Қадри зар заргар бидонад қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ

Ҳадафҳои асосии Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва солимии мардум, рушди устувори давлат ва ташаккули миллати мутамаддин, таъмини саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали вируси ҳамагири COVID-19 дар ҷаҳон бобати пешгирии сироят ва паҳншавии он дар кишвар ҳамаи чораҳои заруриро андешида, масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъсис ёфтани ситод дар сатҳи ҳукумат, ки пайгирона ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тадбирҳои таъмини амнияти саломатии шаҳрвандон, андешидани чораҳои лозим ҷиҳати пешгирии шуюи коронавирус ва таъмини аҳолии кишвар бо озуқаворӣ ва доруворӣ машғул аст, дар роҳи пешгирӣ ва бартараф намудани ин вирус миёни аҳолӣ ва саросари кишвар мавқеи муҳим мебозад. Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои имконпазирро дида истода, алалхусус кормандони соҳаи тибро дар саросари кишвар бо таҷҳизоти муҳофизти шахсӣ таъмин менамояд, ки имкон медиҳад ба беморони COVID-19 дар Тоҷикистон ёрии фаврӣ ва бехатар расонида шавад. Бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ таъмин намудани беморхонаҳо, ташкили ҳуҷраҳои интенсивии махсусгардонда барои беморони пиронсол ва маъюбон, дастгоҳҳои ташхиси фаросавтӣ, омодасозии стансияҳои дастрассозии оксиген (кислород), ташкили озмоишгоҳҳои ташхиси тавозуни туршию ишқорӣ дар назди ҳар шуъбаи интенсивии беморхонаҳои сироятӣ, таъминот бо мавод ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, аз ҷумла маводи хлор, маҳлулҳои хлордор, асбобҳои тамизкунӣ, маводи доруворӣ, хусусан дорувории зиддивирусӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурии тиббӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар дар ин шабонарӯз аст, ки хушбахтона, ба пуррагӣ анҷом шудааст.

Табибони тоҷик имрӯз дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 аз имтиҳони бузурги зиндагӣ гузашта истодаанд.        Қоидаю меъёрҳои рафтору кирдор ва гуфтору муносибат натанҳо байни табибон, балки ҷомеи кормандони тиб ва беморонро риоя намуда, нафъи дармонро афзуда, ба болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеъа таъсири нек мегузоранд. Имрӯз тибби муосир ба зинаи баланди инкишоф расида, дар ихтирои олоту ҷиҳозоти ташхис, маводи табобат ва ғайра ба комёбиҳои зиёде ноил гардидаст, ки сабаби беҳбудии зисту маишат, шароити кор, таъмини муҳити иҷтимоӣ ва дигар омилҳо, имкони аз рӯи виҷдон ва истеъдоди фитрӣ, бо амри рӯҳу равон ва мувофиқи савганди табибӣ амал карданро доранд, ки ин билохира ба муносибати хуби байни табибу бемор, таъсири дилхоҳ бахшидани доруву дармон ва дигар амалиёти тиббӣ бурда мерасонад. Маълум аст ки ҳар сухан ва рафтори кормандони тиб, хулқу атвор, имову ишорат, авзою руҳия ва ҳолати ӯ дар ҳаёти бемор ва оқибати беморӣ таъсири мусбат ё манфӣ мерасонад.

         Намояндагони барҷастатрини тибби қадим – Буқроту Ҷолинус, Розиву Абӯалии Сино ва дигарон ба таълим додани ахлоқу одоб ба аҳли тиб бисёр таваҷҷуҳ фармудаанд. Табиб бибояд пайваста ба ҳифзу беҳбудии саломатии мардум ғамхорӣ намояд, ӯ дар роҳи аз дасти дард ва марг наҷот додани мариз ҷони хешро дареғ надорад. Муҳаммад Закариёи Розӣ ба табибон ва толибони табибӣ фармудааст: “Касе, ки худро ба хизмати тиб мебахшад, аввало бояд басаводу фурӯтан ва мардумдӯст, болумоҳиза ва дурандеш бошад, мақсади ҳалли ҳар масъаларо комилан бифаҳмад. Табиби накӯманиш дорои ахлоқи ҳамидаву шоиста буда, ҳавоси хешро ром мекунад, аз пулпарастиву мансабҷӯи рӯ метобад. Ба замми ин ӯ бибояд шифогари закию доно бошад”. Розӣ таҷрибаро дар амалёти ташхис ва табобати бемор шарти аввалиндараҷа ҳисобида, таъкид менамояд, ки ҳар табиб бояд андӯхтҳои табибони пешинро амиқ омӯзад ва дар мавриди зарурӣ моҳирона истифода бурда тавонад. Вай ақида дорад, ки ҳунари шифо дар байни маорифи башарӣ барои худ ҷои шоиста интихоб карда ва табиб беш аз ҳар кас тавонистааст рукни асосии тамаддун гардад. Воқеан, табиб файласуф, пешгӯи табиат, нозири шоистаи ҳаёти инсонӣ, саломатбахши ҳамагон ва ташкилкунандаи назми хонадон аст.        

Абӯали ибни Сино ба калом ва муомилаи табиб аҳмияти махсус додааст: “Бархе аз беморонро танҳо бо сухан даво кардан мумкин аст”. Табиб бояд муҳитеро фароҳам оварад, ки мариз аз фикру хаёлоти нохуш ва маъсӣ фориғ гардад, ба сиҳатёбӣ аз дард сахт умед бандад. Барои табиб шоҳу гадо баробар аст ва ӯ бояд бо амри виҷдони пок ва мувофиқи қарзи касбӣ амал кунад. Табиб ба мариз сиҳат шуданро бояд талқин намояд, зеро мизоҷи тани инсон бо ҳоли рӯҳу равони ӯ вобаста аст. Бархе айбҳои ахлоқӣ, ки мумкин домангири табиб гардад, он аст, ки бо сарнавишти мардуми дигар дахолат мекунад, ба ҷоҳталабӣ ва озормандӣ ва ҳавасварзӣ роғиб шавад ва ба фармонҳои пешаи худ пушти по занад.   

Мо мардуми тоҷик мардуми якдилу якруву содиқ ба Ватану сарзамини Тоҷикистони биҳиштосо метавонем бар зидди ҳама бемориву мухолифатҳои бадхоҳон муқовимат нишон диҳем ва Ватанамонро чун гавҳараки чашм аз ҳама таҳдиду хатарҳо ҳифз намоем.

Таибов С.А.  -  сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Зуҳра Турсунова  -  мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


26.01.2021     1498
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php