Ҳабиби миллати тоҷик

Агар ба таърих воқеъбинона назар афканем, маҳз бо саҳву хатоҳои алоқаманд бо ҷоҳталабӣ, кӯтаҳназарӣ ва судҷӯии баъзе ҳамтаборон, ки шароитро барои суиистифодаи аҷнабиён муҳайё гардонид, миллати тоҷик амалан аз давлат ва аз ҳокимияти марказонидашуда маҳрум шуд. Тоҷикистон ҳамчун мафҳуми ҷуғрофӣ, яъне чун мамлакат боқӣ монд, вале на дар доираи истилоҳи ҳуқуқӣ - яъне давлат.

Назария ва амалияи давлатдорӣ дар дунё собит месозад, ки миллат бояд аз ҷиҳати маънавӣ устувор ва сазовори истиқлолияти давлатӣ бошад. Иқтидору тавони расидан ба арзишҳои онро дар худ инъикос намояд. Сифати миллат дар муносибати намояндагони он ба тамоми ҳодисаву рӯйдодҳое, ки наметавонанд бо манфиатҳои сарзамини аҷдодии ӯ созгор бошанд, зуҳур меёбад.

Вақте зимоми сиёсиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд, қувваҳои худхоҳ низоми мутамарказонидашудаи давлати тоҷиконро пора-пора карда буданд. Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон алакай истиқлолият касб карда буд, давлат ҳамчун мафҳуми ҳуқуқӣ вуҷуд надошт. Фарзанди бузурги халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, ки он давра ҳамагӣ чиҳил сол доштанд, ба мардуми ранҷкашида ва аз ҷангу кашмакашҳо хаставу ноумедгаштаи тоҷик эълон карданд: “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳ барқарор мекунам ё ман дар ин роҳ ҷони худро медиҳам”. Истиқлолият аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун бузургтарин муқаддасоти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик тафсир карда мешавад: «Истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ба қадри он расанд ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва таҳким бахшанд». Яъне аз хурд то бузург ҳар фарде, ки қобилияти фикрронии комил ва тафаккури солим дорад ва сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб худро соҳибватан мешуморад, пойдории истиқлолиятро дар гиромӣ доштан ва ҳифз кардани он донад. Моҳияти Ватан ва масъулияти ватандориро эҳсос намояд. Фикру андешаи худро дар тарозуи ақл баркашад. Гузашта ва имрӯзро воқеъбинона муқоиса ва таҳлил кунад. Барои рушди миллӣ кадом амал зарур аст ва кадом амале зарар доштанашро мустақилона муайян кунад.

Пушида нест, ки Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷонбозиҳо ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. Дар он рӯзҳо, ки мардум пароканда буду сарсон ва амнияту якпорчагии миллати тоҷик дар хатар, бо ташаббус ва азму иродаи қавии ин марди ҷасуру диловар, фарзанди фарзона – Эмомалӣ Раҳмон, мардуми парокандаи ин миллати борҳо азиятдида боз сарҷамъ гардид. Ӯ тавонист дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро ба ҳам орад.

Дар даврае, ки роҳбарии давлатро пешвои муаззами миллат ба уҳда гирифтанд, тамоми корхонаҳо валангор будаву давлат халқи худро ҳатто бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонист. Роҳҳои аз замони шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд. Меҳмонхонае набуд, ки барои қабули меҳмонони хориҷӣ омода ва ба талаботҳои замона ҷавобгӯ бошад. Мардум норасоии обу барқро ба куллӣ эҳсос менамуданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд.

Президенти кишвар бо садоқат ва муҳаббати беандоза ба Ватан ба боварии мардум сазовор гаштанд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназири Роҳбари давлат нақбу пӯлҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки ин рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, ба ҳаёти рӯзмарраи онҳо беҳбудӣ бахшид. Корхонаву биноҳои нави бисёрқабата ва марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабии ба талаботи замон ҷавобгӯ раванди зиндагии мардумро боз ҳам осудаву обод гардониданд. Аз ин ҳама пешравиҳо халқи тоҷик сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлату ҳукумат, ҳамчунин, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар беш аз пеш кӯшиш мекунад. Дар баробари ин Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд, ки ин бозгӯ аз маърифатпарварии Сарвари давлат мебошад.

Аз давлати аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон иқдоми бузургест дар роҳи созандагии Ватан. Кушода шудани заводу фабрикаҳои замонавӣ боиси таъмин намудани аҳолии кишвар бо ҷойи кор ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мегардад.

Маҳз дар даврони истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва Тиргон аз нав эҳё гардида, Наврӯзи оламафрӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуд.

Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҷавонони моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзанд, содиқона заҳмат кашанд, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошанд, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоянд. Мардуми кишварро мебояд ба овозаҳои бардуруғи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мақсади пиёда намудани ғаразҳои сиёсии баъзе давлатҳои абарқудратро доранд, дода нашуда , дар атрофи Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоии давлати хеш ҳамеша дар талош бошанд. Ба соҳаҳои тандурустию маориф аҳамияти ҷиддӣ дода, дар руҳияи ватандустӣ тарбия намудани насли наврас саҳмгузор бошанд.

Миллати мо миллати тавоност ва дар даҳсолаҳои охир бори дигар исбот намуд, ки миллати созандааст, на сӯзанда!

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. –шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


13.04.2021     287
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php