастгоҳҳои электронӣ барои шахсони нобиноро ба миён овард, ки онҳоро бо роҳи палмосидан хондан мумкин аст. Дар соли 2012, ӯ ба ширкати Blitab пайваства ба кор дар ин лоиҳа оғоз кард. Планшет дар вақти воқеӣ матнро дар экран ба алифбои Брайл табдил медиҳад. Ҳамин тавр, планшет метавонад тасвирҳоро дар экран "намоиш" диҳад.

Ҳенриетта Ливитт. Ҳенриетта Ливитт – кашфиёти ӯ дар астрономия ва ҳам физика тағйиротҳо ба вуҷуд овард ва назари олимонро нисбат ба коинот бакуллӣ дигар кард. Ҳенриетта дар донишгоҳи Ҳарвард кор мекард ва феҳристи андозаи ситораҳо ва сайёраҳоро тартиб медод ва дар рафти кор ӯ муносибати байни равшании ситора ва дурии онро нисбат ба замин пай бурд. Мушоҳидаҳои ӯ рад карда шуд, аммо баъдтар заминаи кори илмии Ҳарлоу Шаплива Эдвин Хабблро ташкил дод. Магнус Миттаг-Лефлер соли 1926 кӯшиш кард, ки номзадии ӯро ҳамчун номзад ба ҷоизаи Нобелӣ пешбарӣ кунад, аммо кӯшишаш натиҷа надод – Ҳенриетта вафот кард.

Ин танҳо як қисми ками шумораи занони олим аст, ки онҳоро мисол овардем, аммо қисми хеле назаррас аст. Ҳамин шумора кофӣ аст то исбот кунад, ки зан аз оғози рушди илм, бо вуҷуди ҳама мушкилот, тавонистааст, ки ба ҳадафи худ бирасад ва дар таърихи тамоми инсоният боқӣ монад. Ин ба мо нишон медиҳад, ки мо занон, на танҳо нозук, зебо, боҳадаф, рӯзгордор ва оқила ҳастем, балки ҷасур низ ҳастем. Мо баробари мардон ҳамаи имкониятҳоро дорем, аммо суоле ба миён меояд: "Чаро насли ҷавони ҳозира барои таҳсил кардан, гирифтани маълумоти пурра ва дар таърих гузоштани номи хеш саъй намекунанд?" охир, барои ба воқеият табдил додани ин ҳама тамоми шароитҳо мавҷуданд: технологияи компютерӣ, смартфонҳо, интернет, мактабҳо, китобхонаҳо ва таҷҳизоти гуногуни муосир.

Мушкилоти аввалиндараҷаи занон ин баробарии гендерӣ аст, зеро на дар ҳама кишварҳо мардум инро эҳтиром мекунанд. Ва дар баъзе аз давлатҳо корпоратсияҳои зидди иҷтимоӣ мавҷуданд, ки ба баробарии гендерӣ мухолифат мекунанд. Онҳо боварӣ доранд, ки ҷои зан танҳо хона аст, ки дар он ҷо ӯ бояд бо корҳои рӯзғор то охири умр машғул шавад.

Сониян мушкилоти дигар – оила мебошад. Барои он ки занон модаронанд ва барои онҳо фарзандонашон дар ҷои аввал меистанд. Тавре ки ба мо аён аст, зан дар тӯли нисфи умри худ бо корҳои оилавӣ банд аст, агар мо ин корро накунем, пас кӣ онро ба зиммаи худ мегирад, зеро нақши мардон аз солҳои аввали пайдоиши инсоният дар рӯи замин таъмини оила аст. Аз ин сабаб тасмими ҷалби занон ба илм мушкилтар аст.

Барои ба таҳсил ва илм ҷалб намудани духтарону бонувон қишри калонсоли ҷомеа ва омузгону волидайн саҳмгузор бояд бошанд. Агар занону бонувон соҳибилму соҳибмаърифат бошанд, ҳатман ҷомеаи мо ба пеш меравад, чунки тарбиятгари асосӣ дар оила зан - модар аст, фарзандонаш ҳатман аз дониши ӯ баҳра мегиранд. Бигзор баъди хатми донишгоҳу донишкада дар ҳеҷ ҷое фаъолият набарад, аллакай илму дониш, зиракии сиёсӣ ва интизомаш дар тарбияи фарзандонаш акс меёбанд.

Хушбахтона бо иқдомҳои неки Пешвои миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Квотаҳои Президентӣ барои духтарони минтақаҳои кӯҳистон ва дурдасти мамлакат ташкил дода шудаанд ва ҳамасола шумораи зиёди духтараконе, ки ба омӯзишу таҳсил шавқи зиёд доранд, ба таҳсил фаро гирифта шуда истодаанд. Мо аз ҳамаи духтарону бонувони илмдӯсту заҳматкаши тоҷик даъват ба миён меорем, ки нисбати ояндаи худ ва насли тоҷик бетараф набошанду барои соҳибилм шудан доимо кӯшиш намоянд.

Тоштемирова З.М., Ходжаева М.Х., Шукуров Ф.А. - кафедраи физиологияи патологӣ


12.02.2021     228
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php