АБӮМАНСУРИ ҲИРАВӢ ДОРУШИНОСИ МАЪРУФИ ЗАМОНИ СОМОНИЁН

Абӯмансур ибни Алӣ Ҳиравии Азҳарӣ машҳур бо лақаби Муваффақи Ҳиравӣ яке аз табибон ва дорушиносони нимаи дуюми асри X буда, дар замони ҳукумати давлати абарқудрати тоҷикон – Сомониён умр ба сар бурдааст. Вобаста ба фаъолияту тадқиқотҳои нодири дорушиносии ӯ олимони шинохтаи тоҷик Нуралиев Ю ва Додалишоев Ҷ. дар китобашон “ Гиёҳномаи Абӯмансури Ҳиравӣ” (1989) маълумоти саҳеҳ пешниҳод намудаанд. Баъдтар олимони тоҷик Ҳусейнов К ва Нуриён А.Р. низ дар тадқиқотҳои илмиашон аз ин олими нотакрори қарни X ёдоварӣ намудаанд. Дар як фишурдаи мақола ҷой додани тадқиқоти арзишманди ин олими нотакрор гарчанде ғайриимкон бошад ҳам, муаллифон дар такя ба олимони дигари дар боло зикргардида чанд суханеро барои хонанда илова менамоянд. Абӯмансури Ҳиравӣ аввалин олиме буд, ки зиёда аз 595 навъи доруҳоро дар осораш ҷой дода , дараҷаи таъсирнокии онҳо ба таври мушаххас муайян намуд. Китоби ӯ бо номи “ал-Абния - ан ҳақоиқ –ул--адвия” машҳур буда, дар таърихи тиб “Доруномаи Абӯмансур” низ ном бурда мешавад. Китоби мазкур ба амири сомонӣ Мансури 1 бахшида шуда буд. Дар китоб дар бораи сифат ва ҳақиқати доруворӣ ба таври равшан нишон дода шудааст. Абӯмансури Ҳиравӣ бештар бо усули табобати табибони ҳиндустонӣ такя мекард. Ин масъаларо олимони шинохтаи тоҷик Нуралиев Ю ва Додалишоев Ҷ аз гуфтаи худи Абӯмансури Ҳиравӣ дар китобашон чунин иқтибос овардаанд: “Индийские целители весьма благочестивы, и я решил следовать по их пути...” Абӯмансури Ҳиравӣ характеристикаи 584 намуди маҳсулоти хоми дорувориро шарҳи дода, 49 фоизи пайдоиши онҳоро аз наботот, 12,6 фоиз аз минералҳо ва 7,7 фоизи онҳоро аз ҳайвонот муайян намудааст.Ҳусейнов К. низ фаъолияти дорушиносии Абӯмансури Ҳиравиро ба риштаи тадқиқ кашида, дар хулосаи кори илмиаш чунин менависад: “Абумансур Хирави изобрел методы экстракционного выделени лекарственных средств из растительного сырья, внося тем самым существенный вклад в развитие ятрохимии, основоположниками каторй были Джабир ибн Хайян и Ар-Рази” .Мавзӯро бо далелҳои болои ҷамъбаст намуда, хулоса кардан мумкин аст, ки дар аҳди салтанати Сомониён дар баробари рушди илмҳои дигар соҳаи тиб низ хеле пешрафта буда, дар баробари Абӯалӣ ибни Сино ва Абубакри Закариёи Розӣ чандин табибони дигар асарҳо офаридаанд, ки фаъолияти онҳо ба тадқиқотҳои нав эҳтиёҷ дорад.

Шуъбаи тарбия


01.02.2021     286
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php